Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як хостаи Толибон - раҳоии тоҷики боздоштшуда бо либоси занона дар Қундуз


Мақомоти маҳаллӣ дар Қундуз мегӯянд, ки яке аз хостаҳои Толибон дар ивази раҳоии 4 марзбони тоҷик, озодии 3 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як узви Ал-Қоида аст, ки қаблан дар ин вилоят бо либоси занона боздошт шуда буд.

Саид Сарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи фармондеҳии амнияти вилояти Қундуз рӯзи 29 декабр дар сӯҳбат ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки музокирот барои раҳоии чаҳор марзбони рабудашудаи тоҷик идома дорад ва хостаи аслии Толибон, раҳоии се тоҷики узви Ал-Қоида ва гурӯҳи Толибон мебошад, ки яке аз онҳо чанде қабл бо либоси занона аз сӯи нерӯҳои амниятии ин вилоят боздошт шуда буд. Ба гуфтаи Саид Сарвар Ҳусайнӣ, ин шахси боздоштшудаи тоҷик то ба ҳол дар Қундуз нигаҳ дошта мешавад.

Сухангӯи фармондеҳии амнияти вилояти Қундуз афзуд, ки ду нафари дигаре, ки Толибон раҳоии онҳоро талаб доранд, афроде мебошанд, ки давоми соли ҷорӣ аз сӯи нерӯҳои амниятии ин вилоят боздошт шуда ва чанд моҳ қабл ба Тоҷикистон супурда шуда буданд.

Вай гуфт, ки то кунун марзбонони рабудашуда тоҷик дар назди Толибон ҳастанд ва талошҳо барои раҳоии онҳо идома дорад. Ба гуфтаи вай, то ба хостаҳои Толибон ҷавоби мусбат дода нашавад, онҳо марзбонони рабудашударо раҳо намекунанд. Оқои Ҳусайнӣ дар посух ба ин суол, ки музокирот бо Толибон ҷиҳати раҳоии марзбонони тоҷикро кӣ пеш мебарад, афзуд, ки дар ҳоли ҳозир ин амр ба дӯши бузургони қавмӣ ва мӯйсафедони маҳал вогузор шудааст.

Чаҳор марзбони Тоҷикистон рӯзи 20-уми декабр, дар ҳоле аз тарафи толибҳо рабуда шуданд, ки бе силоҳ барои ҷамъоварии ҳезум ба соҳили рӯдхонаи Панҷ рафта буданд. Аз он рӯз гуфтушуниди мақомоти афғон бо толибҳо барои озодии асирон шурӯъ шуда, дертар консулгарии Тоҷикистон дар Мазори Шариф ва Сарраёсати нерӯҳои марзбони Тоҷикистон ба ин музокирот шарик шуданд.

Ноҳияи Имом Соҳиби дар қисмати шимолии вилояти Кундуз ҷойгир аст ва бо ноҳияи Қумсангири Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад. Дарёи Ому аз ҳамин сарҳад мегузарад ва ҳамчунон ҷангалзори паҳноваре дар миёни марзи ҳар ду кишвар вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG