Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Темур Зулфиқоров: Шоири нобиға, вале камбағали ду миллат


Темур Зулфиқоров
Темур Зулфиқоров

Темур Зулфиқоров – шоири нобиға, вале камбағали ду миллат 75-солагии хешро дарвешона пешвоз мегирад.

“Дантеи адабиёти рус”, “классики мутлақ”, “ҳакиме, ки аз абадият зоҳир шудааст", “устоди асил ва нобиғаи сухан”, “марде ки назмро дар никоҳи наср даровардааст” ва ҳам “охирин дарвеш дар хонақоҳҳои сарду сангии Маскав”. Чунин аст сифоте, ки аз Темур Зулфиқоров мекунанд.
Шоири ба пирӣ расида одатан шоири бадест, ки эҳсосоти худро дар тӯли умр сарфакорона харҷ кардааст ваё шоире, ки дигар ба сафи ҳакимон мепайвандад...

Темур Зулфиқоров - тобонтарин ситораи тоҷики адабиёти рус – ба синни мубораки 75 расид. Зулфиқоров, ки ҳамеша ба ин дунё бо чашми ду қаҳрамони абадиаш - Хоҷа Насриддин ва Хоҷа Зулфиқори Девона нигоҳ мекунад, то имрӯз танҳо адиби тоҷик аст, ки ду дафъа ба ҷоизаи Нобел пешбарӣ шудааст.

Ӯ мегӯяд, 75 синне боварнокарданист, вале боз ҳам як нуқтаи атф: “Шоирон ками дар кам ба чунин син мерасанд. Шеър бештар бо ҷавониву ишқу базму шароб тавъам аст, на бо даври пирӣ, ки инсон ба таркиби аъзояш бештар сарфаҳм меравад. Ин дигар даври дарди гурдаву дилу буғумҳост, то вақти илҳом. Шоири ба пирӣ расида одатан шоири бадест, ки эҳсосоти худро дар тӯли умр сарфакорона харҷ кардааст ваё шоире, ки дигар ба сафи ҳакимон мепайвандад. Шояд Худованд маро ҳам лоиқ дида бошад, ки ба соҳили ҳакимон гузарам.”


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим



Аз “Рояли сафед” то “Як рӯзи бачагии Муҳаммад (с)”

Темур Зулфиқоров 17-уми августи соли 1936 дар Душанбе дида ба ҷаҳон кушодааст. Падараш - Қосим Зулфиқоров котиби аввал ҳизби коммунист дар Шаҳринав буд. Соли
Бо модар -- Людмила Успенская
1937, вақте Темур ҳамагӣ як сол дошт, падари ӯ зери чархи мошини таъқиботи сталинӣ уфтод ва ҳамчун “душмани халқ” қатл шуд. Модараш – профессор Людмила Успенская - муҳаққиқи гӯишҳои водии Ҳисор ва яке аз муаллифони “Луғати тоҷикӣ-русӣ”-и чопи соли 1954 буд. Дуруст ҳамон сол, Темур Зулфиқоров ба риштаи фалсафаи Донишгоҳи Ленинград дохил шуд, вале ду сол баъд фалсафаро партофт ва таҳсилро дар Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкийи шаҳри Маскав идома дод.

Муаллифи сенарияи 9 филм, аз ҷумла “Рояли сафед”, “Ошпаз ва овозхон”, “Одам аз паси паррандаҳо парвоз мекунад”, “Мурғи сиёҳ”, “Саробҳои ишқ”, “Ишқи аввали Насриддин”, “Бозгашти Хоҷа Насриддин” ва “Пешхидмат бо лаълии тило”. Теъдоди умумии нашри 30 китоби Темур Зулфиқоров беш аз 1 миллион нусха баровард шуда, ӯ танҳо адиби тоҷик аст, ки ду дафъа ба ҷоизаи адабии Нобел пешбарӣ шудааст.

Навбати Хоҷа Насриддин расид...

Зулфиқоров ба фарқ аз ҳамсабақҳои зуд шӯҳратёфтааш дар Донишкадаи адабии ба номи Горкий - Андрей Вознесенский, Бела Аҳмадуллина ё Юнна Моритс – даврони ҷавонӣ ва ҳатто миёнаи умри худро тақрибан дар гумномӣ ба сар бурд ва манбаи таъмини рӯзгораш
Мушкили дигар дар рӯи дунё парешон шудани тоҷикҳост, ки дар ҷустуҷӯи нон то ба Порису Ню-Йорку Маскав рафтаанд. Чизи дигаре ки дардам медиҳад, фосилаи хеле бузургест, ки дар Тоҷикистон байни аҳли сарват ва аҳли фақр, байни қасру кулба эҷод шудааст...
ҳам таълифи филмномаҳои оддие буд ба мисли “Ошпаз ва овозхон” бо Махфират Ҳамроқуловаи ҳанӯз ҷавон дар нақши асосӣ.

Ҳарчӣ ӯ дар ин муддат ҷиддитар навишт, ҳатто ҷуръат намекард ба дасти чоп бидиҳад. Нахустин китоби ҷиддиаш - “Достони марги Амир Темур” – соли 1980, дар 44-солагии Темур Зулфиқоров ба дасти хонандагон расид. Ба дунбол, силсилаи достонҳои Хоҷа Насриддину Хоҷа Зулфиқори Девона ва “Саргузаштҳои заминиву осмонии шоир” ҳам баъди солҳои 80 ба дасти хонанда расида, номи Темур Зулфиқоровро ҳамчун адиби навҷӯву навгӯ вирди забонҳо карданд.

Ҷоизаи Нобел шояд ҳанӯз дар пеш бошад, вале дар кӯлбори ҷоизаҳои Темур Зулфиқоров алакай ҷоизаи инглисии “Коллетс” ҳаст, ки “Саргузаштҳои заминиву осмонӣ”-и ӯ соли 1993 ҳамчун “Беҳтарин романи Аврупо” ба даст овард. “Масалҳои тилоии Хоҷа Насриддин” дар соли 2004 ҳамчун “Асари барҷастаи адабиёти рус” соҳиби ҷоизаи “Ясная Поляна” шуд. Роман-устураи “Афъимори марҷонӣ”-ро “Беҳтарин китоби соли 2005” эътироф карданд ва имсол достони “Як рӯзи бачагии Муҳаммад Пайғомбар” -и Темур Зулфиқоров дар озмуни “Салавот бар Муҳаммад” ҷои аввалро гирифт.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:54 0:00
Линки мустақим



“Забони тоҷикӣ”-и шоир

Нахустин китоби русии Зулфиқоров дар Тоҷикистон соли 1983 чоп шуд, вале исми Темур Зулфиқоровро дар зодгоҳаш мусоҳибаи ӯ бо Додоҷони Атовуллоҳ бо номи “100 савол ба Хоҷа Зулфиқори Девона” вирди забонҳо кард ва мардуми зиёдеро дар ҷустуҷӯи китобҳои ӯ
афканд. Тарҷумаи баланди “Ишқи аввали Хоҷа Насриддин” бо қалами Муҳаммадзамони Солеҳи фақид ба лашкари ҳаводорони Зулфиқоров дар Тоҷикистон чунон афзуд, ки худи ӯ ҳам мегуфт, ки тарҷумаи Муҳаммадзамон ҳатто аз оригинали русии ин достон олитар аст.

Ҳолиё китобҳои Зулфиқоровро ба тоҷикӣ Нур Табаров бармегардонад ва Зулфиқоров мегӯяд, Табаров танҳо тарҷумон нест, балки забони тоҷикии ӯст. Нашриёти “Адиб” ба муносибати ҷашни Темур Зулфиқоров нашри ду китоби ӯро дар нақша гирифтааст, ки якеаш ба русӣ буда, бояд то поёни сол нашр шавад. Аммо китоби дуввум, ки тарҷумаи тоҷикии асарҳои тозаи ӯст, ба гуфтаи тарҷумонаш Нур Табаров , бояд то чанд рӯзи дигар ба дасти хонандагон бирасад: “Ин китоб бояд то аввалҳои сентябр барояд. Дар ин китоб ҳам роман-устураи “Афъимори марҷонӣ” ҳаст ва ҳам се достони мансури Зулфиқоров, аз ҷумла “Чойхонаи лаби ҷар”, Марг нест” ва “Як рӯзи бачагии ҳазрaти Муҳаммад Пайғомбар”, ки порсол дар Русия дар озмуни “Салавот бар Муҳаммад” соҳиби ҷоизаи аввал шуда буд.”

Ҳамеша бо ёди Тоҷикистону Варзобаш

“Як рӯзи бачагӣ” ва чанд достони дигари вижаи масоили мазҳабӣ ҳокист, ки Темур Зулфиқорови дар гузашта космополит Худоҷӯ ва “исломитар” шудааст, вале эътиқоди ӯ ба Ӯи азза ва ҷалла, албатта, дар қолаби ҳеҷ як мазҳаби алоҳида намегунҷад. Ӯ мегӯяд, қариб 3 моҳ дар Тоҷикистон буд ва тоза ба Маскав баргашт: “Қишлоқҳои дурдастро сайр кардам, ба Искандаркӯл рафтам, бори дигар аз зебоии кӯҳҳои
Дар барномаи "Линия судьбы"-и телевизиони РТР

Фон ба ваҷд омадам ва боз ҳам ба ватанам ошиқтар шудам. Вале дардҳои ин ватан низ азобам медиҳанд, аз ҷумла шаробхорӣ ё ифлосии дарёҳо. Хоҷа Насриддин мегӯяд, ки дарё оби Оллоҳ асту шароб – оби Шайтон. Мушкили дигар дар рӯи дунё парешон шудани тоҷикҳост, ки дар ҷустуҷӯи нон то ба Порису Ню-Йорку Маскав рафтаанд. Чизи дигаре ки дардам медиҳад, фосилаи хеле бузургест, ки дар Тоҷикистон байни аҳли сарват ва аҳли фақр, байни қасру кулба эҷод шудааст.”

Нур Табаров мегӯяд, ҳар сафари Тоҷикистон барои Темур Зулфиқоров як ҷаҳон мавзӯъи тоза медиҳад: “Ин мард меҳри беандозае дорад ба ин сарзамин. Ҳар сол ду дафъа ба Тоҷикистон меояд – ҳам баҳор ва ҳам тирамоҳ. Меояд инҷову мегардад дар ҳамон ҷоҳое ки қаҳрамонҳои воқеъиву хайёлии ӯ мегарданд. Бо ҳамон пайроҳаҳои бузгард пои пиёда меравад, шабҳо дар лаби дарёи Варзоб хоб меравад ва ба гуфтаи худаш, ситорашуморӣ мекунад. Ва ҳар бояд як дунё эҳсосоти тозаро бо худ мебарад ба Маскав. Тоза аз Маскав “Масалҳои тамузӣ”-ро фиристод, ки инҳо алакай маҳсули сафари имсолааш ба Душанбеву ба дараи дӯстдоштааш - Варзоб аст.”

Нобиғаи тасаввуф, вале ҳанӯз бе Нобел

Адиби шинохтаи рус Анатолий Ким Темур Зулфиқоровро “устоди асил” ва “падидае комилан нотакрор” ба қалам дода, бо таассуф мегӯяд, ки ин нобиғаи дар ҷаҳон эътирофшударо дар Русия ба таври кофӣ қадр намекунанд. Валерий Плетнер ӯро “аз ҳама лиҳоз – чӣ забону мавзӯъ ва чӣ жанру чӣ услуб- як падидаи гӯшношуниди адабиёти рус” ном мебарад. “Литературная газета”, нашрияи адабии чопи Маскав Темур Зулфиқоровро “Дантеи рус” ва “шоиру носири бузург”- у ”ҳаким ва нобиғаи тасаввуф” тавсиф карда, профессор Артём Таласов менависад, Зулфиқоров “классики мутлақи адабиёти ҷаҳонист ва назми ӯ - шабеҳи дуоҳо ва муноҷоти паёмбарони қадим ё шаманҳо.”

Владимир Бондаренко, сардабири нашрияи адабии “День Литературы”, чопи Маскав дар сӯҳбат бо Озодӣ Темур

Зулфиқоровро аз барҷастатарин шуарои Русияи муосир унвон кард: “Аз нигоҳи чӣ услуб, чӣ ороиш ва чӣ тасвир ягон касро наметавон дар радифи ӯ гузошт. Ба назари ман, Зулфиқоров шеъри русиро хеле бойтар кард. Ва ин аз решаҳои тоҷикии ӯ об мехӯрад. Темур Зулфиқоров шеъри бузурги Шарқро бо шеъри русӣ гӯиё хунпайванд кард. Ӯ дар воқеъ яке аз бузургтарин шоирони рус дар асри 20 аст.”

Пас чаро талошҳои маҳофили адабии Русия, ки Темур Зулфиқоровро ду дафъа ба ҷоизаи Нобел номзад карданд, самар надод? Владимир Бондаренко мегӯяд, дар эътои ҷоизаҳои адабии Нобел омили сиёсӣ низ ҳамеша нақш дошт ва як далели аслии то имрӯз ба ин ҷоиза ноил нашудани Зулфиқоров ҳам ин аст, ки на ӯ ва на шеъраш сиёсатзада нестанд: “Темур ҳатто бо худвижагиаш кайҳо сазовори ин ҷоиза шудааст. Адибоне ҳастанд, ки истеъдоди хос доранд, вале дар як маҷрои умумӣ қарор доранд. Вале Темур Зулфиқоров падидае чунон вижаву нотакрор аст, ки ҷоизаи Нобелро бояд ба чунинҳо дод. Ҷоизаи Нобелро ҳарсол, албатта, ба беҳтаринҳо медиҳанд, на ба адибони сиёсатмаоб. Вале муносибати умумӣ ба Русияи Путин ва мавзеъи сиёсии довталабон низ нақш дорад. Бубинед, Орҳан Памук, ки дар воқеъ сазовор буд, то замоне ки қатли арманиҳоро қатли ом нагуфту кораш ба додгоҳ нарафт, ҷоизаи Нобел нагирифт. Темур Зулфиқоров дар радифи Валентин Распутин ва Василий Аксёнов аз ангуштшумор адибони рус аст, ки шоистаи Нобел ҳастанд. Мушкили ӯ дар камбуди ҳунараш нест, балки дар камбуди фаъолиятҳои сиёсист.”

Пуле байни ду мардум

Давлат Худоназаров, коргардони тоҷик, ки 20 сол боз дар Маскав ба сар мебарад, мегӯяд, дар шароити имрӯз, ки мори афъии қавмгароӣ дар Русия сар баланд кардааст, пулҳои фарҳангие чун Темур Зулфиқоров сахт лозиманд, ки бо ҳашамат ва бузургии ҳунари худ ба аҳли ин кишвар тасвири дигаре аз мардуми тоҷикро низ бинамоянд, ки ин миллат фақат мардикор намезояд: “Темур
Давлат Худоназаров (аз рост) ва Акбари Турсон
Зулфиқоров аз як сӯ ҳамчун адиби тоҷик шинохта шудааст ва аз сӯи дигар- ҳамчун нависандаи рус. Русе ки сафири фарҳанги тоҷик дар Русия аст. Темур Зулфиқоров дар адабиёти рус давомдиҳандаи анъанаест, ки дар солҳои 20 бо ин услуб, барои мисол, Хлебников менавишт. Ӯ тавонист як услуби омехтаи навиштанро пайдо кунад, ки шираи фарҳанги тоҷикро низ дар худ нигоҳ дошта, ба хонандаи рус мефаҳмонад. Осори ӯ саропо романтикист ва бар пояи ҳар кадоми онҳо метавон филми баланде сохт.”

Темур Зулфиқоров, албатта, аз нахустин адибони тоҷиктабор дар адабиёти рус ва то кунун тобонтарин ситораи тоҷик дар осмони ин адабиёт аст. Вале дар осмони адабиёт ва фарҳанги рус танҳо ин як ситора нест, ки медурахшад.

Темур Варқӣ, зодаи Душанбе, ки низ қариб 20 сол боз дар Маскав ба сар мебарад ва ба русӣ шеър мегӯяд, роҷеъ ба нақш ва саҳми зодаҳои Тоҷикистон дар адабиёту фарҳанги муосири Русия гуфт: “Ба ғайр аз Темур Зулфиқоров метавонем Анвар Тавобовро ном бигирем, ки тоҷики Хуҷанд аст ва ба тозагӣ романи наваш бо номи “Середина мира” аз чоп берун шуд. Романи таърихист дар бораи ҳаводисе, ки дар Осиёи Марказиву Афғонистон ва то ба Ҳинд мегузашт. Ситораи дигари мо дар Русия коргардони шинохтаи тоҷик Бахтиёр Худоназаров аст. Адиби ҷавон Алишер Ниёзовро ҳам инҷо дорем. Ва, албатта, Андрей Волос – муаллифи романҳои соҳибҷоизаи “Маккаи Маскав” ва “Хуррамобод” – низ аз Тоҷикистони мост ва “Хуррамобод”-и ӯ ҳам пиромуни ҳаводиси солҳои ҷанги шаҳрвандии мо. Коргардони синамо Валерий Аҳадов ва додари ӯ Рустам. Валерий дар Маскав ба ҳамватанонаш кӯмаки зиёд мекунад ва тоҷикони зиёдеро дар “Мосфилм” ҷо кардааст.”

Аммо Темур Зулфиқоров мегӯяд, ҳар рӯз, вақте азоби мардикорони тоҷикро дар Русия мебинад, ғашаш меояд, ки тақдир ба ҷои девони Румӣ ё Камол ба дасти ин мардум белу ҷорӯбу зоғнӯл додааст: “Вақте одам дар ҷустуҷӯи нон меуфтад, аз ситораҳо фаромӯш мекунад. Ҳоло ҳам дар рустоҳои дурдасти Тоҷикистон Саъдиву Ҳофиз мехонанд, вале торафт камтару камтар. Ва вақте аз боми биноҳои осмонбӯи Маскав садои сӯҳбати тоҷикӣ ба гӯшам меояд, ман ба ёди кӯдаки тоҷике меуфтам, ки дар боми кулбаи падариаш менишаст ва болои сараш уқобҳо парвоз мекарданд ва акнун чархи зиндагӣ ӯро рӯи боми ин осмонбӯси мураккаб аз бетону пӯлод овардааст. Аз дили ин бача оё чӣ мегузарад? Дилам барои онҳо месӯзад.”

Бухгалтерияи шоир

Темур Зулфиқоров дар ин гуфтугӯ аз рӯзгори фақиронааш ҳам лаб ба шикоят кушод, вале гуфт, азбаски ҳарду мардуми тоҷику рус, ки ӯ барои онҳо менависад, низ дар чанги фақранд, ӯ ҳам бояд, ба таъбири худи Зулфиқоров, “шоири камбағали ин ду халқи камбағал бошад”: “Талошҳои ман барои раҳоӣ аз чанголи нодорӣ ба ҷое нарасид. Ва феълан ман

дар ҷайб пули пучаке надорам, ки дар зодрӯзам ягон хони зиёфат дуруст кунам. Ман боре пулро қоғази Шайтон хонда, гуфта будам, ки агар ба рӯи пул нек нигарӣ, симои Шайтон намудор мешавад. Ва шояд Худо барои ҳамин ба ман пул намедиҳад. Вале вақте ҳарду мардуми ман камбағал аст ва ман ҳамчун адиби онҳо бояд низ камбағал бошам. Чунин нодории комил дар синни 75 маро азоб медиҳад, вале аз тақдир мебинам. “Шикоят аз пирӣ”-и Рӯдакӣ ба ёд меояд. Рӯдакӣ ҳам дар поёни умр даст ба ҳисобу китоби умраш зад ва маълум кард, ки ғайри асову анбон чизе надорад.”

Чанд сол пеш раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Темур Зулфиқоров дар Душанбе як манзили сеҳуҷрагӣ дод, ки ӯ ҳангоми сафарҳояш ба ватан дар он ба сар мебарад. Аммо ба гуфтаи афроди огоҳ аз қазия, мақомот ба Темур Зулфиқоров то ҳол иҷозат надодаанд, ки ин хонаро ба номи худ сабт кунад ва ин тӯҳфаи дар оғоз “шоҳона”-и президент ба як манзили орият амалан табдил шудааст. Он ҳам дар ҳоле ки худи Темур Зулфиқоров мехоҳад, то баъди ӯ дар ин манзил хона-музейи ӯву модари низ ба Тоҷикистон хидматкардаашро бино кунанд.

Бо ин ҳол, Темур Зулфиқоров, ки ҳама “нобиғаи сухан” ва “Дантеи адабиёти рус” сифаташ мекунанд, бо аҳли хонаводаи худ тақрибан 40 сол боз дар ҳамон кӯчаи Мосфилм ва дар ҳамон як кӯлбаи танги дуҳуҷрагӣ дар қабати баланди 14-ум ба сар мебарад ва бо ҳасрат мегӯяд, ки ҷайби ҳамеша тиҳиаш нагузошт, то орзуи ӯ барои зиндагӣ дар ҳавлӣ дар Маскав ё дар Тоҷикистон ҷомаи амал бипӯшад.
XS
SM
MD
LG