Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоби дубораи Эрдуғон. Назарҳо аз Тоҷикистон


Раҷаб Тайиб Эрдуғон
Раҷаб Тайиб Эрдуғон

Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар интихоботи пеш аз муҳлати Туркия наздик ба 53 дарсади райъи интихобкунандаҳоро ба даст оварда, боз ҳам зимоми қудратро ба даст гирифт. Рақиби аслии ӯ дар ин интихобот Муҳаррам Инҷе танҳо 30 дарсади орооро соҳиб шудааст. Ин барои Туркия ва ояндаи муносибатҳои Душанбеву Анкара чӣ маъно хоҳад дошт?

Туркия мисли бисёр кишварҳои аврупоӣ миёни сиёсатҳои хориҷӣ ва дохилиаш фарқи мушаххасе дорад. Онҳо метавонанд дар масоили дохилӣ бо ҳам рақобат кунанд, аммо дар масоили хориҷӣ як нуқтаи назар доранд

Дар ин шабу рӯз таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба Туркия нигаронда шудааст, ки дар онҷо интихоботи пеш аз муҳлати президенӣ ва порлумонӣ баргузор шуд. Вижагии интихобот дар он аст, ки Эрдуғон ба тағйироти Конститутсия иқдом карда, мақоми нахуствазирро аз байн бурд ва ба сарвари давлат ҳақ дод, ки дар сурати зарурат порлумонро пароканда кунад. Дар авҷи пирӯзиҳо ӯ интихоботи зудҳангом баргузор карда, дар он бо қотеият пирӯз шуд.

Як зумра расонаҳо ва гурӯҳи коршиносон ин ҷараёнро ҳаракати Эрдуғон ба сӯи худкомагӣ номиданд. Ҷараёне, ки дар Русия ва як зумра кишварҳои Осиёи Миёна мушоҳида мешавад.

Вале дар ин бобат дар Тоҷикистон назарҳо зидду нақиз аст. Аксаран бар инанд, ки муносибати начандон гарму самимии миёни Анкара ва Душанбе минбаъд низ чунин боқӣ хоҳад монд.

"Бо ё бе Эрдуғон, вазъият тағйир намекунад"

Саъдӣ Юсуфӣ
Саъдӣ Юсуфӣ

"Эрдуғон ва ҳизби ӯ нишон дод, ки дар Туркия мавқеи қавӣ доранд ва аз ҳимояти аксарият бархӯрдоранд. Аммо пирӯзии Эрдуғон ба ҳеҷ сурат сиёсати минтақавии Туркияро тағйир намедиҳад. Туркия ҳамчунон дар сатҳи минтақа ва олами ислом фаъол буд ва ҳамин гуна боқӣ монда, қавитар хоҳад шуд", - мегӯяд таҳлилгари тоҷик Саъдӣ Юсуфӣ.

Дар шарҳи иддаое, ки Эрдуғон ба сӯйи худкомагӣ майл дорад, Юсуфӣ гуфт, "ин масъала дар шароити кунунӣ барои Туркия чандон муҳим дониста намешавад". "Чун муҳимтарин рукни демократия интихобот аст, ки Эрдуғон дар он райъи аксариятро ба даст овардааст. Аксарият аз ӯ ризост ва дар интихобот ҷонибдориаш карданд", - афзуд ӯ.

Ба ақидаи Саъдӣ Юсуфӣ, ҳам дар Туркия ва ҳам дар Тоҷикистон ҳукуматҳое сари кор ҳастанд, ки солҳо боз бо якдигар ҳамкорӣ доранд ва аз ин нуқтаи назар, бо пирӯзии Эрдуғон ҳеҷ тағийроти чашмрасеро миёни ду кишвар набояд интизор шуд.

Рашид Ғанӣ Абдулло
Рашид Ғанӣ Абдулло

Коршинос бар ин назар аст, ки агар ба сари ҳукумат Инҷе меомад ҳам, муносиботи ин ду давлат чандон тағйир намеёфт. Ӯ афзуд, "Туркия мисли бисёр кишварҳои аврупоӣ миёни сиёсатҳои хориҷӣ ва дохилиаш фарқи мушаххасе дорад. Онҳо метавонанд дар масоили дохилӣ бо ҳам рақобат кунанд, аммо дар масоили хориҷӣ як нуқтаи назар доранд ва ҳама раҳбарон пойбанди ин формула ҳастанд."

Баҳси савдо, туризм ва фирориҳо

Ба назари Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси мустақил ва шарқшинос, муносиботи Туркия ва Тоҷикистон бештар аз сиёсати Душанбе вобаста аст. Ӯ гуфт, "албатта, истирдод нашудани афроди гумонбар ба ҷиноят ба Тоҷикистон ба муносиботи ду кишвар таъсир мерасонад. Аммо бисёр кишварҳое ҳастанд, ки чунин афродро истирдод намекунанд. Онҳо бояд нисбат ба ин нафароне, ки дар кишварашон мегузоранд, тасмим бояд бигиранд."

Рашид Ғанӣ Абдулло чунин мешуморад, ки ба сари қудрат омадани Эрдуғон ҳеҷ чизро дар муносиботи Тоҷикистону Туркия тағйир намедиҳад: "Нишондоди гардиши савдо, туризм ва дигар соҳаҳо бе тағйир мемонанд ва масъалаи фирориён аз Тоҷикистон ба ҳамон шакле, ки ҳаст боқӣ мемонад."

Душанбе аз Туркия чӣ интизор аст?

Хурсанд Хуррамов
Хурсанд Хуррамов

Таҳлилгар Хурсанд Хуррамов ба ин аст, ки тақвият ёфтани қудрати Эрдуғон ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро нигарон хоҳад кард.

"Пирӯзии Эрдуғон ва ҳизби ӯ дар Туркия маънои идома ва ташдиди сиёсати исломгароёнаи ӯро дорад, ки Душанбеи расмиро нигарон хоҳад кард. Барои ҳукумати Тоҷикистон мубориза бо терроризм ва экстремизм дар муносибот бо Туркия авлавият дорад. Тақвият ёфтани ҳукумати Эрдуғон метавонад боис ба ҳимояти бештари мухолифони тоҷик дар Туркия шавад, ки сутунмуҳраи онҳоро исломгароён ташкил мекунанд".

Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари дигари тоҷик мегӯяд, Душанбеи расмӣ муносиботашро бо ҳукумати Эрдуғон ба хотире, ки ин кишвар аз терроризм ҳимоят мекунад, бояд кам кунад.

"Дар муносибот бо Эрдуғон эҳтиёт бояд кард"

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода

"Суолҳои зиёде дар мавриди Туркия дар зеҳнам ҳаст. Онҳо аз "Ихвон-ул-муслимин" ҳимоят мекунанд, ки ин созмон дар Тоҷикистон экстремистӣ эътироф шудааст. Бисёре аз коршиносон, ки масоили ифротагроиро таҳқиқ мекунанд, мегӯянд, ҷангҷӯёни ДИИШ дар қаламрави Туркия табобат мешаванд. Ҳамаи ин бо ҳимояти ҳукумати Эрдуғон сурат мегирад. Силоҳу аслиҳаи ДИИШ ҳам аз минтақаҳои таҳти назорати ҳукумати Туркия интиқол мешуданд. Сиёсати мубориза бо терроризми Туркия дугона аст. Барои ҳамин, бо Эрдуғон ҳадди аксар бо эҳтиёт бояд муносибат кард", - иброз дошт ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ.

Тоҷикистону Туркия: Аз равобити дипломатӣ то баҳсҳои ҷудогона

Робитаҳои тӯлонӣ миёни Тоҷикистону Туркия тадриҷан рушд меёфтанд ва президент Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар расми ифтитоҳи бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Анкара ҳузур дошт, вале робитаҳо пас аз он ки дар соли 2014 Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони "Гурӯҳи 24" дар шаҳри Истанбул ҷойи по пайдо кард, ба сардӣ гароид.

Туркия баъд аз аз ройзаниҳои зиёде билохира аз истирдоди ӯ худдорӣ варзид. Дар натиҷа Қувватов қатл шуд ва шахсе, ки ӯро қабл аз куштор заҳролуд карда буд, аз сӯйи мақомоти Туркия боздошт ва ба зиндони абад маҳкум гардид.

Соли 2018 Тоҷикистон боз ҳам истирдодро талаб мекард. Ин дафъа, раҳбари нави "Гурӯҳи 24" Суҳроби Зафар ва фаъоли ин созмон Насим Шариповро, ки боз ҳам ҷавоби рад гирифт. Дар Тоҷикистон ин гурӯҳ экстремистӣ эълон шуда, бо қарори додгоҳ мамнӯъ эълон шудааст.

Ба навбати худ, Эрдуғон аз раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна талаб кард, ки шабакаи литсейҳои туркӣ дар ин кишварҳо баста шаванд. Чунки онҳо бо кумаки сиёсатмадори мухолифи ӯ, Фатҳулло Гюлен, ки дар ғурбат ба сар мебарад, созмон ёфтаанд. Он замон ҳукуматдорони тоҷик ба ин даъвати Туркия ба кундӣ вокуниш нишон доданд.

Онҳо ин литсейҳоро ба муассисаҳои давлатии таълимӣ табдил дода, аммо ҳайати омӯзгоронро, ки аз ҷумлаи шаҳрвандони Тукрия ҳастанд, боқӣ гузошта ва истирдоди онҳоро ба Туркия рад карданд.

XS
SM
MD
LG