Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон роҳро баст, Тоҷикистон ба бандари Боку рӯ овард


Бандари баҳрии Боку
Бандари баҳрии Боку

Дар пайи роҳбандии Туркманистон, Тоҷикистон барои ҳамлу нақли борҳояш бо Озарбойҷон вориди гуфтугӯ шудааст.

Дар сурати истифода накардани роҳи Туркманистон, Тоҷикистон имкон дорад танҳо тавассути Афғонистон ва ё Озарбойҷон-Қазоқистон-Узбекистон ба кишварҳои Халиҷи Форс ва ё Туркия бор барад ё аз онҷо бор биорад.

Боркашонӣ тариқи ин кишвар, ки аз бандари Боку ва баҳри Каспий (Хазар) гузашта, то Қазоқистон мерасад, нисбат ба роҳи бастаи Туркманистон тақрибан 1000 километр дароз аст ва харҷи бештар дорад. Вале барои Тоҷикистон дар баробари Афғонистони ноамн ин роҳ ягона интихоби мумкин барои боркашонӣ аст.

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рӯзи 19-уми март гуфтанд, ки вазир Неъматулло Ҳикматуллозода бо мудири кулли “Бандари Боку” Толеҳ Зиядов суҳбат кардааст. Зиядов гуфтааст, бандар барои ҳамлу нақли борҳои мутааллиқ ба Тоҷикистон омодааст ва кишвар метавонад аз “имкониятҳои бандар фаровон истифода кунад”.

Бандари баҳрии Боку дар соли 2018 мавриди истифода қарор гирифт ва масоҳати он 117 гектарро ташкил медиҳад. Иқтидори бандари мазкур барои интиқоли борҳо дар як сол то 15 миллион тоннаро ташкил мекунад.

Тоҷикистон дар ҳоле ба имконоти транзитии Боку рӯ меорад, ки Туркманистон аз 1-уми феврали соли 2019 бе огоҳии пешакӣ ҳаракати мошинҳо ва вагонҳои боркашро дар қаламраваш манъ кард.

Дар натиҷа даҳҳо мошини боркашони Тоҷикистон дар гузаргоҳи Сарахс (дар марзи Эрону Туркманистон) ва Фароб (дар сарҳади Узбекистону Туркманистон) дармонданд.

Туркманистон то ба ҳол дар мавриди ин иқдомаш посухи возеҳ надодааст. Матбуоти наздик ба Ашқобод ба майл зоҳир накардани Тоҷикистон дар сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ишора мекунанд.

Дар сурати истифода накардани роҳи Туркманистон, Тоҷикистон имкон дорад танҳо тавассути Афғонистон ва ё Озарбойҷон-Қазоқистон-Узбекистон борҳояшро ба кишварҳои Халиҷи Форс ва ё Туркия расонад ё аз онҷо бор биорад. Чун амният дар Афғонистон таъмин нест, Тоҷикистон ба Озарбойҷон рӯ овардаааст.

XS
SM
MD
LG