Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Навгилем то Сурия. Тақдири оилаи Насриддиновҳо ҳамаро шигифтзада кард


Ҷамоати Навгилеми ноҳияи Исфара
Ҷамоати Навгилеми ноҳияи Исфара

То як ҳафтаи пеш бисёре аз сокинони вилояти Суғди Тоҷикистон аз вуҷуди деҳкадае бо номи Навгилем дар ноҳияи Исфара чандон хабар надоштанд. Аммо мурофиаи ахири додгоҳӣ, ки дар он зани 71-сола ва келини ҳомилааш ба "қасди ҷиҳод" айбдор шуданд, ҷомеаи вилоятро шокӣ кард.

  • Мардум аз якдигар мепурсанд, ин оилаи иборат аз 27 нафар чӣ дард дошт, ки азми Сурия кард?
Писарам ба идораи роҳи оҳан мерафт, ки ба кор гиранд. Аммо “ҳозир ҷои кор надорем, баъд биё” гуфта, 3 сол овора карданд. Дар ниҳоят ба кор нагирифтанд.

​"Зиёнашон ба ҳама расид"

Замирахон Насриддинова, арӯси хонаводаи Насриддиновҳост, ҳамон хонаводе, ки 27 узваш барои "ҷиҳод" роҳи Сурияро пеш гирифт. Замирахон бо онҳо нарафт, дар ватан монд. Шавҳари ӯ – Содирхон Насриддинов дар Сурия аст. Вай тирамоҳи соли гузашта ба онҷо рафтааст. Замирахон ҳомила буд ва ҳоло кӯдаки навзодаш рӯи падари худро надидааст.

Ин зани ҷавон аз як сӯ аз бева монадан дилхун аст, аз тарафи дигар аз ангуштнамо шудани хонаводаи шавҳараш. Ӯ нахост, дар назди наворбардор суҳбат кунад, ҳатто иҷозат надод аз ӯ акс бигирем.

"Хато карданд. Зиёнашон ба ҳама, авлод, ба Тоҷикистон расид. Пас аз рафтани шавҳарам ба хонаи модарам кӯчидам, чунки бо кӯдаки хурд танҳо будан душвор аст", - гуфт ӯ рӯзи 25-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

"Аммо аз дастам чӣ меояд?"

Замирахон Насриддинова зани хонашин аст ва чун бисёр духтарони деҳоти Тоҷикистон пас аз хатми мактаб аз идомаи таҳсил дур монд ва зиндагиии кӯдаконашро бо ҳунари дӯзандагӣ таъмин мекунад. Ба ӯ модар ва бародараш ёрӣ мерасонанд.

Дар чашмони Сафрохон Орифова, модари Замирахон андӯҳ нақш бастааст. Ӯ мегӯяд, “духтарам бо ду кӯдакаш танҳо монд. Нигоҳубини ду кӯдак ба модари танҳо осон нест. Ман ҳамчун як модар мехостам, ки падарашон ҳамроҳашон бошад ва бо падар калон шаванд. Аз ин ғам мехӯрам ва хеле дилхун шудам. Аммо аз дастам чӣ меояд?”

27 узви оилаи Насриддиновҳо соли гузашта дар марзи Туркия бо Сурия пароканда шуд. 18 нафар ба он сӯи марз гузашт, 9 нафарро амниятиҳои Туркия боздошт карда, ба Тоҷикистон доданд. Падару модари пир ва як арӯси ҳомила дар гурӯҳи 9-нафарӣ буданд. Тақдири онҳое, ки ба Сурия гузаштанд, аз ҷумла шавҳари Замирахон маълум нест. Гуфта мешавад, ки мардони оиларо бародари онҳо, ки дар Русия муҳоҷир буд, барои рафтан ба Сурия тарғиб кардааст. Занҳо аз паси ҳамсарони худ маҷбуран ба роҳ баромаданд. Танҳо бахти Замирахон баландӣ кард, ки аз ин сафари пурхатар даст кашид.

Тасвири Навгилем

Ҳафтае қабл додгоҳи вилояти Суғд 7 узви оилаи Насриддиновҳо аз ҷамоати Навгилеми Исфараро, бо шумули Мавлуда Насриддиноваи 71-сола бо ҷурми “қасди ҷиҳод” дар Сурия аз 12 то 17 сол ба зиндон маҳкум кард. Ба дунболи ин, Додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар мурофиаи навбатӣ сокини дигари маркази ин ҷамоат Умархӯҷа Раҳматови 31-соларо бо ҷурми ҳамсон 7 сол ҷазои ҳабс таъйин кард.

Муҳокимаи аъзои хонаводаи Насриддиновҳо аз Навгилем дар Додгоҳи Суғд
Муҳокимаи аъзои хонаводаи Насриддиновҳо аз Навгилем дар Додгоҳи Суғд

Навгилем ҷамоати калони дорои беш аз 40 ҳазор аҳолӣ дар дар тақрибан 400-километрии пойтахти Тоҷикистон ҷойгир аст. Сокинони ин ҷамоат муҳофизакоранд ва зиндагии суннатӣ доранд. Гаштугузори занҳои бесатр ва бе рӯсарӣ дар ин русто боиси мазаммат мешавад. Мардҳо маъмулан ба занону духтарони худ иҷоза намедиҳанд, ки дар идорае кор кунанд.

