Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"На кор мекунанд, на..." Тоҷикистон 20 ширкати шаҳрвандони Эронро баст


Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе бо дархости Кумитаи андоз беш аз 20 ширкату ҷамъияти марбут ба шаҳрвандони Эронро барҳам дод.

  • "Созмони ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон",
  • Фонди ҷамъиятии "Анҷумани донишҷӯёни эронии муқими Тоҷикистон",
  • ҷамъияти "Сунирон",
  • ширкати "Каспиантоҷ",
  • ширкати "ИрТоҷ",
  • ҷамъияти "Тиҷорати байналмилалии Форс Сомон",
  • ширкати "Обруд",
  • Ҷамъияти "Форс Тоҷ",
  • ҷамъияти "Кишткорони Исфаҳон-Хатлон" аз ҷумлаи ширкатҳое ҳастанд, ки бо қарори Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе аз нимаи моҳи октябр шаҳодатномаи ҳаққи фаъолияташон бекор карда шуд. Ин ширкату ҷамъият солҳои гуногун таъсис ёфта, аксаран ҳадафи таъсисёбии худро “ривоҷи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Эрон” унвон кардаанд.
Зиёда аз як сол инҳо кор накарданд ва соҳибонашон ҳам аксаран дар Тоҷикистон нестанд. На ҳисобот медиҳанд ва на фаъолияти соҳибкориашонро қатъ мекунанд.

"Метавонанд, шикоят кунанд"

Зебуннисо Абдуллозода, раиси Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе, рӯзи 29-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, раҳбарони ин ширкатҳо дар мурофиа ҳузур надоштанд, вале ҳанӯз ҳаққи шикоят ба зинаҳои болоии додгоҳро доранд.

“Бар асоси ду-се далел фаъолияташон барҳам дода шуд. Инҳо ширкатҳое ҳастанд, ки аксаран ба шаҳрвандони Эрон тааллуқ доранд. Ин ҳалномаҳо ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтаанд. Соҳибонашон метавонанд, ки шикоят кунанд”, - афзуд ӯ.

Ин масъули Додгоҳи иқтисодӣ дар бораи сабабҳои манъи фаъолияти ин ширкатҳо тафсилот надод. Вале як мақоми Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 29-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, беш аз як сол соҳибони ин ширкатҳо ба кумита ҳисобот надоданд.

"На кор мекунанд, на гузориш медиҳанд"

"Зиёда аз як сол инҳо кор накарданд ва соҳибонашон ҳам аксаран дар Тоҷикистон нестанд. На ҳисобот медиҳанд ва на фаъолияти соҳибкориашонро қатъ мекунанд. Аз ин рӯ, Кумита тасмим гирифт, ки барои барҳам доданашон ба Додгоҳи иқтисодӣ муроҷиат кунад", - афзуд ин масъули Кумитаи андоз.

Ин масъули Кумитаи андоз гуфт, бархе аз коршарикони ин ширкатҳо дар Тоҷикистон гуфтанд, онҳо бо “далели мушкили молӣ” кишварро тарк кардаанд, вале фаъолияташонро аз рӯйи қонун қатъ накарданд. ​Соҳибони ин ширкатҳоро низ натавонистем пайдо кунем.

То се соли пеш ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон ҷойгоҳи назаррас доштанд. Дар сохтмони муҳимтарин иншоот, ба монанди неругоҳҳои барқи обӣ ва сохтмони роҳ ширкат мекарданд ва бозори кишварро бо маҳсулоти ниёзи мардум таъмин мекарданд.

Марҳилаи мушкили ҳамкориҳо

Тоҷикистону Эрон се сол боз марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъ дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардер Бобаки Занҷонӣ ва ҳузури раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар конфронси Теҳрон ба вуҷуд омадааст.

Тоҷикистон ҳамчунин Эронро дар қатли афроди саршинос дар солҳои навадум, таблиғи мазҳаби шиаи дувоздаҳимома ва сармоягузории ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ муттаҳам кардааст. Теҳрон ин иддаоро рад мекунад.

Аз соли 2016 Тоҷикистон воридоти аксар молу маҳсулотро аз Эрон бо дарназардошти ба “талабот ҷавобгӯ набудан” манъ кард ва феълан ширкатҳои ками эронӣ дар Тоҷикистон боқӣ мондааст.

Ҷойи маҳсулоти эронӣ, ба гуфтаи коршиносон, холӣ намонд ва ҳоло онҳоро аз дигар кишварҳо ворид мекунанд. Фирдавс Пулодӣ, коршиноси масоили иқтисодӣ рӯзи 29-уми октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, пештар аз Эрон гушти мурғ, равғани палма, маҳсулоти қанодӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ворид мешуд. Ҳоло ба гуфтаи ӯ, аксари ин маҳсулот дар дохили Тоҷикистон омода мешавад ва ё аз Қазоқистон, Узбекситон, Туркия, Русия ва Чин ворид мешаванд.

Эрон нашуд, аз Узбекистону Чин ё Туркия меоранд

“Қоидаи бозор аст, ки вақте ҷойи маҳсулоти як кишвар танг мешавад, он аз дигар ҳисоб ҳатман пур мешавад. Бозор холӣ намемонад. Ҳоло гӯшти мурғу тухмро худамон истеҳсол мекунем ва ё аз кишварҳои наздиктари ҳамсоя ворид мекунем. Шакли хоми маҳсулоти сохтмониро аз Чину Туркия ворид мекунанд ва ин ҷо коркард менамоянд”, - гуфт ӯ.

Ин коршиноси тоҷик гуфт, хуб шудани муносибати Тоҷикистон бо Узбекистон вазъро беҳтар кард ва тақрибан ин кишвар аз лиҳози воридотӣ вобастагие ба Эрон надорад.

Бо вуҷуди баста шудани даҳҳо ширкати эронӣ ҳанӯз ширкатҳои муштарак фаъолият мекунанд, вале ба шакли пештар аз Эрон молу маҳсулот ворид намекунанд.

Муборакшо Холинов, раҳбари ширкати муштараки тоҷикиву эронии “Суперпласплюс”, ки ба истеҳсоли трубаҳои пластикӣ машғул аст, рӯзи 29-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дигар мисли пештар маҳсулоти омода аз Эрон ворид намекунанд. Ӯ гуфт, қаблан маҳсулоти омода аз Эрон ворид мешуд, вале ҳоло онҳо танҳо хокаро аз ин кишвар ба Тоҷикистон ворид мекунанд ва ин ҷо маҳсулот омода мекунанд. Воридоти хока ҳаҷман ва аз лиҳози арзиш ба маротиб арзонтар аст.

Коҳиши додугирифт бо Эрон

“Мо барои воридоти хока аз Эрон ҳеҷ мушкил надорем. Мо маҳсулотро дар дохили кишвар омода мекунем, ки аз ҳама ҷиҳат хуб аст. Пештар лӯлаҳои пластикӣ он ҷо омода мешуд, ки то ин ҷо омадан гаронтар меафтод”, - гуфт ӯ.

Омори се соли ахир нишон медиҳад, ки табодули молу коло миёни ду кишвар ба поинтарин сатҳ расидааст. Соли 2015 пеш аз сардии муносибот аз Эрон ба Тоҷикистон ба ҳисоби 123 миллион доллар мол ворид шудааст ва аз Тоҷикистон дар ҳаҷми 59 миллион доллар ба Эрон мол содир кардааст. Аммо дар соли 2017 дар ҳаҷми 61 миллион доллар аз ин кишвар мол ворид шудааст ва ҳамагӣ 30 миллион доллар Тоҷикистон ба Эрон мол содир кардааст, ки ин дар қиёс ба соли 2016 20 дар сад камтар будааст.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG