Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсии зиддифасод ҳизбу созмонҳоро ҳам тафтиш мекунад


Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон салоҳияти санҷиши кори дафтари созмонҳои байналмилалӣ, ташкилоти ғайридавлатӣ ва ҳизбҳои сиёсиро ба даст овард. Ин амр дар пайи ворид шудани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” дар охири моҳи майи имсол имконпазир шуд.

"Онҳоеро тафтиш кунанд, ки аз буҷа пул мегиарнд"

Дар миёни мақомоти нозир изофа шудани Оҷонсии мубориза бо коррупсия фаъолияти созмонҳои ғайридавлатиро душвор мекунад ва шояд бисёре аз ин созмонҳо барҳам хӯранд.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон рӯзи 14-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Оҷонсии зиддифасод бояд бештар кори идораҳоеро тафтиш кунад, ки аз буҷаи давлат маблағ ба даст меоранд.

Ӯ гуфт, “на созмонҳои байналмилалӣ ва на ташкилоти ғайридавлатӣ аз будҷаи давлат вобаста нестанд. Дигар инки яке аз ҷонибҳои коррупсия ин бояд шахси ваколатдори давлатӣ ё мансабдор бошад, ки аз имзо ва ё иродаи вай ҳалли ин ё он масъала вобастагӣ дорад. Ин яке аз роҳҳои навбатии маҳдуд кардани фаъолияти ташкилоти ғайридавлатӣ ва ба хусус созмони байналмилалӣ мебошад.”

Маҳдудияти нав дар кори созмонҳои ғайридавлатӣ?

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Ҳакимов афзуд, агар созмонҳои ғайридавлатӣ аз буҷаи давлат ба хотири иҷрои тарҳе маблағ дарёфт карда бошанд, дар он сурат тафтиши мақомот мантиқӣ мебуд. Дар ғайри сурат, ба таъкиди ӯ, ин як фишанги навбатии зери назорат қарор додани фаъолияти созмонҳои ғайридавлатист, ки дар таҷрибаи кишварҳои худкома истифода мешавад.

Зимнан дар ду соли охир ин барои бори дувум аст, ки талаботи қонунгузории Тоҷикистон дар қиболи созмонҳои ғайридавлатӣ шадидтар карда мешавад. Дар соли 2015 дар Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки тибқи он созмонҳои ғайридавлатӣ муваззаф шуданд, қабл аз гирифтани грант аз созмонҳои хориҷӣ ҳаҷм ва ба кадом мақсад масраф шудани онро дар феҳристи вижаи Вазорати адлия сабти ном кунанд.

"Шояд бисёре аз созмонҳо барҳам хӯранд"

Рустами Шоҳмурод
Рустами Шоҳмурод

Рустами Шоҳмурод, вазири адлия дар шарҳи зарурати ин тағйирот дар порлумон гуфта буд, “ҳадафи он таъмини амнияти кишвар” ва шафоф сохтани кори созмонҳои ғайридавлатӣ аст. Вазир гуфт, танҳо дар соли 2014 созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон аз ташкилоти кумакрасони хориҷӣ 4,5 миллиард сомонӣ кумак дарёфт кардаанд.

Меҳрубон Орифӣ, масъули яке аз созмонҳои ғайридавлатӣ, ки ахиран корашро қатъ кардааст, гуфт, тафтиши мақомот дар созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ тайи чанд соли охир бе ин ҳам зиёд шуда буд. “Дар миёни мақомоти нозир изофа шудани Оҷонсии мубориза бо коррупсия фаъолияти созмонҳои ғайридавлатиро бисёр душвор мекунад ва шояд бисёре аз ин созмонҳо барҳам хӯранд”, - афзуд ӯ.

"Агар ҳама чиз шаффоф бошад..."

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

То кунун Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон аз салоҳияти тафтиши дахлу харҷ ва умури корбарии идораҳои давлатӣ ва дурустии масрафи пулҳои буҷа бархурдор буд. Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, мегӯяд, вазифаи асосии давлат таъмини амният аст ва созмонҳои ғайридавлатӣ ва аз ҷумла ҳизбҳо низ бояд зери назари давлат бошанд.

Ӯ гуфт, “агар ҳизбе дар зери таъсири омилҳои беруна қарор бигирад, нерӯҳои сиёсие дар дохил ва беруни давлат ҳастанд, ки метавонанд ба оромиву суботи ҷомеа халал ворид кунанд. Хусусан дар раванди маъракаи интихобот. Ба фикрам, агар ҳама чиз шаффоф бошад, тафтиш кардани фаъолияти ҳизб ҷойи ташвиш надорад”.

Тоҷикистон ва даҳ соли Оҷонсии мубориза бо фасод

Тоҷикистон дар соли 2007 ба хотири тақвияти мубориза бо фасод Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасодро ташкил дод.

Усмонзода афзуд, шахсан худи ӯ ва аъзои Ҳизби демократи Тоҷикистон аз баргузор шудани чунин тафтишҳо ташвише надоранд, чунки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла бахши молиявии он шаффофу рӯшан аст.

Тоҷикистон дар соли 2007 ба хотири тақвияти мубориза бо фасод Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасодро ташкил дод. Аммо ҳанӯз Тоҷикистон дар шохиси ришвахории созмони Шаффофияти Байналмилалӣ дар мақоми 152-ум ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад ва ба гуфтаи ин созмон далелҳо нишон медиҳанд, ки “ришвахорӣ васеъ паҳн шудааст ва дар тамоми сатҳҳои ҷомеа вуҷуд дорад”.

XS
SM
MD
LG