Дар чанд ҷумла
Талаби 17 сол зиндон ба Рухшона Ҳакимова
Додситон ба рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова 17 сол зиндон талаб кардааст.
Ҳакимоваи 31-сола, бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, аст.
Мақомот ӯро дар доираи парвандаи маъруф ба "табаддулот" ба "хиёнат ба давлат" (моддаи 305-и Кодекси ҷиноӣ) гумонзад медонанд. Рухшона Ҳакимова ва вакили мудофеаш барои шарҳи масъала дастрас нестанд.
Талаби додситон нисбат ба Рухшона Ҳакимова рӯзи 8-уми январ дар мурофиаи паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳ садо додааст. Радиои Озодӣ тасдиқи хабарро рӯзи 22-юми январ гирифт.
Як манбаи наздик ба тафтишот дар нимаи моҳи октябри соли 2024 парвандаи Рухшона Ҳакимоваро ба пурсише “дар мавриди нуфузи Чин дар Тоҷикистон” рабт дод. “Баъзе аз чеҳраҳои боздоштшуда, аз ҷумла Саидҷафар Усмонзода ва Шокирҷон Ҳакимов дар он пурсиш назар додаанд,” – афзуд ӯ.
Дар бораи назарпурсӣ ва суолҳояш манбаи мо изҳори бехабарӣ кард. Вай гуфта натавонист, ки ба ҷуз пурсиш дар мавриди нуфузи Чин қазияи Рухшона Ҳакимова ба парвандаи “талоши табаддулот” иртиботи дигаре дорад ё не.
Инчунин, ошкор нест, ки оё ин пурсиши афкор вокуниши тарафи Чинро ба миён овардааст ва чаро он бояд заминаи парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” шуда бошад.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ба далели кӯдаки ширхора доштан Рухшона Ҳакимова ба ҳабси пешакӣ гирифта нашудааст, вале шиносномааш мусодира шуда, ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат дар озодист.
Рухшона Ҳакимова хатмкардаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Ӯ дар Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” ва баъзе аз созмонҳои рӯзноманигорӣ кор кардааст. Соҳиби ду фарзанд.
Парвандаи маъруф ба “табаддулот” дар моҳи июни соли 2024 боз шуд. То кунун дар доираи он 8 кас боздошт гардида, муҳокимаашон дар ҳоли анҷомёбист.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Садама дар як чорроҳаи марзии Исфара-Бодканд
Дар деҳаи Орто-Боз дар ноҳияи Бодканди Қирғизистон дар чаҳорроҳаи маъруф ба Торт-Кочо (ё Чаҳор кӯча) садамаи нақлиёт рух додааст. Аз ин чаҳорроҳа роҳи Исфара-Ворухи Тоҷикистон ва Бодканд-Лайлаки Қирғизистон убур мекунад.
Ба иттилои пулиси вилояти Бодканди Қирғизистон, ин ҳодиса бегоҳии 9 апрел сар задааст. Мошини боркаши навъи “Volo”, соҳибаш шаҳрванди Қирғизистон бо мошини “Mercedes-Benz Sprinter”, соҳибаш шаҳрванди Тоҷикистон бархӯрдааст.
Дар натиҷаи садама “Mercedes-Benz Sprinter” ба мошини навъи “Changan” бархӯрдааст, ки низ ба шаҳрванди Қирғизистон тааллуқ дорад. Пулиси ноҳияи Бодканди Қирғизистон гуфтааст, сарфи назар аз садамаи якбора се мошин, касе осеби ҷиддӣ надидааст. Ҳар се мошин зарари моддӣ бардоштааст.
Тоҷикистону Қирғизистон ба аломатгузории марз ва сохтани роҳҳои алтернативӣ идома медиҳанд. Ба иттилои мақомоти ду кишвар, баъд аз анҷоми аломатгузориву сохтани роҳҳои нав, шаҳрвандони ду кишвар ба ҳудуди якдигар ворид нахоҳанд шуд.
Марзро бо Афғонистон бо "деворҳои худӣ" мустаҳкам мекунанд
Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ насби симхор ҷараён дорад. Ин қитъаи марз аз гӯшаҳои ноамн ва осонгузар барои қочоқбарони маводи мухаддир ба ҳисоб меравад. Девори нав симхорҳои давраи шӯравиро иваз мекунад. Дар дигар қитъаи марзӣ ҳам ин раванд идома дорад.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, симҳое, ки барои марзбандӣ ҳоло истифода мекунанд, дар корхонаи махсус дар шаҳри Норак омода мешавад.
Иброҳим Мирзода, раиси шаҳри Норак мегӯяд, ин ягона корхона дар Тоҷикистон дар замони соҳибистиқолӣ аст, ки барои марзбандӣ маҳсулот истеҳсол мекунад.
Дар мавзеъҳои тезоб, мисли ноҳияи Дарвоз, марз бо Афғонистонро танҳо рӯди Панҷ ҷудо мекард ва симхоре вуҷуд надошт. Ҳоло дида мешавад, ки онҷо ҳам марзро сим мекашанд.
Масъулини корхонаи вижа дар шаҳри Норак мегӯянд, кори онҳо зиёд шудааст ва бояд бештар маҳсулот истеҳсол кунанд.
Ба гуфтаи Иброҳим Мирзозода, раиси шаҳри Норак, кор ҳоло дар сатҳи хуб ба роҳ мондааст шудааст ва маҳсулотро омода карда, ба минтақаҳои марзӣ мефиристанд.
Корхонаи бофтани сим барои марзбандӣ дар шаҳри Норак 170 нафар коргар доштааст. Симтурҳои нави истеҳсоли ин корхона аз симхорҳои замони шӯравӣ фарқи зиёд дорад. Онҳо шабеҳи панҷара ҳастанд, ки ба гуфтаи мақомот, убур аз онҳо мушкил аст.
Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр марз дорад. Аксари минтақаҳои душворгузари ин қитъаи марзӣ ҳанӯз марзбандӣ нашудааст.
Интихоботи порлумонии Маҷористон. Орбан дар хатар аст
Мардуми Маҷористон (Венгрия) рӯзи якшанбе, 12 апрел барои раъй додан дар интихоботи порлумонӣ, ба ҳавзаҳои интихоботӣ рафтанд. Ин интихобот метавонад ба ҳукумати 16-солаи нахуствазири ин кишвар Виктор Орбан поён диҳад.
Орбан ки 16 сол аст қудратро дар ин кишвари аврупоӣ дар даст дорад ва худро "хор"-е дар чашми Иттиҳоди Аврупо медонад, ин бор бо Петр Мадяр, номзади муҳофизакор, аммо тарафдори Аврупо, рақобат мекунад, ки ба мардуми кишвараш ваъдаи "тағйири низом"-ро додааст.
Дар назарсанҷиҳои чанд моҳи ахир, Мадяр, раҳбари 45-солаи мухолифон, аз Орбан пештоз аст.
Виктор Орбан, ки ҳатто бархе аз раҳбарони Аврупо ӯро "диктатор" хитоб мекунанд ва ҳамеша аз ҳомиёни Владимир Путин дар Иттиҳоди Аврупо будааст, аз пуштибонии Доналд Трамп ҳам бархӯрдор мебошад. Доналд Трамп ҳафтаи гузашта муовини худ Ҷей Ди Венсро барои эълони ҳимоят аз ӯ ба Маҷористон фиристода буд.
Орбани 62-сола, ки худ фаъолияти сиёсиашро аз оппозитсияи Маҷористон оғоз карда, замоне тарафдори демократияи ғарбӣ буд, ташаббускори истилоҳи "демократияи ғайрилибералӣ" аст. Навъе низоми ҳукмронӣ, ки дар он раҳбар пас аз пирӯзӣ дар интихобот рафта-рафта системаи назоратӣ дар кишварро заъиф мекунад ва озодиҳои шаҳрвандӣ ва фардиро коҳиш медиҳад.
Ҳар ду тарафи рақобатҳои интихоботӣ дар ин кишвари Аврупои Марказӣ дар ҳафтаҳои гузашта иттиҳоми дахолати хориҷӣ дар интихоботи кишвари худро матраҳ карданд.
Дар ҳамин замина, Ҷей Ди Венс, ки барои ҳимоят аз корзори Виктор Орбан ба Будапешт, пойтахти Маҷористон рафта буд, дар як суханронӣ "бюрократҳои Брюссел" -ро (ишора ба Иттиҳоди Аврупо) ба дахолат дар умури Маҷористон муттаҳам кард.
Орбан ки ҳамеша худро аз мухолифони сиёсатҳои Иттиҳоди Аврупо нишон дода ва муттаҳам аст, ки дар даврони зимомдориаш ба фасоди ҳарчи бештар дар ҳукумат доман задааст, мехоҳад барои панҷумин бор нахуствазири Маҷористон шавад.
Дар муқобил, Петр Мадяр ки аз ҳизби Виктор Орбан ҷудо шуда буд ва ду сол пеш по ба арсаи фаъолиятҳои сиёсӣ дар муқобили ҳизби ҳокими Маҷористон гузошт, ба мардум ваъдаи ислоҳоти иқтисодӣ додааст.
Ӯ дар ду моҳи гузашта бо сафар ба гӯшаву канори Маҷористон аз мардум хостааст, ки "ватанамонро бозпас бигирем" ва ваъда додааст, ки фасодро решакан кунад.
Маҷористон бо 9,5 миллион аҳолӣ дар даврони зимомдории Виктор Орбан ба фақиртарин кишвари аврупоӣ табдил шудааст.
Иттиҳоди Аврупо Орбанро муттаҳам мекунад, ки ба таври систематикӣ мухолифони сиёсиро дар кишвар саркӯб карда, ба қонунмандӣ зарба задааст. Ба ақидаи бисёре аз коршиносон, "аксари аъзо"-и Иттиҳоди Аврупо аз рафтани Орбан "хушҳол хоҳанд шуд".
Мулоқоти ҷудогонаи Шаҳбоз Шариф бо муовини Трамп ва ҳайати Эрон
Сарвазири Покистон, Шаҳбоз Шариф дар Исломобод бо муовини раиси ҷумҳури ИМА, Ҷей Дӣ Вэнс ва ҳайати Эрон дар алоҳидагӣ дидору мулоқот кардааст.
Ҳадаф аз ин дидор ва ҷамъ омадани ҳайатҳо дар Покистон поён додани даргирии Амрикову Исроил бо Эрон аст.
Ҷузъиёти мулоқот бо муовини Доналд Трамп, ки раҳбарии ҳайати Амрикоро бар дӯш дорад, ҳанӯз маълум нест. Дар ин гуфтугӯҳо фиристодаҳои вижаи Доналд Трамп — Стив Виткофф ва Ҷаред Кушнер низ ҳузур доранд, ки ба маънии муҳимияти ин сафар барои Кохи Сафед аст.
Шаҳбоз Шариф дар миёни ду тими музокиракунанда нақши миёнрави асосиро иҷро мекунад. Вай дар дидор бо Вэнс гуфтааст, умедвор аст, гуфтугӯҳои рӯзи шанбе “санги бинои сулҳи пойдор дар минтақаро мегузорад”.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории “Форс”, ки ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ наздик аст, аз қавли манобеи ҳукуматии Эрон хабар дод, ки ҳайати Теҳрон пас аз анҷоми гуфтугӯ бо Шаҳбоз Шариф, ҳоло масъалаи баргузории музокироти мустақим ё ғайримустақим бо тими Амрикоро баррасӣ дорад.
Агар ин дидор сурат бигирад, он метавонад як таҳаввули бесобиқа ва таърихӣ дар равобити ду кишвар бошад. Ҳоло ҷаҳон бо диққат ба натиҷаи музокирот дар Исломобод чашм духтааст.
Пешбинии Бонки Осиёии Рушд дар бораи иқтисоди Тоҷикистон
Бино ба пешгӯии тозаи Бонки Осиёии Рушд, интизор меравад, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои 2026 ва 2027 босубот ё баланд боқӣ монад.
Дар гузориши нави Бонки Осиёии Рушд, ки рӯзи 10-уми апрел нашр шуд, омадааст, рушди бахши саноат ва хидматрасонӣ аз омилҳои асосии афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар ду соли оянда хоҳад буд.
Бонки Осиёии Рушд пешбинӣ кардааст, ки Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2026 7,4 дарсад ва соли 2027 6,8 дарсад боло хоҳад рафт. Ин дар ҳолест, ки соли 2025 ин рақам ба беш аз 8 дарсад баробар буд.
Ба бовари коршиносони бонк, сатҳи таваррум дар ду соли оянда аз 4 то 4,5 дарсад хоҳад расид. Боло рафтани талабот ба қарзҳои истеъмолӣ, афзоиши интиқоли пули муҳоҷирон, зиёд шудани маоши кормандони давлатӣ ва пули барқу об аз омилҳои асосии болоравии сатҳи таваррум дар кишвар гуфта мешаванд.
Ко Сакамото, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон гуфтааст, “рушди босуръати иқтисоди Тоҷикистон барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ имкониятҳои бештар фароҳам меорад”.
Бино ба гузориши нави ин ниҳоди молиявӣ, ҳарчанд кишвар солҳои ахир дар бахши истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон рушди қобили мулоҳизае доштааст, аммо иқтисоди кишвар ҳанӯз ба мушилиди ҷиддӣ, он ҳам маҳдуд будани маҳсулоти дохилӣ рӯбарӯст.
Таҳлилгарон ҳам ба он таъкид мекунанд, ки иқтисоди Тоҷикистон пойбанди бозори хориҷист ва аксари молу маҳсулоти ниёзи мардум воридотӣ буда, ҳар тағйир дар берун метавонад, таъсири ҷиддие ба рушди иқтисод дошта бошад.
Дар Қирғизистон мардеро баъди 16 рӯз аз чоҳ ёфта, берун оварданд
Дар Қирғизистон як мардро баъд аз 16 рӯз аз дохили чоҳи қубурҳои об пайдо карда, зинда берун оварданд. Ин ҳодиса наҷотбахшону сокинонро ҳайратзада кард. Марди 65-сола, ки 16 рӯз дар чоҳе бо чуқурии 18-метр дармонда буд, ба таври муъҷизаомез наҷот ёфт.
Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Ботканд ба Aiym.news гуфтаанд, мард рӯзи 22-юми март барои тафтиши қубурҳои обу таъмири он ба чоҳ фаромада буд. Аммо яке аз пояҳои зинапоя шикаста, роҳи бозгашти ӯ ба берун баста шудааст.
Чоҳ дар ҳавлии як бинои кӯҳна ҷойгир буд ва садои кӯмакхоҳии мардро касе нашунидааст. Ҳамин тавр вай бе ғизо ва дар сардӣ 16 рӯз дармонда, нерӯ ва садояшро қариб аз даст додааст.
Ба гуфтаи наҷотбахшон ягона чизе, ки мардро наҷот дод, ин буд, ки чоҳ об дошт. Кӯдаконе, ки барои бозӣ ба ин макон омада буданд, тасодуфан садои ӯро шунида ба сокинону наҷотбахшон хабар додаанд. Мардро аз чоҳ берун оварда ба беморхона интиқол доданд. Ҳоло вазъи сиҳатияш хуб арзёбӣ мешавад.
Даргузашти Латиф Ҳадязода, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ
Латиф Ҳадязода, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ки солҳои охир бемор буд, дар ҳафтодсолагӣ даргузашт.
Маросими видоъ ва дафни ӯ рӯзи даҳуми апрел дар Душанбе баргузор шуд.
Ҳадязода раиси ташкилоти "Тамаддун" ва аз бунёдгузорони Анҷумани созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон буд ва чанд дафъа дар масъалаҳои гуногун бо Радиои Озодӣ суҳбат кардааст.
Аз ҷумла, соли 2014, вақте Шӯрои уламои Тоҷикистон дигарандешӣ, эътироз ва балворо "гуноҳи кабира" хонд, Латиф Ҳадязода гуфт, “асри 19 нест. Давлати мо ҳам давлати динӣ нест.”
Аз он пеш, дар соли 2010 ва дар пайванд ба кори вакилони порлумон чунин гуфта буд: "Аксар вакилоне, ки интихоб мешаванд, мутаассифона, ё вакилони гузашта ҳастанд ё он нафароне, ки дар мақомот ё раҳбарӣ буданд, аммо кори намоёну шоистае накардаанд. Дар натиҷа, ин ҳам электорати моро як андоза дилсард кардааст."
Латиф Ҳадязода дар гузашта дар Радиои Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ кор карда, дар Афғонистон афсари тарҷумон будааст.
Русия модари Тӯтишо Амиршоевро ба Душанбе супурдааст
Амчигул Амиршоева, модари Тӯтишо Амиршоев, ҷавоне, ки соли 2021 дар эътирозҳои Хоруғ кушта шуда буд, дар Русия дастгир ва ба мақомоти Тоҷикистон супурда шудааст.
Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми апрел гуфтанд, ки Амчигул Амиршоева пас аз кушта шудани фарзандаш мақомоти тоҷикро дар шабакаҳои иҷтимоӣ танқид мекард ва дар пайгард қарор дошт. Ба гуфтаи онҳо, ин зан ҳоло дар як боздоштгоҳ дар шаҳри Душанбе қарор дорад.
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз хабари боздошт ва Душанбе оварда шудани Амчигул Амиршоеваро тасдиқ ё рад накардаанд.
Рӯзноманигори мустақил Анора Саркорова, ки ҳодисаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, 9-уми апрел дар Фейсбук навишт, ки ин зан бо дархости ҷониби Тоҷикистон рӯзи 6-уми апрел дар Русия боздошт ва маҷбуран ба Душанбе оварда шудааст.
Ба навиштаи ӯ, дар боздошти Амиршоева кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва Тоҷикистон иштирок доштаанд.
Амчигул Амиршоева пас аз марги фарзандаш ба Русия рафта, дар онҷо кору зиндагӣ мекард.
Ба гуфтаи наздиконаш, Тӯтишо Амиршоеви 23-сола рӯзи 25-уми ноябри соли 2021 дар Хоруғ дар як эътирози осоишта аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ кушта шуд, вале мақомот пайваста мегӯянд, онҳоеро “безарар карданд", ки муқобилияти мусаллаҳона нишон додаанд.
Амчигул Амиршоева зодаи ноҳияи Роштқалъаи Бадахшон пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ навору акс аз писараш нашр карда, мақомоти тоҷикро танқид мекард.
Эътирозҳо дар Хоруғ рӯзи 25-уми ноябри соли 2021 пас аз он сар шуд, ки як сокини 29-солаи ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков дар амалиёти мақомот кушта шуд. Сокинон дар Хоруғ аз мақомот хостанд, омилони қатли Зиёбековро дастгир кунанд.
Ин эътирозҳо, ки аз охири соли 2021 то нимаи соли 2022 давом кард, дар умум боиси боздошт ва кушта шудани даҳҳо сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуд.
Як марди тоҷикро дар Лондон ба дастдарозӣ муттаҳам кардаанд
Як марди 50-сола аз Тоҷикистон ба дастдарозӣ ва талоши таҷовуз ба номуси духтари 13-сола дар Бритониё айбдор шудааст.
Аз ӯ Абдулманнон Алиев ном бурда мешавад. Мавқеи мард ва наздиконаш ба боздошту иттиҳоми зидди ӯ маълум нест. Ҳукми додгоҳ рӯзи 17-уми июни имсол содир хоҳад шуд.
Пулиси Лондон 9-уми апрел хабар дод, ки Абдулманнон Алиев моҳи июни соли 2025 дар дохили қатор (поезд) нисбат ба як духтари ноболиғ ба “ҷинояти нафратовар” даст зада, ба “дастдарозӣ, се мавриди талоши робитаи ҷинсӣ ва қасди таҷовуз ба номус муттаҳам аст”.
Мақомоти Бритониё гуфтаанд, ин мард дар аввал талош кардааст, бо духтари ҷавон, ки аз Саутенд ба Лондон мерафт, бо тарҷумони онлайнӣ суҳбат кунад. “Духтари ноболиғ аз ӯ фирор карда, ҷойи нишасташро тағйир дод, вале Алиев ӯро таъқиб карда, дар паҳлӯяш нишаст ва ба ӯ иҷозаи ҳаракат надод,” – гуфта шудааст дар хабарномаи пулис.
Дар идома омадааст, “Алиев ба наврас дарафтода, ӯро то расидан ба Лондон озори ҷинсӣ додааст. Духтар пас аз пойин шудан аз қатор ҳодисаро ба дигарон нақл кард ва онҳо ба полис хабар доданд.”
Маъмурони пулис марди тоҷикро рӯзи 27-уми июни соли гузашта дар як маҳаллаи канори Лондон пайдо ва боздошт кардаанд. Элизабет Кэхил, муфаттиши пулиси Лондон, гуфтааст, Алиев нисбат ба як кӯдак ҷинояти “нафратовартарин”-ро раво дид. Ӯ ин мардро “даррандаи манфур” номидаааст, ки “дар пайи шуҷоат нишон додани ҷабрдида чеҳрааш ошкор шуд”.
Расонаҳо навори лаҳзаи боздошти мардро нашр кардаанд. Дар он дида мешавад, ки ӯ зоҳиран забони англисиро намедонад ва нафаре бо забони англисӣ мегӯяд, ки "ҳоло далели боздоштро барояш тарҷума мекунад".
Назари наздикони ин мард дар Тоҷикистон ба боздошти ӯ дар Лондон маълум нест. Вай дар саҳифааш дар Фейсбук аз соли 2023 ба ин сӯ чанд аксро аз Лондон нашр карда, ҷойи зисташро ин шаҳр сабт кардааст. Маълум нест, ӯ аз кадом тариқ ба Бритониё рафтааст ва онҷо чӣ кор мекунад.
Ҳанӯз дақиқ нест, ки додгоҳ нисбат ба ӯ чӣ ҳукм содир хоҳад кард, вале барои муттаҳамони чунин ҷиноят дар Бритониё маъмулан ҷазои сангин медиҳанд.
Камол Харрозӣ, ки дар ҳамлаи Исроил захмӣ шуда буд, даргузашт
Камол Харрозӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии Эрон ва раиси Шӯрои раҳбурдии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломӣ, беш аз як ҳафта пас аз ҳадаф қарор гирифтан дар ҳамлаи Исроил ба хонааш дар Теҳрон, даргузашт.
Рӯзи 1 апрел хонаи Камол Харрозӣ ҳадафи як ҳамла қарор гирифт, ки дар ҷараёни он, ҳамсари вазири хориҷии пешини Эрон кушта шуд, аммо худи ӯ ба шиддат маҷрӯҳ шуда буд ва дар бемористон қарор дошт.
Камол Харрозӣ, ки дар замони даргузашт 82-сола буд, даҳ сол раҳбарии Хабаргузории давлатии "ИРНА"-ро бар ӯҳда дошт ва пас аз он, ҳашт сол сафири Ҷумҳурии исломӣ дар СММ буд.
Камол Харрозӣ дар даврони президентии Муҳаммад Хотамӣ, аз 20 августи соли 1997 то 24 августи соли 2005 вазири корҳои хориҷии Эрон буд.
Дар солҳои ахир ба унвони раиси Шӯрои раҳбурдии сиёсати хориҷӣ ва мушовири Алии Хоманаӣ, раҳбари пешини Ҷумҳурии исломӣ, шинохта мешуд.
Тарҳи нави вакилони рус барои ихроҷи муҳоҷирон
Вакилони Думаи давлатии ё порлумони Русия талош доранд сабабҳо ё асос барои рондани муҳоҷиронро ду баробар бештар кунанд. Дар ин бора Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия дар телеграмканали худ хабар дод.
Вай таъкид кард, ки тарҳи қонуни нав дар ин бора барои баррасӣ омода мешавад. Ба таъкиди ӯ, аз соли 2024 дар кишвар барои сахттар кардани сиёсати муҳоҷират 22 қонун қабул шудааст. Аксари ин қонунҳоро вакилони порлумон бо ҳадафи пешгирӣ аз вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Русия омодаву пешниҳод кардаанд.
Дар ҳоли ҳозир, муҳоҷирон дар Русия бар асоси 22 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ихроҷ карда мешаванд. Аз ҷумла, барои нақзи қоидаҳои муҳоҷират, даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо.
Аммо дар лоиҳаи нави қонун пешниҳод шудааст, ки бар асоси 43 модда муҳоҷирон бояд аз кишвар хориҷ карда шаванд. Яъне вакилон мехоҳанд, барои нақзи тартиботи ҷамъиятӣ, итоат накардан ба талаби маъмурони пулис ва эҷоди монеа дар кори нақлиёту зерсохторҳо низ муҳоҷиронро ихроҷ кунанд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, соли гузашта 72 ҳазор муҳоҷир барои қонуншиканӣ аз ин кишвар ронда шудаанд.
Боздошти 13 муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ дар Амрико
Сездаҳ зодаи Осиёи Марказиро дар Амрико боздошт карданд. Бино ба иттилои Шабакаи телевизионии 11 News, муҳоҷирон дар аёлати Пенсилвания аз сӯи кормандони Хадамоти муҳоҷират ва назорати гумруки ИМА (ICE), дастгир шудаанд.
Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, ҳодиса дар пайи шикояти сокинон ба пулис сурат гирифтааст.
Зодаҳои Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон бо мошинҳои борбари худ дар назди маркази додани санади ронандагӣ дар шаҳри Киттэнинг ҷамъ омадаанд ва ин мардуми маҳаллиро нигарон кард ва сабаби муроҷиат ба пулис шуд.
Ба иттилои мақомот, дар миёни муҳоҷирони боздоштшуда афроде будаанд, ки ягон санади расмӣ барои будубош дар Амрикоро надоштаанд.
Шабакаи телевизионии ABC гузориш дод, ки яке аз боздоштшудагон ҳангоми амалиёт саркашӣ ва ба корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамла кардааст. Чанд нафари дигар мошинҳои худро партофта, пинҳон шудаанд. Ҳоло маълум нест, ки боздоштшудаҳо дар куҷо нигаҳдорӣ мешаванд.
Боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз қаламрави ИМА аз сиёсатҳои президент Доналд Трамп аст. Рӯзи 11 март 72 зодаи Узбекистонро барои будубоши ғайриқонунӣ аз Иёлотти Муттаҳидаи Амрико ба ватанашон баргардонданд.
Трамп гуфт, нерӯҳои амрикоӣ дар минтақа мемонанд
Президенти Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки нерӯҳои амрикоӣ то замони даст ёфтан ба як "созиши ҳақиқӣ" дар "дохил ва атрофи Эрон" хоҳанд монд.
Зеро ба бовари Трамп, оташбаси шикананда байни Амрико ва Эрон асосан бинобар ончи Вашингтон "суитафомҳум" дар мавриди онки оё ин оташбас шомили "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон мешавад, номуайян аст.
"Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, ки як гурӯҳи ниманизомӣ аст, аз сӯи Эрон ҳимоят мешавад ва Амрикову Исроил онро гурӯҳи террористӣ медонанд. Ин гурӯҳ дар порлумони Лубнон намояндагони худро дорад.
Доналд Трамп рӯзи 8-уми апрел дар шабакаи Truth Social айни ҳол ибрози боварӣ кард, ки созиши пойдор бо Эрон ба даст хоҳад омад ва иҷро хоҳад шуд.
Ӯ афзуд, агар ба ҳар далеле чунин нашавад, ки ба гуфтаи ӯ "аз эҳтимол дур" аст, даргирӣ дар сатҳе "бисёр калонтар, бартар ва қудратмандтар аз ҳар ончӣ то кунун дида шудааст", оғоз хоҳад шуд.
Қарор аст ҳайатҳои Эрон ва Амрико рӯзи 10-уми апрел дар Исломобод, пойтахти Покистон пойи мизи музокирот биншинанд. Тарафҳо баъд аз 40 рӯз ҷанг, 8 апрел ба оташбаси дуҳафтаӣ розӣ шуданд.
Бо вуҷуди онки Амрико ва Эрон ҳар ду дар ҷанге, ки шаш ҳафта давом кард ва ҳазорон кушта ба ҷой гузошт, эълони пирӯзӣ кардаанд, ихтилофоти асосӣ ҳанӯз ҳал нашудааст ва ҳар ду тараф ба хостаҳои худ барои даст ёфтан ба созише, ки метавонад ояндаи Ховари Миёнаро шакл диҳад, пофишорӣ мекунанд.
Зиёратшо Қаландаровро кӣ кушт? Таҳқиқи ҳодисаи 32 сол пеш
Мақомот ба таҳқиқи куштори Зиёратшо Қаландаров, раиси пешини "совхози 40-солагии Камароб" дар минтақаи Рашт, шуруъ кардаанд.
Ин ҳодиса дар соли 1994 дар авҷи ҷанги дохилии Тоҷикистон рӯй дода, яке аз гумонзадҳо Шарифи Ширинҷон нав дастгир шудааст.
Шарифи Ширинҷон, машҳур бо лақаби "Шарифи Каллабур", яке аз размандагони собиқи нерӯҳои мухолифин будааст.
Талоши мо барои суҳбат бо наздикони ӯ натиҷа надод.
Зоиршо Қаландаров, писари Зиёратшо Қаландаров, рӯзи 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар қатли падараш ду нафари дигар гумонзад ҳастанд.
"Чанде пеш Шарифи Ширинҷонро ба хонаи мо оварда, дар бораи шеваи ба қатл расондани падарам пурсиданд ва ба навор гирифтанд. Гуфт, се нафар буданд ва мусаллаҳ. Вориди хонаи мо шуда, падарамро куштаанд," – афзуд Зоиршо Қаландаров. Худи ӯ дар вақти ҳодиса ҳашт сол доштааст.
Ангезаи куштор маълум нест.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо далели идомаи тафтиши ҳодиса ҷузъиётро нагуфтанд.
Пайвандони Зиёратшоҳ Қаландаров мунтазири таҳқиқи пурра ва мунсифона ҳастанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта дар бораи боздошт ва ҳабси баъзе аз афроди муттаҳам ба содир кардани ҷиноят дар замони ҷанги дохилӣ хабар додаанд.
Аз ҷумла, Додгоҳи шаҳри Бохтар ду сол пеш Юсуф Солиҳов, сокини ноҳияи Хуросонро бо гуноҳи куштори гурӯҳӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба 12 сол зиндон маҳкум кард.
Баъзе аз ҷиноятҳои ҳодисаи сӣ сол пеш дар Тоҷикистон ҳанӯз нокушода мондааст.
Қирғизистон мехоҳад, садҳо зиндониро аз Русия баргардонад
Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ният доранд имсол 580 шаҳрванди ин кишварро, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд, барои идомаи маҳкумият ба ватан баргардонад.
Дар ин бора Максат Асаналиев, Додситони кулли Қирғизистон рӯзи 7-уми апрел дар порлумон гуфт, ҳоло дар ин маврид корҳо идома доранд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф ин аст, ки ин маҳкумшудаҳо мӯҳлати боқимандаи адои ҷазоро дар маҳбасҳои дохили Қирғизистон гузаронанд.
Ба иттилои Додситони кул, дар ҳоли ҳозир беш аз 1423 шаҳрванди Қирғизистон дар зиндонҳои хориҷи кишвар қарор доранд. 1126 нафари онҳо дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд. Аксари онҳо бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шудааст.
Дар ду соли гузашта ҳудуди 350 зиндониро аз Русия ба Қирғизистон истирдод додаанд.
Маҳбусон ва наздикони онҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ борҳо аз мақомоти кишварҳои худ хостанд, онҳоро барои идомаи адои ҷазо ба ватан баранд.
Дар порлумони Қирғизистон ҳам ин мавзӯъ чандин бор матраҳ шудааст.