Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пули муҳоҷирон оилаҳоро танбал мекунад? Муҳаққиқон мегӯянд, бале. ВИДЕО


Муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар Маскав.
Муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар Маскав.

“Хариди хӯрок, либос, пардохти пули таҳсил ва бунёди хонаву ташкили ҷашни арусӣ”. Посухи онҳое, ки барои гирифтани пули ноновари хона ва ё муҳоҷир паси дари як бонк дар Душанбе омадаанд.

Радиои Озодӣ рӯзи 15-уми июн дар остонаи “Рӯзи байналмилалии пулҳои интиқолӣ барои хонаводаҳо” аз чанд нафар пурсид, ки маблағеро, ки гирифтанд, барои чӣ харҷ мекунанд. Созмони Милал бо назардошти аҳамияти ин пулҳо 16-уми июлро Рӯзи пулҳои интиқолӣ барои хонавода эълон кардааст.

Тоҷикистон беш аз ҳар кишвари дигар дар Осиёи Миёна аз ҳисоби муҳоҷиронаш аз хориҷа даромад мегирад. Беш аз як миллион нафар аз Тоҷикистон дар Русия кору иқомат мекунанд ва 200 ҳазор нафари дигар дар Қазоқистон ба кор машғуланд. Таҳқиқи созмонҳои байналмилалии молӣ нишон додааст, ки даромади ҳар чаҳорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби пули муҳоҷирон аст.

Маҳбуба Одинаева, сокини 58-солаи шаҳри Душанбе, яке аз онҳоест, ки ки рӯзгорашро аз ҳисоби пули фарзандони муҳоҷираш пеш мебарад. Ӯ рӯзи 15-уми июн баъди гирифтани пули писараш аз бонк ба Радиои Озодӣ гуфт: “Фарзандонам қариб ҳар моҳ як мартаба пул мефиристанд. Гоҳо 50 ва гоҳе 100 доллар равон мекунанд. Дар Қазоқистон кор мекунанд, чун бо зану фарзандҳояшон ҳастанд, харҷи худашон ҳам зиёд аст. Ҳар гоҳ бепул мондем, ба онҳо занг мезанам, ки пул фиристанд.»

Як муҳоҷир як оиларо мехӯронад. Танбал ҳам мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Маҳбуба Одинаева мегӯяд, тани танҳо шаш фарзандро бузург кард ва ба донишгоҳ фиристод, вале дар ватан ҷойи кор бо маоши шоистае наёфтанд. Панҷ сол аст, дар хориҷ кор мекунанд. Ӯ афзуд, медонад, ки кор дар муҳоҷират осон нест ва барои ҳамин мекӯшад, пули фиристодаи писаронашро дуруст харҷ кунад.

Як орзуи ин хонавода бунёди манзили нав барои фарзандон аст. Одинаева мегӯяд, 10 сол мунтазири як порча замин аз канораҳои Душанбест, то бо пули фарзандони муҳоҷираш хонае бунёд кунад. Азбаски бачаҳояш хонаи алоҳида надоранд, баргаштан намехоҳанд. Маҳбуба Одинаева мегӯяд: "Фарзандон ҳам ба ҳамин сабаб хона баргаштан намехоҳанд, чун мегӯянд, куҷо равем?”

Пули муҳоҷирони кории тоҷик на танҳо сарчашмаи даромади хонаводаҳо, балки як манбаи асосии асъори нақд, ба мисли рублу доллару евро барои Тоҷикистон аст. Содироти мол аз Тоҷикистон ба хориҷа се баробар камтар аз воридот аст ва маҳз пули муҳоҷирон норасоии асъори хориҷиро қисман ҷуброн мекунад. Ба гузориши тозаи Бонки Марказии Русия, соли 2018 аз ин кишвар ба Тоҷикистон тавассути бонкҳо 2 миллиарду 553 миллион доллар фиристодаанд, ки ин маблағ баробар ба 36 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аст.

Аммо Русия танҳо кишваре нест, ки муҳоҷирони кории тоҷик аз он ҷо ба хонаводаҳояшон пул мефиристанд. Оилаҳои тоҷик аз азизонашон аз Қазоқистону кишварҳои Аврупо ва Амркио ҳам пайваста пул мегиранд. Аммо ин кӯмакҳои молӣ ба хонаводаҳо агар дар кӯтоҳмуддат барои иқтисоду зиндагии мардум хуб бошад, дар дарозмуддат оқибатҳои баде ҳам дорад.

Пажӯҳишҳо нишон додаанд, пуле, ки муҳоҷирон ба хонаводаҳояшон мефиристанд, ҷанбаи манфӣ дошта метавонад. Як таҳқиқи JICA Муассисаи Ҳамкориҳои Байналмилалии Ҷопон дар бораи пулҳои ирсолӣ нишон додааст, маблағҳои муҳоҷирон метавонад, аъзои кӯмакгирандаи хонаводаро танбал кунад.

Дар ин таҳқиқ, ки хулосаҳояш аввали имсол нашр шуд, омадааст: «Агар дар як хонавода муҳоҷир ҳаст ва ё аз хориҷа пул мегиранд, фаъолияти иқтисодии аъзои дигари хонавода суст мешавад.» Айни гапро худи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам гуфтааст. Ӯ дар мулоқоте бо гурӯҳе аз муҳоҷирон дар Маскав чанде пеш гуфт, «бо чанд пуле, ки мефиристед, мардумро танбал кардед».

Вале бо ин ҳама, заҳмате, ки муҳоҷирон мекашанд, дар чанд соли ахир садҳо миллион нафарро аз фақру бечорагӣ раҳо кардааст. Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, пули муҳоҷирон ба муҳимтарин василаи коҳиши фақр дар ҷаҳон табил ёфтааст. Ба гуфтаи созмон даромади 800 миллион нафар дар ҷаҳон, аз ҳисоби пули 200 миллион муҳоҷир аст, ки дар кишварҳои пешрафта ва рӯ ба рушд кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG