Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Молу маҳсулоти эронӣ аз фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон гум шуд? САДО


Бештари фурӯшгоҳҳои шаҳри Душанбе аз маҳсулоти ғизоии тавлиди Эрон холӣ шудаанд. Соҳибони ин мағозаҳо гуфтанд, ки мақомоти Тоҷикистон дигар воридоти маҳсулот аз Эронро иҷозат намедиҳанд. Дар ҳоле ки нозирон инро паёмади сард шудани равобити сиёсии миёни Тоҷикистону Эрон дар робита бо ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ арзёбӣ мекунанд, масъулини Оҷонсии «Тоҷикстандарт» мегӯянд, сабаб дар талоши ба танзим даровардани бозор ва ироаи молу маҳсулот ба сокинон аст.

Тоҷирон: "Дигар маҳсулоти эронӣ ворид намешавад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:02 0:00
Линки мустақим

Масалан, аз Эрон чанд бор чой ворид карданд, ки хокааш ниҳоят зиёд буд. Ин ба навъи пасти чой дохил мешавад
Сухангӯи "Тоҷикстандарт"

Як фурӯшандаи мағозаи маҳсулоти эронӣ дар маркази Душанбе, ки нахост номаш зикр шавад, рӯзи 13 май ба Радиои Озодӣ гуфт, давоми ду сол барои воридоти маҳсулоти эронӣ ба ин кишвар мерафт, аммо ҳоло тасмим дорад, ки мағозаашро бандад. Аз маҳсулоти эронӣ дар рафҳои мағозаи ин фурӯшанда чанд қуттӣ шир ва панир мондааст.

Ӯ гуфт, ба дунболи ҳушдори идораи “Тоҷикстандарт” аз моҳи январи имсол барои овардани бор ба Эрон нарафтааст. «Гуфтанд, ки дар қуттиҳои маҳсулот ба хатти сириллик санаи истеҳсол ва дигар иттилоъ мавҷуд нест. Мехостам дар Эрон фармоиш диҳам, ки дар рӯи қуттиҳо ба хатти сириллик ҳам маълумот нашр кунанд, вале оқибат мағозаамро маҳкам мекунам», - афзуд ин тоҷир.

Дар ҳамин ҳол, Мурод Ашӯров, сардори дафтари матбуоти Оҷонсии "Тоҷикстандарт" ба Радиои Озодӣ гуфт, ки айни ҳол аз тарафи ин ниҳод 16 муқаррароти нав барои истесҳол ва ба бозор баровардани маҳсулот таҳия шудааст. «Аз ҷумла, регламенти техникии бехатарии маҳсулоти ғизоӣ ва регламенти техникии тамғагузорӣ. Дар доираи татбиқи ҳамин қоидаҳо, аз молу маҳсулоте, ки аз Эрону Афғонистон, Покистон, Туркия, Чин ва Русия оварда мешаванд, риояи тамғагузорӣ ҷиддан талаб мегардад», - афзуд ӯ.

Ин мақоми Оҷонсии “Тоҷикстандарт” мегӯяд, санаи истеҳсол ва истеъмоли маҳсулоти воридотии Эрон ба хатти форсӣ ва солшумории худашон аст, ки “албатта, истеъмолкунандаи моро ба иштибоҳ мебарад”. Мурод Ашӯров, инчунин, гуфт, бархе аз тоҷирон ба далели арзонии нарх ба Тоҷикистон колои камсифатро низ ворид мекунанд. “Масалан, аз Эрон чанд бор чой ворид карданд, ки хокааш ниҳоят зиёд буд. Ин ба навъи пасти чой дохил мешавад”, - хулоса кард ӯ.

Равғани палма
Равғани палма

Қаблан Оҷонсии "Тоҷикстандарт" эълон кард, воридоти гӯшту пӯсти мурғро, ки аксаран аз Эрон ворид мешавад, манъ кардааст. Ба дунбол, бо далели худкифоягӣ дар пайи боло рафтани истеҳсолоти дохилӣ, воридоти тухм ва баъдан равғани палма ё нахл ҳам манъ шуд.

Ҳакими Даврон, шореҳи иқтисодии хабаргузории “Озодагон”, мегӯяд “бисёр таъкид мешавад, ки маҳдудиятҳо дар додугирифти мол миёни Тоҷикистону Эрон ангезаи сиёсӣ доранд. Тасдиқи ин гуфтаҳо мушкил аст, аммо аз нигоҳи иқтисодӣ маҳдудсозии дастҷамъӣ зараровар аст.» Ӯ афзуд, маҳдудсозии дастҷамъиву таҳрими моли як кишвар ба фоидаи бозори Тоҷикистон, буҷаи давлат, имиҷи инвеститсионӣ ва истеъмолкунандагон нест.

Ҳакими Даврон
Ҳакими Даврон

«Коҳиши рақобат имкони сӯистифода ва ба таври сунъӣ боло бурдани нархи ин ё он маҳсулотро дар бозор зиёд мекунад. Аслан аз нигоҳи иқтисодӣ давлат ҳам аз маҳдудкуниҳо дар тиҷорати байналмилалӣ зарар мебинад. Масалан, Хадамоти гумрук соли гузашта ҳамагӣ 90 дарсади нақшаро иҷро кард ва он як далели асосӣ дошт, ки он камшавии додугирифти мол миёни Тоҷикистон ва шарикони тиҷории он мебошад», - гуфт ин коршинос.

Дар гузашта Эрон ба панҷгонаи шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон ворид мешуд. Вале таърихчаи равобити миёни Тоҷикистону Эрон дар ду соли охир бештар ба сард шудани равобити ду кишвар ва эҳсоси ранҷиши Душанбе аз Теҳронро намоиш медиҳад.

Муҳиддин Кабирӣ бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ
Муҳиддин Кабирӣ бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ

Маншаи инро дар меҳмондории Муҳиддин Кабирӣ дар Теҳрон дар моҳи декабри оли 2015 медонанд, ки ду моҳ баъди мамнӯъ ва террористӣ эълон шудани Ҳизби назати исломӣ дар Тоҷикистон иттифоқ уфтод. Душанбе ин ҳизбро масъули ташкили ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода эълон ва 14 узви баландпояи раёсати ҳизбро маҳкум ба зиндон кард. Худи Кабирӣ ва ҳам тарафдоронаш ҳеҷ як аз ин иттиҳомро қабул надоранд ва бепояву асос меноманд.

Баъд аз ин, мақомот як қатор муассисаҳои собиқадори марбут ба Ҷумҳурии Исломиро бастанд, аз ҷумла бемористони муштараки Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистону Эрон ва Кумитаи Имдоди Хумайнӣ аз фаъолият монданд. Танҳо дар як ҳолат мақомоти Эрон ба ин таҳаввулот вокуниш нишон дода гуфтанд, ки хостори равобити хуб бо Тоҷикистон ҳастанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо Маҳмуди Аҳмадинажод
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо Маҳмуди Аҳмадинажод

Эрон қабл аз ин танишҳо, бахусус дар даврони раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод, ки бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон муносиботи хеле наздики дӯстона дошт, аз ҳамкорони умдаи ҳукумати Тоҷикистон ба шумор мерафт. Чанд тарҳи бузург, аз ҷумла нақби “Истиқлол” дар ағбаи Анзоб ва нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” бо сармояи Эрон сохта шудаанд.

Вобаста

XS
SM
MD
LG