Сокинони заминдори Навгилем ба деҳқонӣ машғуланд. Бархе ҳам дар корхонаҳову бозори шаҳри Исфара кору тиҷорат мекунанд ва зиндагии худро пеш мебаранд. Аммо замин ва ҷойи корӣ ба ҳама намерасад ва бархе мардони қобили кор дар ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд.

Музаффархӯҷа чаро дар фикри "ҷиҳод" шуд?

Музаффархӯҷа Раҳматов, фарзанди Умархӯҷа Раҳматов, аст, ки додгоҳ ӯро барои “қасди ҷиҳод дар Сурия” ҳафт сол маҳкум ба зиндон кард. Додгоҳ гуфт, Музаффахӯҷа Раҳматов дар интернет ба саҳифаҳои мансуб ба созмони “Давлати исломӣ” сар мезад ва ба нияти сафар ба Сурия 1 ҳазору 200 доллар захира карда буд.

Раҳматов соли 2012 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Осимиро ба ҳайси мутахассиси роҳи оҳан бо дипломи сурх хатм кардааст. Падари ӯ Умархӯҷа Раҳматов мегӯяд, ки аз писари ягонааш умеди зиёд дошт.

​“Писарам ба идораи роҳи оҳан мерафт, ки ба кор гиранд. Аммо “ҳозир ҷои кор надорем, баъд биё” гуфта, 3 сол овора карданд. Дар ниҳоят ба кор нагирифтанд. Ақаллан соҳиби дипломи сурх будани ӯро ба ҳисоб нагирифтанд”, - гуфт ӯ.

Падар ба он бовар аст, ки агар писараш ба кор қабул мешуд ва аз пайи шуғли писандидааш мерафт, эҳтимол, сарнавиштатш ба шакли дигар ҷараён мегирифт. Умархуҷа Раҳматов гуфт, “мобилро барои суратгирӣ истифода мекард. Сурати гулҳоро аз замини назди ҳавлиамон гирифта, ба харидорон дар бозор нишон медод. Агар оқибаташро медонистам, ҳамон телефонро шикаста мепартофтам.”

Сабаб: Ихилофи ақидаҳои динӣ ва бекорӣ

Ба қавли баъзе сокинони деҳаи Навгилем, бекориву бешуғлӣ ва ихтилофи ақидаҳои динӣ аз сабабҳои умдаест, ки баъзе сокинонро ба роҳи хато бурд ва фикри “ҷиҳод” дар як кишвари бегонаро дар зеҳни онҳо ҷо кард.

Аксари сокинони ҷамоати Навгилем дар суҳбат бо мо ходисаи оилаи Насриддиновҳоро, ки хонахез, ба гуфтаи худашон ба “ҷиҳод” рафтанд, амали нанговар гуфтанд. Бархе ҳам сукут мекарданд ва маълум набуд, ки аз боздошти 9 нафари онҳо нороҳат шудаанд ё аз нарасиданашон ба Сурия.

Рустам Шарифҷонов, яке аз мусоҳибони мо гуфт, “ин кори онҳо ғайриқонунӣ ва нодуруст аст. Ватани худро партофта, ба кишвари бегона ба “ҷиҳод” рафтан як кори номаъқулист. Ақаллан фикр мекарданд, ки ҳоли фарзандонашон дар як кишвари бегонаи ҷангзада чӣ мешавад?”

"Насриддиновҳо ба Душанбе рафта буданд"

Мақомоти ҷамоати Навгилем мегӯянд, шунидани ин хабар барояшон ногаҳонӣ буд. Дилмурод Азизов, сармутахассис оид ба корҳои дин ва танзими анъана ва ҷашну маросими ин ҷамоат гуфт: “Аз рӯи маълумоти мо оилаи Насриддиновҳо ба Душанбе рафта буданд ва дар онҷо мезистанд. Баъд хабардор шудем, ки аз Тоҷикистон рафтаанд. Бо хешонашон суҳбат кардем, онҳо гуфтанд, ки ба нияти гирифтани мақоми шаҳрвандии Русия ба ин кишвар рафтаанд. Баъд бо хешони онҳо, ҳамсояҳояшон суҳбатҳо мекардем, ки оё дарак доранд. Рӯзи 10-уми феврали имсол фаҳмидем, ки мақомот баъзеи онҳоро дастгир кардаанд ва қисми дигар ба Сурия рафтаанд.”

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, дар се соли охир ин бори аввал аст, ки сокинони ҷамоати Навгилем бо ҷурми “қасди ҷиҳод” дар Сурия дастгир ва зиндонӣ шуданд. Ба гуфтаи ӯ, мақомот наздики 20 сокини ин ҷамоатро бо иттиҳоми тундгароӣ ва шомил шудан ба созмонҳои фаъолияташон мамнӯъ дар Тоҷикистон, мисли созмони террористии “Ҳаракати исломии Узбекистон” таҳти пайгарди қонунӣ қарор додаанд. Аммо то кунун маълум нест, ки онҳо куҷо рафтанд ва сарнавишташон чӣ шуд.

XS
SM
MD
LG