Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳи дигар ба ҳамлаи хунини 26 сол пеш дар марзи Тоҷикистон


Абдушафеъ Тоҷов ҳоло бознишаста аст.
Абдушафеъ Тоҷов ҳоло бознишаста аст.

Як афсари бознишастаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон пас аз 26 сол ҳодисаи ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадии 12-ум дар марзи Афғонистонро китобат кардааст. Навиштаҳои ӯ ҳамчун шоҳид ва ширкаткунандаи воқеа бисёре аз арзёбиҳои гузаштаро инкор мекунад.

Китоби Абдушафеъ Тоҷов бо номи “Дидбонгоҳи 12” аз сесад саҳифа иборат буда, дар арафаи чоп аст. Муаллиф мегӯяд, барои ҷамъоварии мавод ва навиштани он ду сол кор кард.

13-уми июли соли 1993 ба дидбонгоҳи сарҳадии 12-уми неруҳои Русия, дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ҳуҷуми маргбори гурӯҳи мусаллаҳи мухолифи давлати Тоҷикистон сурат гирифт. Задухӯрд 11 соат давом кард ва 25 сарбозу афсаре, ки дар қисми марзбонии вобаста ба русҳо хидмат мекарданд, кушта шуданд.

Ин ҳодиса, ки як сол баъд аз шурӯи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон сар зад ва яке аз мудҳиштарин ҳамлаҳо ба марзи кишваре буд, ки тоза мустақил шуд. Он замон қисмати зиёди марзро сарҳадбонони рус посбонӣ мекарданд. Онҳо танҳо соли 2005 марзи Тоҷикистонро тарк карданд ва сарҳадро ба ихтиёри тоҷикон доданд. Ҳанӯз бо ёдоварии ҳодисаи “Дидбонгоҳи 12” русҳо мавзӯи бозгашт ба марзро матраҳ мекунанд. Коршиносон мегӯянд, маҳз ҳамин ҳодиса сабаб шуд, ки Русия дар фикри ба созиш овардани ду ҷониби даргири ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шуд.

Расонаҳои Русия ҳамасола аз ин ҳодиса ба ҳайси “қаҳрамонии марзбонони рус дар марзи Тоҷикистон” ёд мекунанд. Абдушафеъ Тоҷов, мегӯяд, русҳо бисёр далелҳоро таҳриф кардаанд ва бо ёдоварии ин ҳодиса марзбонони тоҷикро ҳақир тасвир мекунанд. Радиои Озодӣ дар сӯҳбат бо ӯ аввал дар бораи ҳамла пурсид.

Абдушафеъ Тоҷов: "Дар амалиёти озод кардани “Дидбонгоҳи 12” бевосита бо гурӯҳи зери назарам иштирок доштам. Шаб дидбонгоҳ зери ҳамла қарор гирифт ва субҳ пеш аз марзбонони рус, ки барои кӯмак ба ҳамхидматонашон омада буданд, мо вориди дидбонгоҳ шудем. Як чизро ёдовар шуданиам, ки ҳамла ба “Дидбонгоҳи 12” ҳодисаи аввал набуд. Ҳамлаи ба марзбонони тоҷик ва рус аз самти Афғонистон аллакай аз моҳи марти соли 1993 оғоз шуд. То ин ҳодиса марзбонони рус ба ҳамлаҳо ба сокинон ва марзбонони тоҷик вокунише намекарданд.

Мухолифони давлат то ин ҳодиса ба деҳаи Порвор ҳамла карда буданд ва 4 нафарро куштанд. Ба дидбонгоҳи “Шахта” ҳамла карданд. Русҳо ин дидбонгоҳро тарк карда, гӯиё мавқеи бетарафиро гирифта буданд. Ҳатто афсари рус Федотов навиштааст, ки дигар мо ба назорати марз намебаромадем. Фақат рӯзи 13-уми июл вақте ба дидбонгоҳ ҳамла шуд ва мо гурӯҳи мусаллаҳ даргир будем, нисфирӯзӣ бо чархбол ҳамла карданд. Ба назар мерасид, онҳо танҳо барои гирифтани ҷасадҳо омадаанд."

Радиои Озодӣ: "Чандин филми ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ дар бораи ин ҳодиса дар Русия сохта шудааст. Низомиёни рус мегӯянд, бо гурӯҳе, ки аз он тарафи марз ворид шуд, муқобилияти шадид карданд. Аз чанд марзбони рус ба унвони қаҳрамон низ ёд мешавад. Чӣ зарурат пеш омад то шумо ҳодисаро китобат кунед?

Абдушафеъ Тоҷов: Ҳамчун афсар аввалин мақола дар ин бораро панҷ рӯз пас аз ҳодиса навиштам. Баъдан, дурӯғҳои пай дар пайи рӯзноманигорони низомии рус боис шуд, ки мавзӯро ҷиддитар пайгирӣ кунам. Китоби “Пянджский рубеж” ва мақолаҳои маҷаллаи марзбонии Русияро хондам, ки он ҷо аз марзбонони рус қаҳрамон метарошанд. Саҳми тоҷикон дар посбонии марзро нодида гирифтаанд. Аз ин навиштаҳо дар китобам иқтибос овардаам. Чизе, ки навиштам, бар асоси дидаҳои худам ва шоҳидони бевоситаи дигар аст. Қаҳрамонҳои китоби ман бофта нестанд, балки сарбозону афсароне ҳастанд, ки вазифаи худро иҷро кардаанд.

Радиои Озодӣ: Эроди шумо ба гуфтаҳо ва навиштаҳои афсарони рус чӣ ҳаст?

Абдушафеъ Тоҷов: "Дар китоби “Пянджский рубеж” як бобе бо номи “Чӣ гуна ҳодиса таърихӣ шуд”, ки бо мақолаи “Дидбонгоҳи сӯхта”-и Александр Федотов оғоз шудааст, таҳриф вуҷуд дорад. Дар ин бахш навишта шудааст, ки гӯиё тоҷикон ба марзбонони рус ҳеҷ кӯмаке накарданд ва дар наҷоти онҳо ширкат надоштаанд. Дуюм менависанд, ки аҳолии деҳаи Сари Ғор аз ҳамла огоҳӣ доштанд ва чанд рӯз пеш деҳаро тарк карданд. Ин ба маъное гуфта шудааст, ки гуиё тоҷикон медонистанду русҳоро огоҳ накарданд.

Дар ҳоле, ки дар наворҳои худи русҳо ҳангоми фуруд омадани чархбол барои ёрӣ дида мешавад, ки 160 нафар сокини деҳаро мо аз асорати гурӯҳи ҳамлагар озод кардем. Ҳамлагарон аҳолии деҳаро низ асир гирифтанд. Дар китоб ин ҳодиса инкор шудааст. 18 сарбозу афсари русро бо раҳбарии лейтенанти калон Андрей Мерзликин (генерал-майор ва қаҳрамони Русия) мо аз ҷойи ҳодиса берун кардем ва тариқи автомашинаи низомии рақамаш 0016, ронандааш Раҳмоналӣ Аюбов то назди чархболҳо овардем.

Худамон пас гаштем ва таъқиби гурӯҳро, ки қисман дар Тоҷикистон буданд, идома додем. Ҷасадҳоро низ аз он ҷо мо берун кардем. Таърихро набояд таҳриф кард ва танҳо ба як миллат бартарият дод. Ҳатто тоҷиконе, ки дар сафи русҳо дар дидбонгоҳ хидмат ва ҷонфидоӣ карданд, дуруст қадрдонӣ намешаванд. Дар маҷмӯъ дар тасвири ҳодиса бартарият ба як миллат, нодида гирифтани дигар миллатҳо ба назар мерасад. Бо ин васила мехоҳанд нишон бидиҳанд, ки тоҷикон бе мо ҳеҷанд."

Радиои Озодӣ: Рӯзи ҳодиса шумо куҷо будед ва чӣ гуна аз он хабар ёфтед?

Абдушафеъ Тоҷов: "Дар деҳаи Сари Ғор рӯзи 12-уми июл мардум асал мегирифтанд. Як корманди ҳукумат он ҷо рафта буд. Гурӯҳ пеш аз ҳамла ба дидбонгоҳ ба ин деҳа ҳуҷум мекунад. мардумро асир мегирад. Исмон Ғаниев, корманди ҳукуматро, ки муқобилият нишон дода буд, дар ҳамон ҷо мекушанд. Баъдан, сокинонро ба дараи Ширрӯған меоранд ва деҳаро холӣ мекунанд. Мадаюб Расулов ном сокин бо ду нафари дигар аз дасти гурӯҳ фирор мекунанд. Ин се нафар аз ҳамла ба мо хабар доданд ва мо ҳамон лаҳза русҳоро огоҳ кардем. Худамон фавран ба ҷойи ҳодиса ҳаракат кардем.

Радиои Озодӣ: Чаро марзбонони рус аз ин ҳодиса дер хабардор шуданд?

Абдушафеъ Тоҷов: "Ман аз таҳлилу далелҳо ба хулосае расидам, ки онҳо аз ҳама чиз хабар доштанд. Ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи мухолифон ба қисмҳои ҳарбӣ ва деҳаҳои наздимарзӣ чаҳор моҳ давом дошт. Онҳо дар ғору кӯҳҳои касногузари Шӯрообод пинҳон буданд ва зуд-зуд ҳамла мекарданд. Русҳо инро хуб медонистанд, ки хатар вуҷуд дорад ва дар ин минтақаи марзӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифон ҷанг ҷараён дорад. Гурӯҳи иктишофии мо ва баъдан, дарёфтам аз русҳо низ аз омодагии гурӯҳе дар он сӯйи марз барои як ҳамлаи хунин хабар доштанд. Ҳанӯз бароям муаммо аст, ки чаро хатарро ҷиддӣ нагирифтанд ва бо назардошти мавқеи дидбонгоҳ атрофи онро бо неруҳои иловагӣ тақвият надоданд. (Дидбонгоҳ дар пастӣ ва ҷои тиррас қарор дорад). Русҳое, ки дар ин ҳодиса мустақим ё ғайримустақим ширкат доштанд, бо баландтарин унвону рутбаҳо сарфароз шуданд ва ҳанӯз онҳо “гули сари сабад”-и маҳфилҳои ватанпарварии барномаҳои таблиғотии русҳо ҳастанд.

Радиои Озодӣ: Ҷониби Русия руйхати фавтидагонро нашр карда буд ва дар филмҳо низ зикр мешавад, ки аксари кушташудагон рустаборон ҳастанд, ки муқобилияти шадид карданд?

Абдушафеъ Тоҷов: "Бубинед, ки гурӯҳ соати 12-и шаб ба дидбонгоҳ ҳамлаи ғофилгирона кард. Аксари кушташудагон то ҷое маълум кардам, фурсати муқовимат карданро надоштанд."

Радиои Озодӣ: "Дар бораи теъдоди ҳамлагарон низ омори дақиқе вуҷуд надорад. Русҳо аз 200 то 400 нафар мегӯянд. Соли 2011 яке аз мухолифони давлат ба ман гуфт, ки дар амалиёт ширкат дошт ва онҳо 40 нафар буданд. Ба андешаи шумо ҳамлагарон чанд нафар буданд?

Абдушафеъ Тоҷов: "Ба маълумоти мо теъдоди ҳамлагарон он шаб 100 нафарро ташкил медод. Албатта, на ҳамаи ин сад нафар ба дидбонгоҳ ҳамла карданд. Қисме аз онҳо сокинонро асир гирифтанд ва атрофи дидбонгоҳ қарор доштанд. "

Радиои Озодӣ: Дар китобе, ки шумо аз он ном гирифтед, муаллифони рус навиштаанд, даҳҳо ҳамлагар кушта шуд ва ҷасадҳо болои ҳам хобида буданд.

Абдушафеъ Тоҷов: "Ин ҳақиқат надорад. Дар задухӯрд аз тарафи гурӯҳи мухолиф ҳамагӣ ду кас кушта шуд. Як нафар берун аз ҷойи ҳодиса, ки сокинони деҳаро асир гирифта буданд, кушта шуд. Дигар тамом. Дар он китоб тавре тасвир шудааст, ки гуё ҳангоми задухӯрд ҳамлаварон пайи ҳам мемурданд, вале бинобар теъдоди зиёд русҳо талафот доданд. Ин навишта ҳам, ки гуё гурӯҳи мусаллаҳи мухолиф ҳамон шаб ба Афғонистон пас гаштанд, дуруст нест. Чун вақте мо барои берун кардани ҷасадҳо мерафтем, аз дуртар ва аз хоки Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор гирифтем. Яъне, то рӯзи 14-уми июл онҳо дар ҳамон мавзеъ буданд. Рӯзи 14-уми июл бо кӯмаки мо ҷасади сарбозону афсарони рус берун карда шуд. Онҳо тамоми амволи дидбонгоҳро бо худ бурда буданд ва дидбонгоҳро оташ заданд."

Радиои Озодӣ: "То ҳанӯз ҳамла ба дидбонгоҳро кори дасти Абдураҳим Каримов, маъруф бо номи Мулло Абдураҳим, як фармондеҳи нерӯҳои мухолифин, медонистанд. Далеле дар ин бора вуҷуд дошт?

Абдушафеъ Тоҷов: "Гурӯҳи иктишофии мо дақиқ иттилоъ дошт, ки раҳбарии гурӯҳро дар он сӯи марз Мулло Абдураҳим ба ӯҳда дорад. Шахсан, далели қавие пайдо накардам, ки ширкати ӯро исбот кунам. Худи ӯ низ гапҳое мегӯяд, ки худашро инкор мекунад. Дар сӯҳбат бо президент дар соли 2013 гирист ва гуфт, ки ҳамла кори дасти ӯ буд, яъне эътироф кард, ки ҳамла зери раҳбарии ӯ анҷом шудааст. Лекин дар соли 2014 дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” гуфт, ки дар ҳамла набуд ва он замон дар Покистон қарор дошт. Султон Ҳамад, ки дар Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин мақом дошт, гуфтаи ӯро тасдиқ кард, ки воқеан Мулло Абдураҳим он шабу рӯз дар дигар ҷой буд. Аммо далел доштем, ки дар ҳамлаҳои моҳи марту апрел, гурӯҳ бевосита зери раҳбарии ӯ амал мекард."

Шарҳи ҳол: Абдушафеъ Тоҷов, майори бознишастаи марзбонӣ 65 сол дорад. Соли 1985 факултети филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, собиқ ба номи Ленинро хатм кардааст. Дар сафи артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар Гурҷистон хидмат кардааст. Як муддат дар рӯзномаи “Кулябская Правда” ба ҳайси хабарнигор кор кард. Соли 1992 ба хидмати марзбонӣ ҷалб шуд. Дар бахши истихбороти марзбонӣ дар ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистон кор кардааст. 13-уми июли соли 1993 замоне мухолифон ба дидбонгоҳи 12-уми марбут ба марзбонони рус дар ноҳияи собиқ Шӯрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) ҳамла карданд, ӯ аз ҷониби марзбонони тоҷик дар амалиёт ширкат дошт. Соли 2006 пас аз маъюб шудан дар як амалиёт бознишаста шуд.

XS
SM
MD
LG