Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се медали паҳлавонони тоҷик дар Ҳолланд


Давлатшо Бачабеков ба ҳангоми набард (Бачабеков аз чап)
Давлатшо Бачабеков ба ҳангоми набард (Бачабеков аз чап)

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо байни собиқадорон дар Ҳолланд се медал ба даст оварданд.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо байни собиқадорон, ки рӯзҳои 21-24 сентябр дар шаҳри Амстердами Ҳолланд баргузор шуд, як медали нуқра ва ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Мусобиқа байни мардону занон бо ширкати 788 варзишгари аз 30-сола боло аз 68 кишвар аз рӯи 7 дараҷаи вазнҳо ва мувофиқи синну сол дар 9 гурӯҳ сурат гирифт.

Тоҷикистонро чаҳор нафар – Давлатшо Бачабеков, Хайрулло Назриев, Мирзо Абдуллоев ва Бозоралӣ Маҳмудов – намояндагӣ карданд.

Давлатшо Бачабеков дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кило дар гурӯҳи собиқадорони синашон 50-54-сола бо медали нуқра сарфароз гашт. Вай баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Олмону Испания, дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Ҳендрик Коппеи ҳолландӣ мағлуб шуд ва мақоми дувумро касб кард. Дар ин гурӯҳ ҳамагӣ 12 нафар ширкат дошт.

Мирзо Абдуллоев дар гурӯҳи гуштигирони синнашон аз 40 то 44-сола дар рақобатҳо дар вазни зери 100 кило соҳиби медали биринҷӣ гардид. Вай дар даври муқаддамотӣ аз Рой Поелси ҳолландӣ мағлуб шуд. Вале ӯ баъдан дар ду қувваозмоӣ бар рақибонаш аз Фаронса ва Испания ғолиб омад ва сипас, барои ҷойи севум бар Шеридан Симмонд аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ғалаба кард. Дар ин вазн Магомед Малсагови русиягӣ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Абдулҳафид Хияр аз Фаронса дастболо шуд ва мақоми аввалро касб кард. Сабқати ин гурӯҳ бо ширкати 18 нафар баргузор шуд.

Хайрулло Назриев дар гурӯҳи собиқадорони синашон 50-54-сола дар вазни зери 100 кило барандаи медали биринҷӣ гардид. Ӯ нахуст бар рақибаш аз Италия ғолиб омад, вале баъдан аз намояндаи Фаронса шикаст хӯрд. Сипас паҳлавони тоҷик ду нафари дигарро аз Бритониёи Кабир ва Фаронса мағлуб карда, барои ҷойи севум Кристофе Канивети фаронсавиро шикаст дод.

Вале Бозоралӣ Маҳмудов дар гурӯҳи собиқадорони синашон 50-54-сола дар вазни зери 100 кило дар аввалин қувваозмоияш аз Фабрисио Маркаккии итолиёвӣ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал бенасиб монд. Дар ин вазн ва дар ин гурӯҳ Александр Рассказов (Русия), ки Виллям Лакомбеи фаронсавиро шикаст дод, қаҳрамон шуд. Дар ин гурӯҳ 23 нафар барои медалҳо мубориза бурданд.

XS
SM
MD
LG