Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Капитани мунтахаби Тоҷикистон ба "Юнайтед"- Индонезия пайваст


Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва капитани тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, дар бошгоҳи «Мадура Юнайтед»-и Индонезия бозӣ мекунад.

Чунонки сомонаи расмии бошгоҳи “Истиқлол” 21-уми декабр хабар додааст, футболбози 26-солаи тоҷик Нуриддин Давронов баъди мулоқот бо роҳбарияти бошгоҳи футболи «Мадура Юнайтед» бо ин дастаи қаҳрамони секаратаи Индонезия қарордоди яксола ба имзо расондааст.

Нуриддин Давронов дар дастаи «Мадура Юнайтед» таҳти шумораи 22 ба майдон меояд. Зимнан, дар ин даста ҳамлагари собиқи «Локомотив»-и Маскав Питер Одемвингие бозӣ мекунад.

Нуриддин Давронов аз соли 2009 дар дастаи «Истиқлол» муваффақона бозӣ карда, борҳо қаҳрамон, барандаи Ҷом ва Суперҷоми Тоҷикистон, инчунин Ҷоми раиси AFC-2012 гардидааст. Ӯ ба унвони “Бозигари сол” мушарраф шудааст.

Мусобиқоти навбатии қаҳрамонии футболи Индонезия 24-уми феврали соли 2018 шуруъ шуда, охири моҳи октябр ба анҷом мерасад. Аз рӯи натиҷагирии мавсими охирин «Мадура Юнайтед» дар «Лигаи 1»-и чемпионати Индонезия мақоми панҷумро касб кардааст.

Нуриддин Давронов, футболбози моҳири тоҷик, 16-уми январи соли 1991 дар шаҳри Душанбе дар оилаи ҳунармандони маъруф -Ширинмоҳ Ниҳолова ва Аҳмадбек Давронов ба дунё омадааст. Ӯ аз нӯҳсолагиаш ба футбол шуғл меварзад.

Давронов ба ҳайати ҷавонони бошгоҳҳои футболи “Локомотив”-и Маскав, “Минск”-и Беларус, “Амкар”-и Перм ва дастаи “Энергетик”-и Душанбе шомил буд. Инчунин ӯ дар тимҳои «Слобода»-и Сербия ва «Дунав»-и Булғористон низ ҳунарнамоӣ кардааст.

Нуриддин дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли 2006 дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё бо медали биринҷӣ мукофотонида шудааст. Ӯ соли 2007 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон дар Куриёи Ҷанубӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба дарвозаи тимҳои мунтахаби наврасони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (дар сабқати гурӯҳӣ) ва Перу (даври ҳаштякниҳоӣ) ду гол задааст.

Нуриддин Давронов аз соли 2009 дар дастаи «Истиқлол» муваффақона бозӣ карда, борҳо қаҳрамон, барандаи Ҷом ва Суперҷоми Тоҷикистон, инчунин Ҷоми раиси AFC-2012 гардидааст. Ӯ ба унвони “Бозигари сол” мушарраф шудааст.

Ин бозигари калидии “Истиқлол”, ки дар мавсими имсола ба иллати латхӯрӣ қариб чаҳор моҳ бозӣ накард, 18-уми сентябр боз ба майдон омад. Ҳамон рӯз ӯ дар ҳайати «Истиқлол», ки дар бозии даври нуздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бар тими «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби бузурги 5:0 пирӯз шуда, пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт, аз ҷаримаи 11-метрӣ як гол зад.

Нуриддин Давронов моҳи сентябри соли 2014 бо Парвина Қурбонова, сокини Душанбе, издивоҷ кардааст. Аммо баръакси дигар маросими ақди никоҳ онҳо на дар идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё ЗАГС, балки дар майдони футбол (Варзишгоҳи марказии Душанбе) расман зану шавҳар эълон шудаанд.

Зимнан, дар Индонезия боз як узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва ҳамлагари “Истиқлол”-и Душанбе Манучеҳр Ҷалилови 27-сола, ки бозигари беҳтарини Ҷоми AFC-2017 гардидааст, бозӣ мекунад. Ӯ дар ҳайати дастаи «Шривиҷая» аллакай чанд бозӣ анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG