Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон нархи патенти соҳибкорону овозхонҳоро гарон кард. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон нархи патент ва ё иҷозаи фаъолияти соҳибкорӣ ва косибӣ 8 дарсад боло бурда шуд. Соҳибкорон мегӯянд, даромади онҳо дар муқоиса ба соле пеш тағйир накардааст, аммо сарбории андоз ба дӯши онҳо бештар мешавад.

Вазорати молия ва Кумитаи андози Тоҷикистон фармон "Дар бораи индексатсияи андозаҳои пардохт барои патент"-ро содир карданд, ки тибқи он нархи патент барои соҳибкорону косибон аз моҳи феврали имсол ҳашт дарсад боло бурда шуд.

Cоли 2019 сатҳи таваррум ва ё инфлятсия дар Тоҷикистон, ба гузориши Бонки миллӣ, 8 дарсад буд ва мутаносибан нархи патент ҳам ба ҳамин миқдор боло меравад. Соли 2019 нархи патент 5,4 дарсад боло бурда шуда буд.

Барои мисол, овозхонҳо то ба ҳол барои патент ҳар моҳ 667 сомонӣ мепардохтанд, акнун 720 сомонӣ медиҳанд. Ронандагони мошинҳои боркаш ба ҷойи 741 сомонӣ 800 сомонӣ хоҳанд супурд.

Барандагони тӯю ҷашнҳо то ҳол 147 сомонӣ моҳе андоз месупурданд, акнун 159 сомонӣ бояд андоз диҳанд.

Нодира Завқиева, ки дар як растаи начандон бузург дар шаҳри Душанбе ба фурӯши маводи ғизоӣ машғул аст, мегӯяд, бозори хариди маҳсулот гарм нест ва хусусан дар фасли зимистон даромадашон кам мешавад ва аз ин рӯ ҳар моҳ супурдани андоз ба ӯ гаронӣ мекунад.

"Мақомот аз мо талаб мекунанд, ки нархи маҳсулоти хӯроквориро қимат накунед. Лекин худ нархи патентро боло бурданд. Мо чӣ кор мекунем? Маҷбурем ба болои нархи маҳсулот зам кунем. Боз вазнинӣ ба мардум мешавад", -- изҳор дошт ӯ.

Мувофиқи қонуни андоз, дар Тоҷикистон 49 навъи фаъолият, шуруъ аз фурӯши нос то овозхониву наворбардорӣ, таъмири мошину хона ва дуредгариву кор бо сантехника бар асоси патент иҷоза дода шудааст.

Патент ҳуҷҷатест, ки барои пешбурди бархе аз намуди фаъолиятҳо аз сӯи Кумитаи андоз дода мешавад ва он ду навъи андозро дар бар мегирад: андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ. Дорандагони патент ба фарқ аз шаҳодатномаи соҳибкорӣ ҳар моҳ новобаста ба даромадашон як маблағи муайянкардаи Кумитаи андозро ҳар моҳ бояд пардохт кунанд.

Тоҷикистон нархи патенти соҳибкорону овозхонҳоро гарон кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Масъалаи андозбандӣ шудани ҳама соҳаҳо ва ҳам сари чанд вақт боло рафтани мизони андоз яке аз масъалаҳои мавриди баҳс ва интиқод дар ҷомеа мебошад.

Гаронии андоз бахусус дар соҳаи соҳибкории хурду миёна, аз назари тоҷирону соҳибкорон, боиси аз фаъолият мондани ширкатҳои зиёд дар Тоҷикистон дар чанд соли охир шудааст.

Бино ба рақамҳои охири Оҷонси омор, дар соли 2019 ҳудуди 26 ҳазор – 1,4 ҳазор ширкат ва 24 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро қатъ карданд.

Аммо дар баробари ин 1100 ширкати нав таъсис ёфтаву 35,3 ҳазор соҳибкори тозакор худро сабти ном кардаанд. Аз ин рӯ шумори ширкатҳо назар ба соли гузашта коҳиш ёфтаву шумораи соҳибкорон бештар шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG