Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи футболбозони наврас барои ҷоизаҳои Ғуломҳайдаров


Дар Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол миёни наврасон барои ҷоизаҳои футболбози машҳури тоҷик Владимир Ғуломҳайдаров шурӯъ шуд.

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 19 август мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол миёни наврасон барои ҷоизаҳои футболбози машҳури тоҷик Владимир Ғуломҳайдаров шурӯъ шуд.

Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол миёни наврасон барои ҷоизаҳои Мураббии шоистаи Тоҷикистон, Устоди варзиши СССР Владимир Ғуломҳайдаров футболбозони навраси соли таваллудашон 2002 ширкат доранд.

Дар даври пешакӣ ҳашт даста ба ду гурӯҳ тақсим шудааст. Ба гурӯҳи «А» РШВСМ (Душанбе), «Гимназияи МИИ» (Истаравшан), «Арал» (Абдураҳмони Ҷомӣ) ва «Авиатор» (Душанбе), ба гурӯҳи «Б» «Солор» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), ДЮСШ (Кӯлоб) ва ДЮСШ (Турсунзода) дохиланд.

Дар нахустин даври мусобиқа дар гурӯҳи «А» РШВСМ бар «Арал» бо ҳисоби 2:0, «Гимназияи МИИ» бар «Авиатор» бо ҳисоби 2:1, дар гурӯҳи «Б» «Солор» бар ДЮСШ (Кӯлоб) бо ҳисоби 6:0 ва «Хуҷанд» бар ДЮСШ (Турсунзода) бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд.

Бозиҳо дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ то рӯзи шанбеи 22 август идома хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки футболбози машҳур Владимир Ғуломҳайдаров, собиқ капитан ва сармураббии дастаи «Помир»-и Душанбе, узви дастаи мунтахаби олимпии СССР 19 соли ахир дар шаҳри Алматии Қазоқистон ба сар мебарад.

Шарҳи ҳол

Владимир Ғуломҳайдаров 26 феврали соли 1946 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Вай аз беҳтарин футболбозони тоҷик дар асри XX маҳсуб мешавад. Ӯ солҳои 1964 – 1977 дар ҳайати дастаи «Помир»-и Душанбе (то соли 1970 «Энергетик» ном дошт) бозӣ кардааст.

Вай шогирди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1976) буда, дар «Помир» нимҳимоятгар ва капитани даста буд. Вай дар лигаи якум дар 241 бозӣ 30 тӯб зада, ба қатори даҳ нафар беҳтарин нишонзанҳои даста дохил шудааст. Ду сол (1969- 1970) шарафи дастаи машҳури «Торпедо»-и Маскавро ҳимоя кардааст.

Владимир Ғуломҳайдаров аввалин футболбози тоҷик аст, ки ба дастаи яккачини олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуда, соли 1967 дар ҳайати он дар ҳашт бозӣ се гол задааст.

Қариб 40 сол аст, ки Владимир Ғуломҳайдаров ба ҳайси мураббии футбол фаъолият дорад. Таҳти раҳбарии ӯ соли 1980 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи умумииттифоқии «Гузариш» («Переправа») мақоми аввалро ишғол карда, бо ҷоизаи ҳафтаномаи «Футбол-Хоккей» сарфароз гаштааст.

Хатмкардаи Мактаби олии мураббиёни шаҳри Маскав (1979) солҳои 1980-1983 дар дастаи «Помир» аввал мураббӣ, баъдан сармураббӣ буд. Сипас ӯ тӯли ҳашт сол дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро ба ҳайси сармураббӣ машқ додааст. Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Владимир Ғуломҳайдаров дар солҳои 90-уми асри гузашта низ чанд муддат сармураббии дастаи «Помир», дастаҳои мунтахаби миллию олимпии кишвар ва тими «Саддам»-и Сарбанд буд.

Владимир Ғуломҳайдаров 19 сол инҷониб дар шаҳри Алматии Қазоқистон ба сар мебарад. Вай нахуст сармураббии дастаи “Батир” (Экибастуз) буд. Баъдан ба ҳайси мураббӣ, мураббии калон, сармураббӣ, мураббии мушовир дар дастаҳои «Ғайрат» (Алматӣ), “Тараз” (Ҷамбул) , “Жетису” (Талдиқӯрғон), “Мегаспорт” (Алматӣ), “Локомотив” (Остона) ва “Сункар” (Каскелен) кор кардааст. Феълан нафақахӯр аст. Оиладор, соҳиби ду духтару ду набера мебошад.

XS
SM
MD
LG