Дар Қирғизистон фаъолони маданӣ муҷозоти блогереро талаб доранд, ки ба гуфтаи онҳо, зани кушташударо таҳқир кардаст. Айзирек Эралиева ҳафтае пеш аз сӯйи шавҳараш кушта шуд. Ҳодиса сару садои зиёде ба по кард, аксарият ин амали мардро маҳкум карданд, вале онҳое ҳам буданд, ки худи қурбониро айбдор намуданд.
Бо гузашти як ҳафта аз марги фоҷеабори Айзиреки 38-сола, баҳсу вокунишҳо атрофи ин қазия дар Қирғизистон хомӯш намешавад. Ин ҷиноят мавҷи интиқоду эътирозҳои ҷомеаро ба миён овард ва дар баробари изҳори ҳамдардӣ, бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ худи зани кушташударо айбдор карданд.
Блогери қирғиз Айбек Уланов яке аз онҳост. Корбарон ӯро ба таҳқири зан гунаҳкор мекунанд. Дар яке аз навиштаҳои худ вай гуфтааст: “Агар шумо фаҳмидед, ки ҳамсари шумо дар маросими 20-солагии хатми мактаб бо яке аз ҳамсабақон ҳамхоба шудааст, чӣ вокуниш мекардед?”
Дар шабакаҳо ин ҳарфҳои блогерро чун талоши сафед кардани қотил ва гунаҳкор намудани зан арзёбӣ карданд. Пас аз мавҷи эътирозҳо, блогер ба шӯъбаи пулис даъват шуд. Дертар навори узрхоҳии Уланов нашр шуд.
Айбек Уланов, аз ҷумла, гуфт: “Дареғ, шумо маро нодуруст фаҳмидед. Он ҷо суоли тахминӣ матраҳ буд, ва ба тасвире, ки ҳуши маснуӣ сохта буд, рабте надошт. Мехоҳам аз хонаводаи зани фавтида узр пурсам ва ҳамдардӣ баён мекунам.”
Вале ин узрхоҳӣ фаъолонро қонеъ накард ва онҳо талаб доранд, ки блогер ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Онҳо мегӯяд, ин сухани блогер метавонад дар асоси чанд банди Кодекси маъмурӣ ва ё ҳатто кайфарӣ баррасӣ шавад. Бо ин талаб ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ имзо ҷамъоварӣ доранд ва мехоҳанд, рафтори Уланов парванда шавад.
Шердор Абдукапаров вакили дифоъ аст. Ӯ мегӯяд: “Ман як аризаи дастаҷамъӣ барои раёсати корҳои дохилӣ омода кардам. Мо хоҳиш дорем, ки нисбати Айбек Уланов парванда боз шавад. Якум - барои паҳн кардани маълумоти беобрӯкунанда дар бораи марҳум ва барангехтани ҳисси нафрату бадбинӣ. Дуюм – барои ошкоро сафед кардани куштор ва нашри маълумоти бардурӯғ ба ҷавобгарӣ кашида шавад, то ин ҳолат барои дигарон дарс гардад».
Айзирекро шавҳараш аз рашк бо тири туфанг ба қатл расонидааст. Ҳодиса пас аз маросими 20-солагии хатми мактаб рух дод. Ҳамсарон, ки соҳиби 5 фарзанданд, дар Қарақулҷини ноҳияи Ӯш зиндагӣ мекарданд. Ҷамъомади ҳамсабақон дар Узген, яъне дар мактабе гузашт, ки Айзирек онро хатм кардааст. Ба гуфтаи шоҳидон, шавҳар аз рашк, ҳатто дар ҷамъомади мактабӣ ҳам як қадам аз ҳамсараш ҷудо намешуд. Баъди ин чорабинӣ онҳо ба хона рафтанд ва дар шабнишиние, ки дар тарабхона гузашт, ҳузур надоштанд. Шоми ҳамон рӯз наздикони занро хабари марги Айзирек ба ваҳшат овард. Бо марг поён ёфтани боз як хушунати хонаводаӣ ҷомеаи қирғизро такон дод.
Омӯзгор Асилбек Ҷоодонбеков гуфт: “То замоне, ки ҷомеа, ҳар як узви ҷомеа хушунатро маҳкум накунад, масъала ҳамчунон боқӣ хоҳад монд. Муҳим нест, ки ту хеши он касӣ ё ҳамсоя, бояд нисбати чунин афрод ва дар умум хушунати хонаводагӣ комилан таҳаммулпазир набошӣ. Яъне як фазое бояд сохт, ки вақте шахс мехоҳад ба кӯдакони бегуноҳ ва зан даст бардорад, бояд донад, ки радди маърака мешавад. Вале аз ҳама муҳим бояд қонунҳо амал кунад”
Шавҳари Айзерик боздошт шуд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёриҳо ба ин суол посух меҷӯянд, ки чаро марги занон бо дасти шавҳаронашон дар кишвар идома дорад? Чаро хушунати хонаводагӣ чун “кори як оилавӣ” дониста мешавад?
Фаъоли занон Ойҷон Мирсан мегӯяд: “Вақте мо дар бораи тӯй гап мезанем, мо намегӯем, ки ин “ба ҳам пайвастани ду нафар аст”, мо мегӯем, ки “арӯс овардем ё зан гирифтам.” Вақте мо инро дар тасаввури худ ислоҳ мекунем, вақте дар баҳамоии ду нафар дидани ишқу эҳтиром ва эътимодро меомӯзем, ана ҳамон вақт мумкин аст чизе тағйир ёбад”.
Фаъолон талаб доранд, ки дар баробари қотили Айзирек, шахсоне ҳам, ки талоши айбдор кардани мақтул ва барангехтани нафратро доранд, муҷозот шаванд. Бино ба иттилои Хадамоти ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар чор моҳи имсол, дар ин кишвар беш аз 6 ҳазор мавриди хушунати хонаводагӣ сабт шудааст. Дар қиёс бо соли гузашта, ин 36 дар сад бештар будааст.
Гуфтугӯ