Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба 3750 нафар ҳаққи шаҳрвандӣ дод


Баъзе аз мардуми минтақаҳо баъди суқути шӯравӣ аслан санади ҳуввият надоштаанд. Акс аз созмони "Ҳуқуқ ва беҳбудӣ"

Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон аз қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки дар ним соли гузашта ба ҳазорон нафари мунтазир ҳаққи шаҳрвандӣ додааст, тавсиф кард.

  • Ин ниҳоди Созмони Милал рӯзи 26-уми сентябр дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз қарори ҳукумат, ки "масоили ҳаётии ҳазорон нафари бе ҳаққи шаҳрвандиро ҳал мекунад", истиқбол менамояд.
Фирӯза Холмуродова ба сабаби надоштани ҳаққи шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҳам надоштани шиносномаи кишвараш 16 сол натавонистааст, ба аёдати волидон ба Узбекистон биравад.

"Ба зиндагиашон таъсири мусбат мегузорад"

Бино ба омори расмӣ, танҳо дар ним соли гузашта, давлати Тоҷикистон ба 3753 нафар, ки муддати тӯлонӣ дар кишвар зиндагӣ доштанд, вале тобеияти Тоҷикистонро надоштанд, ҳаққи шаҳрвандӣ додааст.

Ба гуфтаи Комиссариати Олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон, соҳиби ҳаққи шаҳрвандӣ ба зиндагии чунин афрод таъсири мусбат мегузорад ва "иҷоза медиҳад ба хадамоти муҳими давлатӣ ба мисли хадамоти тандурустӣ ва таҳсил даст ёбанд ва аз ҳуқуқи иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқи маданӣ баҳраманд шаванд."

Аксарияти онҳое, ки ҳаққи шаҳрвандӣ гирифтаанд, худи тоҷикон ва сипас узбекҳо ва намояндагони дигар ақаллиятҳои хурд будаанд ва аксарияташон ҳам дар Тоҷикистон ба дунё омадаанд.

Дар чаҳор сол 30 ҳазор нафарро сабтином карданд

"Аз охири соли 2014 то моҳи июни соли 2018 дар минтақаи Тоҷикистон, дар ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиёни вилояти Хатлон, дар ноҳияҳои Истаравшан, Шаҳристон ва Ғончӣ, дар вилояти Суғд, дар шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор тақрибан 30 ҳазор нафареро сабти ном карданд, ки ё шаҳрвандиашон маълум набуд ваё хатари аз даст доштани тобеияташон вуҷуд дошт", - омадааст дар посухи Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон.

Сабти номи онҳо ба шарофати тарҳи созмони мазкур сурат гирифтааст, ки иҷрои он аз соли 2014 шуруъ шудааст ва то кунун идома дорад. Аксари онҳое, ки ё шаҳрвандии Тоҷикистонро надоштаанд ва шаҳрвандиашон маълум нест, дар минтақаҳои марзии Узбекистону Афғонистон зиндагӣ мекардаанд.

Чанд норӯшанӣ

Фирӯзаву Манзура солҳои тулонӣ ба мушкилот гирифтор буданд
Фирӯзаву Манзура солҳои тулонӣ ба мушкилот гирифтор буданд

Ба гуфтаи комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон, "равуои зиёди мардум дар замони ҷанги дохилӣ ва баъди он ва ҳам никоҳҳои омехта аз сабабҳои номаълумӣ дар шаҳрвандии ин афрод будааст."

Яке аз ин афрод, Фирӯза Холмуродова аз вилояти Сурхондарёи Узбекистон, ки дар ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон издивоҷ кардааст, ба сабаби надоштани ҳаққи шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҳам надоштани шиносномаи кишвараш 16 сол натавонистааст, ба аёдати волидон ба Узбекистон биравад.

Дар созмони ғайриҳукуматии “Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ”, ки ба 5284 нафар дар гирифтани санадҳои ҳуввият ва шиноснома кӯмак кардааст, гуфтанд, ҳамаи ин афрод шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, вале ҳеҷ санаде надоштанд.

“Азбаски бе санадҳои ҳуввият зиндагӣ мекарданд, маълум кардани шаҳрвандиашон имконнопазир буд. Мардумони маҳаллаҳое, ки кумак мегирифтанд, ба хадамоти тиббӣ дастрасӣ доштанд, бачаҳояшон мактаб мерафтанд, калонсолон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар соҳаҳое, ки қарордоди корӣ талаб намекунанд, кор мекарданд. Аммо ба сабаби надоштани шиноснома, кумакҳои иҷтимоӣ намегирифтанд, кори расмӣ надоштанд, аз ҳаққи таҳсил дар омӯзишгоҳу донишгоҳҳо ва дигар ҳуқуқу озодиҳо маҳрум буданд” - омадааст, дар посухи катбии созмон ба Радиои Озодӣ.

Ифтихор бо санади нави ҳуввият баъд аз солҳои тулонӣ
Ифтихор бо санади нави ҳуввият баъд аз солҳои тулонӣ

Барои гирифтани шиноснома, созмони мазкур дар ҷамъоварии санадҳо ва ё ҳимояти ҳуқуқашон кӯмак кардааст. Созмони Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ мегӯяд, “Надоштани санади ҳуввият ин хатарро дорад, ки таваллуди кӯдак ва ё марги касе сабт намешавад ва дар натиҷа, чунин инсони бидуни ҳаққи шаҳрвандӣ аз назари қонун вуҷуд надорад. Яъне инсонҳое, ки ҳастанд, гӯё дар асл вуҷуд надоранд."

Ба гуфтаи созмон, онҳое, ки санади шаҳрвандии Тоҷикистонро мегирифтанд, барои “тағйироти бисёр хурд вале фавқуллода муҳим дар зиндагӣ” изҳори сипос мекарданд.

Ҷанги шаҳрвандӣ, муҳоҷират ва...

Комиссариати Олии Созмони Милал мегӯяд, Тоҷикистон дар муддати чаҳор соли гузашта, бо таъйиди шаҳрвандии 23 ҳазор нафар дар кишвар теъдоди онҳоеро, ки тобеияташон номаълум буд, ба таври чашмгир кам кард. Аз ҷумла, тобеияти иддае аз худи шаҳрвандони кишвар номаълум будааст, ки ба сабаби ҷанги дохилӣ ба хориҷ рафта ва муддати тӯлонӣ дар хориҷ зиндагӣ кардаанд ва натавонистаанд, санади расмӣ ба даст биёранд.

Бо вуҷуди ин пешрафти чашмгир, ба гуфтаи созмон, дар Тоҷикистон бояд дар минтақаҳои дигар ҳам барои маълум кардани афроди бидуни ҳаққи шаҳрвандӣ сурат бигирад, чун мумкин аст, дар он манотиқ ҳам чунин афрод зиндагӣ кунанд.

Дар Тоҷикистон асосан онҳое низ тобеияти кишварро надоштанд, ки баъди шурӯи ҷанги дохилӣ дар соли 1992 ба Узбекистон рафтанд, вале ҳаққи шаҳрвандӣ нагирифтаанд. Ҳазорон нафари онҳо ба Тоҷикистон баргаштанд ва ба мушкилоти зиёд гирифтор шуданд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG