Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Гулрӯ: "Духтари маро кай меоранд?"


Мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ки 13 зану кӯдаки тоҷикро аз боздоштгоҳ ва паноҳгоҳҳои Ироқу Сурия ба ватан биоранд. Ҳувияти чаҳор зан ва нӯҳ кӯдак моҳҳои охир ошкор шудааст.

  • Тоҷикистон рӯзи 25-уми апрел бо пас овардани чаҳор кӯдаки бесаробон аз Ироқ ин корро таҷриба кард.
Навиштааст, ки модар туро ҷустуҷӯ дорам ва намеёбам. Бо забони русӣ навишта буд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, ки пайвандони ин афрод барои пас овардани наздиконашон ба онҳо ва Вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат кардаанд. Ин афрод ба пайвандонашон дар Тоҷикистон мустақим ё тариқи Салиби Сурх аз макони зисти худ дар Ироқу Сурия хабар додаанд.

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

Бозпас овардани чаҳор кӯдак ба ватан чанд хонаводаро, ки наздикононашон дар ин кишварҳо дармондаанд, ба дидори дубора умедвор кардааст.

“Худо моро ба ҳамин рӯз расонад”

Сабзагул Камолова, сокини шаҳри Душанбе, ки духтар ва чаҳор наберааш дар паноҳгоҳе дар Ироқ ҳаст, рӯзи 25-уми апрел, бо шунидани хабари бозгашти чаҳор кӯдак ба Вазорати корҳои хориҷӣ ариза супурд, то дар бозгашти духтару набергони ӯ низ кумак кунанд. Зӯҳро - духтари Сабзагул соли 2014 ҳамроҳ бо шавҳараш ба Ироқ рафт. Шавҳари ӯ ба сафи гуруҳи «Давлати исломӣ» пайваст ва дар яке аз ҷангҳо кушта шудааст.

Ин созмони тундрав, ки шавҳари Зӯҳро узви он буд, то миёнаҳои соли 2017 минтақаҳои зиёдеро дар Сурия ва Ироқ таҳти назорат дошт. Зӯҳро дар шаҳри Мавсил қарор дошт, ки моҳи августи соли гузашта аз дасти ҷангҷӯёни ДИИШ озод шуд. Садҳо хонаводаи зиндамондаи ҷангҷӯён пас аз озодсозии минтақаҳо ба паноҳгоҳҳо интиқол ёфтанд. Зӯҳро низ аз тариқи Салиби Сурх дар моҳи феврал навишт, ки бо кӯдаконаш дар паноҳгоҳе дар Бағдод қарор дорад.

Сабзагул Камолова
Сабзагул Камолова

Сабзагул Камолова гуфт, "ду моҳ пеш Салиби Сурх мактуб овард, вале ариза надода будем. Ҳамин саҳар шунидам, ки чаҳор кӯдакро оварданд. Давида ба Вазорати корҳои хориҷӣ рафтам ва ҳуҷҷатҳоро супоридам. Ваъда карданд, ки барои овардан кӯшиш мекунанд. Вақте ин хабарро шунидам, гиристам ва дуо кардам, ки Худо маро ҳам ба ҳамин рӯз расонад."

Мақомоти Тоҷикистон теъдоди занону кӯдакони тоҷик, ки бо раҳбаладии мардони хонавода барои пайвастан ба ДИИШ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, наздик ба 400 нафар шумурдаанд. Сарнавишти аксари онҳо номаълум аст. Пайвандонашон мегӯянд, пас аз озодсозии Мавсил ва Раққа, ду шаҳри калидии таҳти тасаруфи ДИИШ дар Ироқу Сурия тамос бо наздиконашонро гум кардаанд.

Зуҳро Хоҷаева
Зуҳро Хоҷаева

Акнун, бо гузашти моҳҳо, бархе занону кӯдакон аз паноҳгоҳҳое дар Ироқ аз худ хабар медиҳанд ва бо ҳар роҳ талош мекунанд, ки ба ватан багарданд. Мактуби бархеи онҳоро Салиби Сурх, ки иҷозаи кор дар паноҳгоҳ ва зиндонҳоро дорад, мерасонад. Чун дар паноҳгоҳҳо ҳаққи истифодаи телефонро надоранд. Бархе пинҳонӣ аз паноҳгоҳҳо ба пайвандонашон тариқи телефон тамос мегиранд.

“Модар туро намеёбам”

Майрамбӣ Олимова, сокини шаҳри Кӯлоб, ки духтар ва чаҳор наберааш тобистони соли гузашта аз Мавсил нопадид шуда буданд, бо шунидани хабарҳои охир хушҳол шудааст. Гулрӯ, духтари 30-солаи ин зан, ҳамроҳ бо шавҳару се кӯдакаш соли 2015 ба Сурия рафт. Ӯ дар ин кишвар ду кӯдаки дигар таваллуд кард. Майрамбӣ Олимова мегӯяд, се моҳ пеш аз номи Гулрӯ як паёмак гирифт.

Майрамбӣ Олимова
Майрамбӣ Олимова

“Навиштааст, ки модар туро ҷустуҷӯ дорам ва намеёбам. Бо забони русӣ навишта буд. Ҳозир, ки фаҳмидам, кӯдаконро оварданд, дилам хеле қувват гирифт. Дилам мегӯяд, онҳо дар куҷое ҳастанд ва иҷозаташон намедиҳанд, ки телефон кунанд”, - афзуд ӯ.

Мушкили шаҳрвандии “фарзандони ДИИШ”

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳарчанд ҳувияти чанд зану кӯдаки дигари тоҷик дар Сурия ва Ироқ ошкор шудааст, аммо барои овардани онҳо ба ватан бо чанд мушкили ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

Тоҷикистон дар Ироқу Сурия намояндагӣ надорад ва бо ин ду кишвари Ховари Миёна аз тариқи кишварҳои дувуму севум ҳамкорӣ мекунад. Ба гуфтаи мақомот, бархе аз ин занону кӯдакон дар минтақаҳое қарор доранд, ки зери назорати нерӯҳои мухолифи давлат қарор доранд.

Гулрӯ Олимова
Гулрӯ Олимова

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, бархе аз кӯдакон дар Ироқу Сурия таваллуд шудаанд ва шаҳрвандӣ надоранд. “Ин як мушкили аслӣ аст. Вале бар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ ва байналмиллаӣ талош мекунем, то роҳи ҳал пайдо кунем. Пешвои миллат гуфта буданд, ки кӯдакон гуноҳ надоранд ва бояд ба ватан баргардонда шаванд. Мо дар асоси дастурҳои сарвари давлат талош мекунем, то шаҳрвандонро баргардонем. Албатта, ин вақт мехоҳад, вале мо кӯшиш мекунем”.

Шаби 25-уми апрел аз Ироқ Марям Шоеви 9-сола, хоҳару бародарон - Абдуллоҳ, Фотима ва Муҳаммади 9, 7 ва 3-сола ба Тоҷикистон баргардонда шуданд. Ин кӯдакон моҳи августи соли гузашта пас аз озодсозии Мавсил ба Бағдод интиқол шуданд.

XS
SM
MD
LG