Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вива еста Фидел!" Ҷумъахон барои Кастро ашк мерезад. ВИДЕО


Хабари марги Фидел Кастро, раҳбари пешини Куба, як сокини 79-солаи шаҳри Кӯлобро дар Тоҷикистон ғамзада кард. Ҷумъахон Назриев, ки дар миёни мардуми Кӯлоб бештар бо лақаби “Кубинетс” шинохта шудааст, ҳоло дар кунҷи ҳуҷраи хурд барои, ба қавли ӯ, “бародараш Фидел” мотам гирифтааст. Панҷ рӯзи охир аз хона берун намеравад ва кораш ҳам тамошои мотамдории сокинони Куба ба марги Фидел Кастро аз шабакаҳои мухталифи телевизионист. Фидел Кастро рӯзи 25 ноябр дар 90-солагӣ даргузашт ва, қарор аст, рӯзи 4 декабр дар шаҳри Сантияго ба хок супурда шавад.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Ҷумъахон барои Кастро ашк мерезад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:06 0:00

“Фидел намурдааст”

Ҷумъахон Назриев 24 сол дошт, ки ба хидмати артиши Шӯравӣ дар ҷазираи Куба даъват ва соли 1961 бори аввал бо раҳбари ин кишвар Фидел Кастро аз наздик шинос шуд. Ӯ мегӯяд, то миёнаи солҳои 60-ум Куба дар вазъияти ҷангӣ қарор дошт ва Шӯравӣ дар ин ҷазирае, ки аз идеологияи коммунистӣ ҳимоят мекард, ба унвони кумак низомиҳоро ба Ҳавана фиристода буд.

Ҷумъахон Назриев ҳоло дар як ошхонаи маҳаллӣ посбон аст. Ба гуфтаи дӯстонаш, пас аз пошхӯрии Шӯравӣ, “ба дарди мактубнависӣ ба Фидел Кастро” гирифтор шуд, ба умеде, ки рӯзе аз ҳазорҳо километр дур посухи номаҳои худро дарёфт мекунад.

Ҷумъахон Назриев имрӯз ҳам ба забони испанӣ сӯҳбат мекунад ва дар ғояти эҳсос мегӯяд, “Вива еста Фидел, вива Фидел! Фидел ноу еста муерто. Фидел намурдааст, Фидел бо мост. Интизори чоруми декабр ҳастам, ки рӯзи охирони мотамдорӣ ҳаст. Ҳоло дар шаҳрҳо ҷанозаи ӯро мегардонанд. Ӯ бародарам буд. Ҳарчанд, мактубҳои ман то дасташ намерасиданд, вале ӯ қуввати дилам буд.”

Охирин орзуи Ҷумъахон Назриев гирифтани посухи мактубҳояш аз Фидел Кастро буд. Орзуе, ки дигар амалӣ нашуд. Ӯ вақте марги Фидел Кастроро аз телевизион шунид, ки қасди ирсоли мактуби навбатиро ба Фидел Кастро дошт.

“Ман сарбози Шӯравӣ дар Куба будам”

Ҷумъахон Назриев худро аз он сарбозони Шӯравие медонад, ки панҷ сол, ба қавли худ “истиқлоли Кубаро аз дасти истилогарон” ҳифз кардааст. Ӯ мегӯяд, соли 1961 ба сафи артиши Шӯравӣ даъват шуд ва ӯро пас аз се рӯзи зиндагии сарбозӣ дар Маскав ҳамроҳ бо даҳҳо сарбозу афсар ба пойгоҳи тозатаъсиси Шӯравӣ ба Куба фиристоданд.

Он замон пас аз инқилоби Фидел Кастро Куба сохтори давлатдории сотсиалистиро пеша кард ва аз Шӯравӣ хост, ки ӯро бо ёрии низомӣ, аз ҷумла нерӯҳои мусаллаҳ таъмин кунанд.

Ӯ мегӯяд, дар давоми хидмат дар Куба забонҳои испаниву итолиёиро омӯхта, чандин бор ҳангоми муаррифии дастгоҳҳои ҳарбӣ миёни фармондеҳи полк ва баъдан бригада генерал-полковник Алексей Токмачев тарҷумонӣ кардааст. “Ягон мактубе, ки аз Шӯравӣ меомад, ба Фидел Кастро ё Раул Кастро тарҷума кардан даркор буд. Дар миёни онҳо Алберто ва Агусто гуфтанӣ ҳам фармондеҳони кубагӣ буданд. Фидел Кастро ҳатто номи маро медонист. Ӯ меомад ва бо сарбозони оддии Шӯравӣ сӯҳбат мекард. Мактубҳо бештар сари ин буд, ки ракетаҳои ҳарбӣ меоянд ва ё нерӯҳои бештар равон мешавад”, - гуфт ӯ.

“Занҳои зеборо дӯст медошт”

Ҷумъахон Назриев бо дӯсташ Бобо Шерматов
Ҷумъахон Назриев бо дӯсташ Бобо Шерматов

Ҷумъахон Назриев мегӯяд, Фидел Кастрое, ки ӯ мешинохт, “як инсони оддиву хоксор”, ба қавли тоҷикҳо “як бачаи деҳқон” буд, бо мардум бо забони оддӣ сӯҳбат мекард ва “мардум ҳам ӯро дӯст медошт”. Кастро соли 1961 35 сол дошт ва, ба қавли Ҷумъахон Назриев, “як марди зебо буд ва занҳои зеборо ҳам дӯст медошт”.

Даврони ҳузури артиши Шӯравӣ дар Куба иттилоъ дар бораи ҳузури сарбозон дар “ҷазираи Озодӣ” маҳдуд ва махфӣ буд, аз ин рӯ, Назриев ҳам мегӯяд, ки тамоми панҷ соли хизмат бо хонааш дар Кӯлоб дар тамос набуд. Вақте соли 1965 ба хона баргашт, барояш гуфтанд, ки дар хона ба зинда баргаштани ӯ дигар бовар надоштанд. “Андешаҳои модари беморам маро дубора ба Тоҷикистон овард, вагарна омода будам тамоми умр дар Куба зиндагӣ кунам”, - гуфт ӯ.

Вай мегӯяд, баъди онки забони испаниро ёд гирифт ва озодона муошират мекард, кам нафароне буданд, ки ӯро аз кубагиҳои маҳаллӣ фарқ кунанд. Баъди онки тоҷик, на рус буданаш маълум шуд, низомиёни кубагӣ дар сӯҳбатҳои худӣ ӯро “Кубинетс” мегуфтанд.

Бобо - ягона ҳамдами “Кубинетс”

Наздиктарин дӯсти Ҷумъахон Назриев дар Кӯлоб ҳам нафарест, ки мисли ӯ собиқаи хизмат дар ҷазираи Кубаро доштааст. Бобо Шерматов, сокини 70-солаи Кӯлоб, ки як сол пас аз Ҷумъахон Назриев ба Куба рафтааст, ҳоло аз дӯстони наздики ӯ ба шумор меравад. Бо ҳам менишинанд ва қиссаҳое аз рӯзгори хидматашон дар Куба мекунанд.

“Ҷумъахон дар вазъияти вазнин хидмат кардааст. Замоне ки онҳо буданд, дар Куба ҷанг буд. Дар замони хидмати мо вазъият оромтар шуда буд”, - мегӯяд Бобо Шерматов.

Ин ду собиқадори хизмат дар Куба бовар доранд, ки рисолати сарбозии онҳо кумак дар ҳимояи ин давлат аз ҳамлаи эҳтимолии Амрико буд. Ҷумъахон Назриев мегӯяд, барояшон мегуфтанд, ки Амрико қасд дорад, ба ин давлати рӯ ба Шӯравӣ ҳамла кунад ва бояд онҳо муҳофизи ин кишвар бошанд. “Фидел мегуфт, ки Куба на капиталистӣ ва на демократӣ мешавад. Куба давлати сотсиалистӣ мешавад. Он вақт сарбозони артиши Куба яроқи навъи Карабин доштанд. Мо бояд ин давлатро ҳимоя мекардем”, - гуфт ӯ.

Ҷумъахон чаро ба Фидел Кастро нома менавишт?

Ҷумъахон Назриев, маъруф бо лақаби "Кубинетс"
Ҷумъахон Назриев, маъруф бо лақаби "Кубинетс"

Ҷумъахон пеш аз хизмат дар артиш дар як ошхонаи Кӯлоб ба ҳайси ошпаз кор мекард ва зиндагии хубе дошт. Пас аз пошхӯрии Шӯравӣ зиндагӣ барояш мушкил шуд, нафақааш дар ҳаҷми 200 сомонӣ муқаррар гардид ва ҳоло беҳтарин хотироти зиндагиаш бо давраҳои хидмат дар Куба иртибот мегирад. Рӯзе ӯ тасмим гирифт ба Фидел Кастро нома навишта аз ӯ ёрӣ хоҳад. Мегӯяд, дар Тоҷикистон барои иштирокчиёни ҷанги Афғонистон ва ё иштирокчиёни амалиёти поксозии садамаи ҳастаии Чернобил имтиёз муқаррар шудааст, вале низомиёни хизматкарда дар Кубаро касе ёд намекунад.

Вай гуфт, дар номаҳояш аз Фидел Кастро хоҳиш кардааст, ки дар дарёфти кумак ва имтиёз мусоидат кунад. Вале ба ҳеҷ як номаи ӯ ҷавобе нарасидааст.

Ҷумъахон Назриев ҳоло дар як ошхонаи маҳаллӣ посбон аст. Ба гуфтаи дӯстонаш, пас аз пошхӯрии Шӯравӣ, “ба дарди мактубнависӣ ба Фидел Кастро” гирифтор шуд, ба умеде, ки рӯзе аз ҳазорҳо километр дур посухи номаҳои худро дарёфт мекунад.

XS
SM
MD
LG