Пайвандҳои дастрасӣ

Диданиҳо аз як рӯзи равуо дар гузаргоҳи "Сарбанд"-и обанбори Фарҳод


Марзи Тоҷикистон ва Узбакистон дар ноҳияи Спитамен.

Гузаргоҳи "Сарбанд", ки дар паҳлӯи обанбори Фарҳод ҷойгир аст, яке аз 10 нуқтаи убуру мурури шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон мебошад. Аз ин гузаргоҳ сокинони деҳоти наздимарзӣ бемамоният гузар мекунанд.

Рӯзи якшанбеи 11-уми март ҳам гузаргоҳ боз буд. Аксар сокиноне, ки дар ин қаламрав ҳаракат мекарданд, сокинони ноҳияҳои наздимарзии Спитамени Тоҷикистону ва Бекободи Узбекистон буданд. Сокинони ноҳияҳои дигар ҳанӯз иҷозати гузар надоранд ва онҳо бояд мунтазир шаванд, ки созишномаи убуру мурури бидуни виза ба кор дарояд.

Гузаргоҳи сарҳадии "Сарбанд" дар тахминан 60-километрии Хуҷанд ва дар байни ноҳияҳои Спитамени вилояти Суғд ва Бекободи вилояти Тошканд воқеъ аст.

Ин созишнома рӯзи 9-уми март дар Душанбе дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев имзо шуд ва акнун бояд порлумонҳои ду кишвар онро тасвиб намоянд. Вале ҳоло муқаррароти рафтуомади бидуни визаи панҷрӯза барои сокинони наздимарзӣ амал мекунад ва онҳо метавонанд то 30 км ба ҳудуди кишварҳои якдигар ворид шаванд.

Обанбори Фарҳод: пул таъмир шуда, посгоҳ бардошта шудааст

Обанбори Фарҳод, ки дар робита бо мақоми ҳуқуқии он ҳам созишномае имзо шудааст, дар тақрибан 1-километрии гузаргоҳи “Сарбанд” ҷойгир аст. Пули болои он ба гузаргоҳи сарҳадӣ мебарад. Ин обанбор ва нерӯгоҳи барқи обии "Фарҳод” солҳои 1950-ум дар ҳудуди Тоҷикистон бунёд шудааст ва аз иншооти стратегӣ ва аз баҳсҳои умдаи марзӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон маҳсуб меёфт. Ҳазорҳо гектар замини Узбекистон аз захираи оби ин обанбор обёрӣ шуда, саноати вилояти Тошкандро бо об ва нерӯи барқ таъмин мекунад.

Атрофи обанбори “Фарҳод” ва сарбанди он то соли 2002 аз ҷониби Узбекистон идора мешуд. Дар он сол постгоҳи маъруф ба "Платина”, сарбанд ва роҳи болои он ба Тоҷикистон баргашт. Ин равуо миёни сокинони Мастчоҳ ва ноҳияи Спитаменро осон кард, чун қаблан сокинон мебоист 150 км роҳро тавассути Хуҷанд тай намоянд.

Билохира Тошканд ва Душанбе ба ҳалли ин мушкил даст ёфтанд. Бар пояи маълумоти расмӣ, ҷонибҳо тавофуқ карданд обанбор ва нерӯгоҳи “Фарҳод” ҷойгир дар замини Тоҷикистон дониста шавад ва назорати онро сарҳадбонҳои тоҷик бар ӯҳда бигиранд. Вале аз захираи обии он умдатан Узбекистон истифода бикунад.

Қаблан дар сари пули болои обанбор сарҳадбонҳои тоҷик посгоҳ гузошта, назорат ва ҳифозати ин иншоотро бар ӯҳда доштанд. Вале рӯзи якшанбеи 11-уми март, ки аз ин роҳ гузар кардам, посгоҳ дигар бардошта шуда, сарҳадбонҳои мусаллаҳ низ дигар ба чашм намерасиданд. Пули болои сарбанди “Фарҳод” хароб гардида, ба гуфтаи сокинони марзӣ, ба зудӣ таъмиру тармим хоҳад шуд.

Убуру мурур дар гузаргоҳи “Сарбанд”

Дар атрофи гузаргоҳи “Сарбанд” ҳам бисёр сокинон аз мувофиқаҳои баландпоя дар Душанбе интизороти зиёде доранд. Сокинон мегӯянд, умедворанд, ки дигар саддҳои маъмурии пеши роҳи онҳо барои сафар ба қаламрави кишвари ҳамсоя бардошта шуда ва вазъ оддӣ мешавад. Аксари онҳо дар он сӯи марз хешу табор доранд ва баста будани марз то ду ҳафтаи пеш, дидори онҳо бо азизонашонро мушкил мекард.

Оимбибӣ Сотимова, як сокини ноҳияи Спитамен, ки субҳи якшанбе ба сӯи гузаргоҳ мерафт, бо вуҷуди ҳавои боронӣ, табъи хуш дошт ва ҳаяҷонашро пинҳон намекард: "Дар Бекобод ду набераам ҳамроҳи модарашон зиндагӣ доранд. Ба дидани онҳо меравам. Онҳо пеш фақат вақти таътил ду-се рӯз дидорбинӣ меомаданд. Чунки гузаргоҳ кушода набуд ва рафтуомад душвор буд."

Гулчеҳра, як сокини Бекободи Узбекистон ҳамроҳи арӯси писараш - Мунаварра дар даст шиноснома аз хати сарҳад гузаштанд. Онҳо барои дидани хоҳари Гулчеҳра, ки дар ноҳияи Спитамен зиндагӣ мекунад, омадаанд. Вай гуфт, ки аз сарҳад бисёр ба осонӣ гузаштанд. Гулчеҳра афзуд, ки аз ҳамкориҳои байни ду кишвар бисёр хурсанданд ва умедворӣ кард, ки равобит миёни ду кишвар боз ҳам мустаҳкамтар шавад.

Рӯзи якшанбе ҷараёни убуру мурур аз марз зиёд фаъол набуд, вале ҳар касе мегузашт, дар даст тӯҳфаву савғое дошт. Як модару духтар ба хешони тоҷикистонии худ ниҳол ҳадя овардаанд. Достона Ҳобилова, сокини ноҳияи Бекободи вилояти Тошканд баъди ворид шудан ба хоки Тоҷикистон гуфт: "Мо аслан ба бозори ноҳияи шаҳраки Нов омадем. Ба хешони худ ниҳоли бодом ҳадя овардем. Дар боғашон мешинонанд ва моро ёд мекунанд."

"Нагузоштанд аз хати марз гузарем"

Дар миёни онҳое, ки дар хати гузаргоҳ ноумед истода буданд, гурӯҳи сокинони вилояти Суғд буданд. Бо боварӣ ин, ки низоми виза пурра бардошта шудааст, субҳи якшанбе ба гузаргоҳ омаданд, вале ба онҳо марзбонҳо гуфтанд, ки ҳанӯз муқаррароти нав ба иҷро надаромадааст. Созишнома бояд аз ҷониби ҳарду кишвар тасмиёти марбут ба ратификатсияро гузарад. Гулшан Иноятов, як сокини шаҳри Бӯстон (Чкаловски собиқ) умедвор буд, ки аз гузаргоҳи “Сарбанд” гузашта ба Самарқанд меравад.

Гулшан Иноятов гуфт: "Мо ба Самарқанд ба дидани амакбачаҳои худ рафтанӣ ҳастем. Бори охир 20 сол пеш дидор доштем. Мо рӯзи гузашта ба онҳо занг задем, ки имрӯз ба сафар баромадем. Гуфтанд, ки чашм ба роҳи мо ҳастанд, ҳамин, ки аз сарҳад гузаштем, огоҳашон кунем. Аммо ин ҷо дар дидбонгоҳи сарҳадии худамон иҷозаи гузаштан надоданд. Гуфтанд, ки занг занем, сарҳад барои ҳама боз шавад, хабар медиҳанд, баъд мегузарем."

Мисли ин ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ, чанд сокини Хуҷанд ва наздимарзӣ низ бо нияти сафари Узбекистон ба гузаргоҳи "Сарбанд" омада, пас гаштанд.

"Бо шиносномаи сурх иҷозати гузаштан медиҳанд, бо шиносномаи пластикӣ - не."

Шиносномаи нави пластикӣ ё корт наметавонад ҳамчун санади иҷозатдиҳандаи убури хати марз бо Узбекистон пазируфта шавад. Марзбонҳо шиносномаҳои навъи пешини сурхро талаб мекунанд, ки паспорти дохилӣ ҳисоб шуда, варақ барои қайди убури марз дорад. Дар корти пластикӣ ё шинономаи дохилӣ чунин қайдро анҷом додан имкон надорад.

Нилуфар Абдуллоева, сокини ноҳияи Спитамен гуфт: "Бо шиносномаи сурх сарҳадбонҳои узбек маро иҷозаи гузаштан доданд. Аммо шиносномаи дугонаам, ки пластикӣ аст, раҳ надоданд. Мо Бекобод ба дидани хешу табор рафтанӣ будем. Дугонаамро, ки гузаштан намонданд, ман ҳам пас гаштам."

Масъулони дидбонгоҳи сарҳадии "Сарбанд" дар сӯҳбати бидуни навор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳанӯз дастур ва муқаррароти кушодани дарвозаҳои сарҳад барои гузари тамоми шаҳрвандонро нагирифтаанд ва бо гирифтани дастур, гузаргоҳ бар рӯи ҳамаи сокинон боз хоҳад шуд. Ҳамчунин ба гуфтаи онҳо, мушкили қабули шиносномаи пластикии шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар ҳоли баррасист ва умедворанд ба зудӣ ин мушкил низ рафъ мешавад ва сокинони дорои шиносномаҳои пластикӣ низ иҷозаи сафари озодона ва бемамониат ба Узбекистонро хоҳад дошт.

Гузаргоҳи сарҳадии "Сарбанд", воқеъ дар тахминан 60-километрии Хуҷанд байни ноҳияҳои Спитамени вилояти Суғд ва Бекободи вилояти Тошканд аз соати 8-и субҳ то 7 шом боз аст. Роҳ ба ин гузаргоҳ аз болои сарбанди обанбори Фарҳод мегузарад, ки захираи обии онро умдатан Узбекистон истифода мекунад. Қаблан роҳ бар фарози сарбандро сарҳадбонҳои тоҷик нигаҳбонӣ ва аз равуои нақлиёт назорат мекарданд. Вале рӯзи 11-уми март сарҳадбонҳо гаштугузор надоштанд ва роҳ суи гузаргоҳи марзӣ комилан боз буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG