Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди ҳаёҳу, "сукут" дар гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Узбекистон. ВИДЕО


Марзи Тоҷикистону Узбекистон
Марзи Тоҷикистону Узбекистон
Дар гумруки Пахтаобод пойафзолҳо баркашиданд, ки аз 10 кило зиёд аст. Баргардонданд. Ҳайронам, чӣ кор кунам?

Баъди боз шудани марзи Тоҷикистону Узбекистон ва додугирифтҳои пуршӯру ғавғои тоҷирони ду тараф дар моҳи марти имсол, гузаргоҳҳои марзӣ сокит шудааст. Яке аз онҳо гузаргоҳи "Дӯстӣ"-и шаҳри Турсунзода, 75-километрии Душанбе аст.

Қаблан дар назди ин гузаргоҳ садҳо нафарро медидед, ки бо халтаҳои бузург ва молу коло мунтазири гузаштан ба Узбекистон буданд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 5-уми июл дар инҷо фазои сокитеро мушоҳида карда, чанд тоҷири узбекро диданд, ки дар андешаи гузаронидани бори худ ба кишварашон буданд. Бар асоси муқаррароти наве, ки Узбекистон ҷорӣ кардааст, дигар касе ҳақ надорад, бо худ на беш аз 10 кило бор ба он кишвар ворид кунад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Узбекистон воридоти молро аз Тоҷикистон маҳдуд кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

"Борамро баргардонданд"

Камол Низомов, як соҳибкори узбек аз ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд, ки зери офтоб мунтазири вуруд ба қаламрави кишвараш буд, ба Радиои Озодӣ, гуфт, ӯро кормандони гумруки Узбекистон ба қаламрави Тоҷикистон пас гардонданд.

"270 дона пояфзол харида, барои савдо бармегаштам. Бехабар мондам, ки дар инҷо низоми нав ҷорӣ шудааст. Аз гумруки шаҳри Турсунзода гузаштам, лекин дар гумруки Пахтаобод пойафзолҳои маро дар тарозу баркашиданд, ки аз 10 кило бештар аст. Баргардонданд. Чанд нафарро хоҳиш кардам, ки дукилоӣ кафшҳои маро бо худ гузаронанд, розӣ нашуданд. Ҳайронам чӣ кор кунам?" – гуфт Камол Низомов.

"Як дегу телевизор бурда намешавад"

Дар гузаргоҳи марзии Узбекистон эълони бузурге гузошта шудааст, ки дар он номгӯи маҳсулот ва меъёри овардани он ба кишварро навиштаанд. Аз ҷумла, ҳар нафар ҳақ доштааст, то 10 кило бор барад, аммо ҳақ дорад, ба қаламрави Тоҷикистон бо арзиши аз 3 то 5 ҳазор доллар мол ворид кунад. Чанд соҳибкору тоҷире, ки хабарнигори Радиои Озодӣ бо онҳо суҳбат кард, аз он нороҳат буданд, ки тиҷораташон хароб шудааст ва манбаи даромадро ҳам аз даст медиҳанд. Онҳо гуфтанд, то рӯзи 1-уми июл маҳдудияте вуҷуд надошт ва рӯзона дар назди бозорчаи гузаргоҳи “Дӯстӣ” то 300 тоҷиру боркаш ҷамъ меомад.

Аслиддин Юсуфов аз муҳоҷирони собиқи корӣ баъди боз шудани марзу бардоштани раводид, машғулияте пайдо кард. Ба Узбекистон матоъҳои гуногун ва телевизор мебурду бо қимати болотар фурӯхта бармегашт. Ҳоло агар як телевизору як дег ҳам барад, ворид карда наметавонад, чун вазнашон аз 10 кило зиёд мешаванд.

“То маҳдуд шудани вуруди маҳсулот то чаҳор-панҷ асбоби рӯзгор ба мисли мантупазаку дег мебурдам. Либоси паплин ва асбоби зиёди рӯзгор мебурдам ва дар бозори Деҳнав мефурӯхтам. Даромади хуб ҳам дорад. Ҳоло як мантупазак то 4 кило вазн дорад, дигар тиҷорати мо касод шуд. Аммо аз он тараф ҳарчӣ қадар хоҳӣ, метавонӣ бор ворид кунӣ”, - гуфт Аслиддин Юсуфов.

"Боҷи гумрукӣ мехоҳанд"

Аз замони ҷорӣ шудани маҳдудият дар воридоти мол ба Узбекистон чаҳор рӯз мегузарад, вале то кунун мақомоти он кишвар сабаби аслии иқдоми худро шарҳ надодаанд. Як намояндаи идораи гумруки шаҳри Турсунзода ба Радиои Озодӣ гуфт, дар девори гумруки Пахтаободи Узбекистон тартибу ҳаҷми воридоти мол ба кишварро ҷой додаанд.

Дар гумруки Узбекистон барои ин борҳо 250 доллар хостанд. Агар ин маблағро пардохт кунам, бароям чизе боқӣ намемонад

“Марҳамат, мо иҷоза медиҳем, вале аз он тараф баргардонида мешавад”, - гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ. Иқтисоддонҳо мегӯянд, дар маҳдуд кардани воридоти мол ба қаламрави Узбекистон ваё баръакс ҳеҷ чизи ғайриоддӣ вуҷуд надорад, зеро воридоти мол бо ҳадафи тиҷорат ва бе супурдани боҷи гумрукӣ мумкин нест.

Камол Низомов, ки ҳоло ҳайрон аст, бо маҳсулоти харидааш аз Тоҷикистон чӣ кунад, низ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар гумруки Узбекистон барои ин борҳо 250 доллар хостанд. Агар ин маблағро пардохт кунам, бароям чизе боқӣ намемонад”.

"Дар аввал чизе нагуфтанд"

Коршиносони иқтисодӣ мегӯянд, чунин вазъ дер ё зуд пеш меомад, чун дар аввал раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон бо ҳадафи наздиктар кардани мардум ва нишон додани онки робитаҳо хуб мешаванд, муқаррароти гумрукиро нодида гирифтанд ва иҷоза доданд, то додугирифт агар берабт ҳам бошад, миёни ду тараф зиёд шавад.

Бар асоси муқаррароти гумрукии ҳам Тоҷикистон ва ҳам Узбекистон аз воридоти моли зиёд ва моле, ки бо ҳадафи тиҷорат ворид мешавад, бояд боҷи гумрукӣ ситонида шавад. Аз тарафи дигар, Узбекистон, ки саноаташ нисбат ба саноати Тоҷикистон бештар пешрафт кардааст, намехоҳад, моли чиние, ки соҳибкорони тоҷику узбек аз қаламрави Тоҷикистон меоранд, ҷои маҳсулоти худиро танг кунанд.

Мардум мераванду меоянд

Бо вуҷуди онки теъдоди соҳибкорону тоҷирон дар гузаргоҳи “Дӯстӣ” зиёд ба назар намерасид, равуои сокинони оддӣ бе мамониат идома дошт ва мардум мегуфтанд, ки мушкиле дар гузаргоҳҳои марзӣ надоштанд.

Ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Узбекистон яке аз муҳимтарин тасмимҳое буд, ки 9-уми марти имсол дар ҷараёни сафари нахустини президент Шавкат Мирзиёев ба Душанбе гирифта шуд. Баъди тақрибан 20 сол шаҳрвандони ду кишвар ҳаққи бидуни виза ба қаламрави якдигар рафтанро пайдо карданд.

Дар семоҳаи аввали имсол ду кишвар ба маблағи 41,5 миллион доллар додугирифт кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 2 баробар бештар аст. Мақомот гуфтанд, то охири имсол мизони додугирифт миёни Тоҷикистону Узбекистон ба беш аз 500 миллион доллар хоҳад расид.

XS
SM
MD
LG