Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболи тоҷик. Як соли бурд ва бохт (ВИДЕО)


Ҷоизаҳои ФФТ ба беҳтаринҳои соли 2015
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00

Федератсияи футболи Тоҷикистон бо баргузории як маросими бошукӯҳ, ба беҳтаринҳои мавсими соли 2015 ҷоизаҳо тақдим кард.

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар як маросим, ки рӯзи 4 декабр дар Душанбе, дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси», доир шуд, беҳтаринҳои мавсими соли 2015-ро бо ҷоизаҳо сарфароз гардонд. Дар ин маросим Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бораи натоиҷи мавсими имсола гузориш дод.

Ба тими “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ барои бори чаҳорум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гашт, медалҳои тилло супурда шуд. Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра ва тими «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб барои ҷойи севум бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Ҳайатҳои ҷавонони “Истиқлол”-и Душанбе бо медалҳои тилло, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо медалҳои нуқра ва ССКА «Помир»-и Душанбе бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Ба се дастаи беҳтарини лигаи аввал – “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор, “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд ва “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ мутаносибан медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ супурда шуд.

Дар ин маросим, инчунин ба беҳтарин футболбозону мураббиён ҷоизаҳои ФФТ тақдим гашт. Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари дастаи “Истиқлол”,бо ду ҷоиза - “Беҳтарин бозигари соли 2015” ва “Беҳтарин нишонзани мусобиқаи лигаи олӣ” (22 гол) - мукофотонида шуд. Никола Стошич (“Истиқлол”) беҳтарин дарвозабони сол ва Мубин Эргашев, сармураббии “Истиқлол”, беҳтарин мураббии сол эътироф гаштанд. Ба ғолибон аз рӯи номинатсияҳои дигар низ дар риштаҳои футбол ва футзал ҷоизаҳои ФФТ тақдим гардид.

XS
SM
MD
LG