Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавононро барои тарғиби "либоси миллӣ" ба хиёбон бароварданд


Даҳҳо ҷавони "фаъол" дар Душанбе бо баргузории аксияи “Рахна дар фарҳанг - кори душман аст”, пӯшиши сатру ҳиҷобро "моли бегона" хонданд. Дар ин чорабинӣ, ки рӯзи 13-уми август дар хиёбонҳои марказии пойтахт баргузор шуд, ҳудудан 200 ҷавон бо 200 метр матоъи либоси миллӣ ба хиёбонҳо баромада ба тарғиби пӯшидани либоси миллӣ пардохтанд. Ин ҷавонон, ки аксарияташон худро узви созмони «Созандагони Ватан» -- бахши ҷавонони ҳизби ҳокими халқии демократӣ меноманд, гуфтанд, бо ин аксияи худ пуштибониро аз сиёсати миллигароӣ дар намуди зоҳирии ҷавонон тарғиб карданд.

Дар ҳоле, ки қонунҳои Тоҷикистон баргузории намоишҳои хиёбонӣ ва раҳпаймоиҳоро манъ мекунанд, бархе созмонҳои рӯ ба ҳукумати ҷавонон барои ҳимоят аз сиёсати давлат ваё маҳкум кардани фаъолияти ҳизбу ташаккулҳои мамнӯъ дар хориҷи кишвар дар чанд соли охир намоишу эътирозҳо ташкил кардаанд. Раҳпаймоии таблиғи либоси миллӣ аз ҷониби бахши "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баргузор шуд.

Даъват ба дурӣ аз "фарҳанги бегона"

Носирҷон Саидов, муовини раҳбари Кумитаи иҷроияи Ҳизби ҳоким дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 14-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин иқдом дар се нуқтаи ин ноҳия баргузор шуд ва ҳадафаш тарғиби либосҳои миллӣ буд. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, дар ин аксия ҳамчунин 5000 нусха варақаҳои таблиғотӣ ба сокинон дастрас шудааст, ки мӯҳтавои онҳо ҳам аз байн бурдани "фарҳанги бегона", гуфта мешуд. Манзур аз гароиш ба фарҳанги бегона, аз назари мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла, дар пӯшидани либоси мазҳабии назири ҳиҷобу сатр ифода мешавад, ки хатари афзоиши ақидаҳои ифротии мазҳабиро ба бор орад.

Саидов ҳамчунин гуфт, онҳо пас аз баргузории аксия, чорабинии фарҳангиро дар толори "Амфитеатр"-и пойтахт баргузор карданд ва қисме аз ин матоъҳоро барои оро додани саҳна ва қисми дигарро ба хонаводаҳои камбизоат тақдим намуданд.

Роҳандозии ин иқдом аз сӯи созмони ноҳиявии «Созандагони Ватан» -- бахши ҷавонони ҳизби ҳоким дар ҳолест, ки дар ин авохир маъракаи густурда алайҳи либосҳои "барои фарҳанги мардуми тоҷик бегона”, ки мақомот онро "корҳои фаҳмондадиҳӣ” ном мебаранд, бештар мушоҳида мешавад.

Дар ҷараёни ин чорабиниҳо, занону духтарони сатрпӯшро дар кӯчаву бозорҳо ва дар даромадгоҳҳои беморхонаҳо манъ карда ва даъват мекунанд, ки рӯймоли худро бо шеваи "тоҷикӣ” банданд. Шоҳидон ҳам мегӯянд, занонеро, ки рӯймоли калон ё ҳиҷоб доранд, рӯйхат низ мекунанд ва ному насаб ва нишонии онҳоро навишта мегиранд.

Ҷумъахон Ҷӯрахонзод, яке аз иштирокчиёни ин чорабинӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин аксия махсус барои таблиғи либоси миллӣ роҳандозӣ шуд ва ӯ ҳамчун як ҷавон, “барои тинҷию оромии Ватан ба ҳама кор тайёр аст”. Ташаббускорони ин иқдом бовар доранд, ки чорабинии мазкур, ки «Рахна дар фарҳанг - кори душман аст» номгузорӣ шудааст аз сӯи ҷавонони дигар ҷонибдорӣ хоҳад шуд.

Дар солҳои ахир гурӯҳе аз ҷавонон ва донишҷӯёни “фаъол” аз ҳар гуна тасмимҳои ҳукумат ҷонибдорӣ мекунанд. Аксар вақт аз нерӯи ҷавонон дар маъракаҳои сиёсӣ бештар истифода мешавад. Аксияи ҷавонон пайрави "Пешвои миллат" ва ё нашри пайдарпайи муроҷиатномаву изҳорот аз номи садҳо ҷавон дар расонаҳои Тоҷикистон ва он ҳам дар остонаи интихоботҳои гузашта намунае аз онҳост.

Бо ишора ба ин “таҷрубаҳо”, таҳлилгарон баргузории чунин иқдому роҳпаймоиҳоро аз сӯи садҳо ҷавонро як амри сунъӣ ва сохта, арзёбӣ мекунанд. Саидэҳсони Ҷалолиён, хабарнигори ҷавон мегӯяд, таблиғи фарҳангу либоси миллӣ кори ҷавонон набуда, бояд ниҳодҳои марбута дар ин маврид даст ба кор шавад. Ӯ аз он нигаронӣ мекунад, ки ҷавонон ба ҷои таҳсил ва илмомӯзӣ, вазифаи дигаронро иҷро мекунанд. Вай мегӯяд, кишваре, ки ояндааш аз ҷавонон вобаста аст, набояд вақти худро сарфи чунин чорабиниҳо кунанд.

"Онҳо, ки ҳоло фурсати аз худ кардани ҳунар ва ё омӯхтани забонҳои хориҷиро доранд, пас беҳтар ба ин чизҳо вақти худро сарф кунанд. Аз тарафи дигар, тарғиби либоси миллӣ аз сӯи ҷавонон мантиқӣ нест, зеро онҳо худ ба омӯзиш ниёз доранд, на ба омӯзонидани каси дигар",-афзуд Саидэҳсон.

Тақрибан 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва тақрибан ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ -- чӣ ҳизби ҳоким ва чӣ мухолифин - барои ҷалби тарафдорон аз ҳисоби ин қишр, талоши зиёд ба харҷ медиҳанд.

XS
SM
MD
LG