Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорон ва мухолифони "легионер"-ҳои тоҷик дар артиши Русия


Шеваи додани шаҳрвандии Русия барои низомиёни хориҷӣ, ки дар артиши ин кишвар бар асоси шартнома хизмат мекунанд, соддатар хоҳад шуд.

  • Тарҳи таҳриршудаи тақдими шаҳрвандии Русия, ки ҳанӯз соли 2004 қабул шуда буд, баррасии аризаи низомиёни кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъро дар сатҳи ситоди кулли Вазорати дифои Русия пешбинӣ мекард. Бар асоси таҳрири нав, ин тасмим дар сатҳи раёсати кадрҳои ҳамин вазорат баррасӣ мешавад ва дар сурати қабул шудан аз моҳи августи имсол ба иҷро медарояд.
Сарбозону афсароне, ки дар Сурия кушта шуданд, аксаран ғайрирус буданд. Ҳукумати Тоҷикистон ҷалби шаҳрвандонро ба артиши кишвари бегона бояд хурд нагирад.
Ойниҳол Бобоназарова

Ариза ба комиссариати Калуга

Тасмими боз ҳам соддатар кардани низоми дастрасии шаҳрвандии Русияро коршиносон далеле барои ҷазби нерӯи бештар ба артиши ин кишвар медонанд. Ин тасмим ҳам дар ҳоле гирифта шудааст, ки Русия дар ду ҷабҳа – Сурия ва Украина – мустақим ва ғайримустақим даргир аст ва хабари марги сарбозу афсарони зархариди ин кишвар зуд-зуд дар расонаҳо пайдо мешавад.

Хушбахт Абдуллоев, ҷавони 23-солаи тоҷик, тоза барои хидмат дар артиш ба комиссариати ҳарбии вилояти Калугаи Русия ариза додааст. Ӯ ҷуз ба даст овардани шаҳрвандии Русия, ки бовар дорад, шароити зисташро беҳтар мекунад, ҳадафи дигар надорад.

Сарбозони Русия дар Сурия
Сарбозони Русия дар Сурия

Хушбахт, ки аз 19-солагӣ барои кор ҳамроҳ бо бародаронаш ба Русия мерафт, гуфт, бо дарёфти ҳаққи шаҳрвандӣ аз супурдани патент озод шуда, аз имтиёзҳое ба мисли гирифтани қарз бо дарсади паст бархӯрдор мешавад. Ҳанӯз комиссариати ҳарбии Калуга аризаи ин ҷавонро баррасӣ накардааст. Ӯ низ намедонад, ки пас аз пазируфтани аризааш дар куҷо хидмати ҳарбӣ хоҳад кард. Барои ӯ муҳим зудтар гирифтани шаҳрвандии Русия ҳаст.

Сарбозони зархарид?

Шумораи дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои шомил шудан ба Артиши Русия мисли Хушбахт ариза додаанд ё аллакай дар он хидмат мекунанд, дақиқ нест, вале бар асоси ҳисобҳои ғайрирасмӣ шумораи “сарбозони зархарид” ба ҳазорон нафар мерасад.

Нашрияи “Известия”, ки ин мавзуъро пайгирӣ кардааст, аз қавли Александр Перенҷиев, коршиноси ҳарбӣ гуфтааст, хидмат дар артиши Русия барои ҷавонони кишварҳои Шӯравии пешин обрӯ ҳисоб мешавад. Аз ин рӯ, ба қавли ӯ, бо содда кардани дарёфти шаҳрвандӣ имкони такмил кардани сафи артиш аз ҳисоби хориҷиён ба мақсад мувофиқ аст.

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

Русия пас аз 27 соли пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам рӯи давлатҳои мустақили собиқ узви ин иттиҳод таъсир дорад. Зоҳиран шаҳрвандони Тоҷикистон ба мисли Хушбахт ҳанӯз аз зовияи замони Шӯравӣ ба артиши Русия нигоҳ мекунанд ва ин кишварро барои худ “бегона” намедонанд. Дар доираҳои сиёсии Тоҷикистон низ аксаран назарҳое садо медиҳанд, ки ба “бегона” набудани Русия ишора мекунанд ё ба қавли Сайфулло Сафаров, муовини раиси маркази тадқиқоти стратегии назди президент, “Тоҷикистону Русия дар як низоми амниятӣ чарх мезананд”.

"Феълан Тоҷикистону Русия ҳадафи муштарак доранд"

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон, рӯзи 10-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷалби ҷавонони тоҷик ба артиши Русия “ҳеҷ ҷойи бадӣ надорад”.

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Ӯ гуфт, “эътимод ба тоҷикон ва ҷойгоҳ додан ба онҳо дар Артиши Русия ҳеҷ зиён ба кишвари мо надорад. Феълан Тоҷикистону Русия ҳадафи муштарак доранд, ки он таъмини амният дар минтақа ҳаст. Бовар дорам, дар артиши Русия низ фоидаи ҷавонони тоҷик ба ватану миллаташон мерасад”, - гуфт ӯ.

Мухолифони пайвастани ҷавонон ба артиши Русия ин тасмимро “носипосӣ ба обу хоки ватан” унвон мекунанд. Зайниддин Сафаров, вакили порлумони Тоҷикистон мегӯяд, Русия аз наздиктарин кишварҳои дӯсти Тоҷикистон аст, вале ҳар ҷавон бояд барои ватани худ хидмати ҳарбӣ кунад.

"Ин ношукрӣ аст"

Одаме, ки барои гирифтани шаҳрвандӣ дар артиши бегона хизмат мекунад, фикр мекунам, ба ҳеҷ кишвар садоқат надорад.

Ӯ гуфт, ҳарчанд шаҳрвандон ҳаққи интихоб доранд ва қонунгузорӣ низ ба ин масъала мухолифат надорад, “гап сари ҳисси миллӣ ва ватандӯстӣ меравад”. “Одаме, ки барои гирифтани шаҳрвандӣ дар артиши бегона хизмат мекунад, фикр мекунам, ба ҳеҷ кишвар садоқат надорад. Аз ҷумла, онҳое, ки дар Тоҷикистон хизмат накарда, дар кишварҳои дигар хизмати ҳарбӣ мекунанд. Ин ношукрӣ ба шароитест, ки бо талоши раҳбари давлат муҳайё шудааст”, - гуфт Зайниддин Сафаров.

Ин вакили порлумон афзуд, бо ин манзур соли гузашта Маҷлиси Намояндагон бо тағйир ба чанд қонун фаъолияти нафаронеро, ки шаҳрвандии ду кишварро доранд, дар мансабҳои давлатӣ ва низомӣ мамнӯъ донист.

"Русия аз ҳисоби дигарон қурбонӣ медиҳад"

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, бо содда кардани низоми гирифтани шаҳрвандӣ ва ҷазби шаҳрвандони кишварҳои пасошӯравӣ, ки забони русӣ барояшон ошност, Русия дар пайи такмили артиш ва татбиқи аҳдофи султаҷӯёнаи худ аст. Ӯ рӯзи 10-уми апрел гуфт, “вақте давлат танҳо ба як гурӯҳе, ки дар минтақаи хатар кор мекунад, имтиёз медиҳад, маълум мешавад, ҳадафҳои дигарро дунбол дорад”.

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

Хонум Бобоназарова гуфт, манзур Русия аст, ки ҳоло ба кишварҳои гирифтори ҷанг сарбозу афсар мефиристад. “Ин то як дараҷа аз рӯи адолат нест, ки танҳо ба гурӯҳи риск имтиёз медиҳанд. Гурӯҳе, ки ҳар лаҳза имкони ҷони худро аз даст додан доранд. Агар Русия, воқеан, ғамхори шаҳрвандони кишварҳои Шӯравии собиқ аст, бояд ба ҳамаи онҳо имтиёз диҳад. Ҳадди ақал шароити корашонро содда кунад. Ҳоло Русия бо он ҳадафҳое, ки дорад, мехоҳад, қурбонӣ ҳам бидиҳад, аз ҳисоби миллатҳои дигар бидиҳад. Сарбозону афсароне, ки дар Сурия кушта шуданд, аксаран ғайрирус буданд. Ҳукумати Тоҷикистон ҷалби шаҳрвандонашро ба артиши кишвари бегона бояд хурд нагирад. Ин ба манфиати худи ҳамон аскарбачаҳо низ нест”, - гуфт Бобоназарова.

Таҷрубаи роиҷ дар Амрикову Фаронса

Мирҳат Шарифҷон, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ дар Радиои Озодӣ мегӯяд, талоши боз ҳам соддатар кардани низоми гирифтани шаҳрвандӣ барои хориҷиён дар Артиши Русия ба гирифториҳои ин кишвар дар сатҳи байналмилалӣ бармегардад. Ӯ гуфт, дар авҷи баҳсҳо бо Ғарб ва гирифтории Русия дар Украина ва Сурия ин тасмим тасодуфӣ нест ва ин кишвар мехоҳад артиши мусаллаҳ аз ҳисоби “сарбозони қарордодӣ” дошта бошад.

Мирҳат Шарифҷон
Мирҳат Шарифҷон

Аз сӯи дигар, гуфт ӯ, ба ин масъала набояд ҳассосият нишон дод, чун билохира ҳар шахс ихтиёр дорад, ки тасмим бигирад, табааи кадом кишвар будан мехоҳад. Таҷрибаи тақдими шаҳрвандӣ ба низомиёну кормандони сохторҳои давлатӣ дар Фаронсаву Амрико ва дигар давлатҳо ҳам роиҷ аст.

Мирҳат Шарифҷон мегӯяд, пазириши шаҳрвандии кишвари дигар наметавонад “таҳдид ба амнияти миллӣ” арзёбӣ шавад. “Таҳдид он замон мешавад, ки сиёсати давлат ба маҳдудсозии озодии мардум дар баёни фикри худ, эътироз ва ташкили ҷамъомад дар хиёбонҳо ваё пешбурди фаъолияти сиёсӣ равона шуда бошад”, - шарҳ дод ӯ.

Бархе дигар соҳибназарон мегӯянд, то замоне ки аҳдофи стратегиву идеологии кишварҳо ба ҳам наздик аст, пазириши шаҳрвандии кишвари дувум мушкил надорад. Чун дар ниҳояти амр артиши кишварҳои муттафиқ дар канори ҳам қарор мегирад. Мисле он ки ҳоло низомиёни Тоҷикистон дар ҳайати артиши кишварҳои Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ҳам дар тамринҳо иштирок мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG