Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шуморе аз ҷангҷӯёни Толибон вориди Кобул шуданд. ВИДЕО


Идораи пулиси Кобул – пойтахти Афғонистон – гуфт, ки рӯзи 16-уми июн шуморе аз ҷангҷӯёни Толибон бо супурдани силоҳҳои худ вориди шаҳр шудаанд. Ҳашматуллоҳ Станакзай, сухангӯи идораи пулис, рӯзи шанбе дар суҳбат бо бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, ин кор бар асоси оташбаси миёни ҳукумат ва Толибон имконпазир шудааст.

Як коршинос гуфт, дохил шудани шуморе аз ҷангҷӯёни Толибон ба минтақаҳои зери назорати ҳукумат “тасодуфӣ не, балки натиҷаи гуфтугӯҳои пинҳонӣ миён ду тараф аст”.

Ӯ афзуд, “масъулони маҳаллӣ дар шумори зиёде аз вилоятҳои кишвар бо роҳбарони Толибон диду боздид карданд. Идро муштарак таҷлил намуданд. Шуморе аз Толибон, ки силоҳашонро дар назди дарвозаҳои Кобул супурданд, дохили шаҳр шуданд. Мо чораҳои худро дорем ва ягон мушкили ҷиддӣ вуҷуд надорад. Онҳо хос бар асоси оташбас дохили шаҳр шуданд”.

Ҳашматуллоҳ Станакзай
Ҳашматуллоҳ Станакзай

Ин дар ҳолест, ки Вазорати дифои Афғонистон гуфт, дар вилоятҳои Ғазнӣ, Лугар, Фароҳ ва Бодғис нирӯҳои афғон бо ҷангҷӯёни Толибон аҳволпурсӣ карда ва идро табрик гуфтаанд. Бар асоси бархе гузоришҳо, Толибон дар канори муборакбодии иди сайиди Фитр, якҷо бо нирӯҳои амниятӣ дар масҷидҳои ҷомеъ намоз гузоштаанд.

Амриддин Валӣ, раиси Шӯрои вилоятии Кундуз, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нирӯҳои амниятӣ ва Толибон дар шаҳри Кундуз якҷо нишаста, бо ҳам идро таҷлил кардаанд. Абдулвалӣ Вакил, муовини раиси Шӯрои вилоятии Лугар, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, масъулони маҳаллӣ, амниятӣ ва нирӯҳои дифоӣ бо Толибон ҷамъ шуда, идро ҷашн гирифтаанд. “Онҳо хостори идомаи оташбас шуданд”, - афзуд ӯ.

Абдулвалӣ Вакил гуфт, “масъулони амнияти миллӣ, мақомоти пулис ва артиш ва раҳбарони Толибон паёми муштараки сулҳ ва амонӣ сар доданд.”

Абдулвалӣ Вакил
Абдулвалӣ Вакил

Бар асоси оташбаси эълоншуда аз сӯи ҳукумати Афғонистон дар ҳафтаи гузашта, Толибон тамоми амалиёти низомиашонро то рӯзи севуми ид боздоштаанд. Ҳамчунон ҳукумат ба Толибон иҷоза додааст, ки метавонанд дар рӯзҳои ид дар минтақаҳои таҳти контроли ҳукумат рафта, бо хонаводаҳояшон дидор кунанд.

Як коршиноси масоили сиёсӣ гуфт, дохил шудани шуморе аз ҷангҷӯёни Толибон дар минтақаҳои таҳти назорати ҳукумат “кори тасодуфӣ не, балки натиҷаи гуфтугӯҳои пинҳонӣ миён ду тараф аст”.

Навори видео дар инҷост:

Идгардаки муштараки Толибон ва сарбозони афғон дар Ғазнӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00

Толибон ҳафтаи гузашта ба ҷангҷӯёнашон дастур доданд, ки дар се рӯзи Иди Рамазон оташбасро риоят кунанд ва дар ин рӯзҳо нерӯҳои афғонро ҳадаф нагиранд. Толибон айни замон таъкид карданд, ки нерӯҳои хориҷӣ ба оташбас шомил нестанд ва ба онҳо мисли гузашта ҳамла сурат хоҳад гирифт.

Дар Афғонистон феълан беш аз 15 ҳазор сарбози Амрикову НАТО ё Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ ҷойгир шудаанд. Бо вуҷуди стратегияи нави Амрико бар зидди Толибон, ки раиси ҷумҳур Доналд Трамп соли гузашта қабул кард, ин гурӯҳ ҳамчунон минтақаҳои бузургеро дар Афғонистон зери назорат дорад.

XS
SM
MD
LG