Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 10 сол дар Тоҷикистон чӣ тағйир кард?


Дар шабакаҳои иҷтимоӣ “флешмоб”-е таҳти номи “10 Years Challenge” (10 соли чолиш ё даҳ соли санҷиш) дар гардиш аст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз тамоми ҷаҳон аксҳои нав ва 10 сол пеши худро мегузоранд, то муқоиса шавад, ки чӣ тағйироте дидаанд. Дар пасманзари ин, Радиои Озодӣ тасмим гирифт муайян кунад, ки дар даҳ соли охир дар Тоҷикистон чӣ тағйироте дар бахшҳои сиёсату иқтисод ва ҷомеа рух дод.

Дар ин даҳ сол ҳамеша хабарҳо аз “манъ карданҳо” буд. Онҳо тақрибан ба ҳамаи самтҳои соҳаҳои иҷтимоӣ марбут буданд. Фоидаи ин манъ карданҳо бештар ба омори мақомот таъсир кард, на ба зиндагии шаҳрвандони одӣ

СИЁСАТ

Профессор Гузел Майтдинова равандҳои асосии муҳити сиёсии Тоҷикистонро, ки аз соли 2009 то ин дам рух додаанд, ба:

ҷумҳуриявӣ,

минтақаӣ

ва ҷаҳонӣ тақсим мекунад. Ӯ дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ дар гуруҳи аввал “иҷро шудани стратегияи раҳоӣ аз бунбасти иртибототӣ”-ро ворид кард. Майтдинова навишт, “кишвар ҳадаферо ба даст овард, ки ҳанӯз дар солҳои 2000-ум пеш гузошта шуда буд.”

Ба ҷуз ин, коршинос “ба кор даровардани чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун”-ро аз равандҳои муҳими даҳсолаи ахир дар кишвар донистааст. Ба равандҳои минтақаӣ Гузел Майтдинова “тақвияти равобити сиёсӣ бо Узбекистон”-ро ворид кардааст.

Шералӣ Ризоён, коршиноси тоҷик, таъкид мекунад, ки дар солҳои гузашта “сатҳи баланди амният, боло рафтани фарҳанги сиёсӣ ва ҳувияти миллии шаҳрвандон” ба назар мерасад. “Ниҳодҳои давлатии кишвар дар пешорӯи таҳдиду хатарҳои ҷиддии ҷаҳони муосир самаранокии худро ба намоиш гузоштанд. Имрӯз кишвари мо аз ҷиҳати таъмини субот дар қатори кишварҳои пешрафта қарор дорад”, - гуфт ӯ.

Шералӣ Ризоён
Шералӣ Ризоён

Дар ҳамин ҳол, коршиноси рус аз Донишкадаи давлатии равобити байналмилалии Маскав, Алексей Дундич, тағйирот дар вазъи сиёсии Тоҷикистонро чунин баршумурд: “Бо он ки бахше аз мухолифин ба қишри мухолифини ғайриқонунӣ ворид шуданд, то кунун онҳоро доираҳои мушаххасе ҷонибдорӣ мекунанд. Бар ин асос, фишореро, ки фазои дохилӣ болои низом меоварад, дар ҳоли афзоиш аст.”

Дундич ба сифати омилҳои асосии таъсиргузор ба амнияти кишвар, нооромиҳо дар Афғонистон, гардиши маводи мухаддир ва гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро ном мебарад.

Бояд гуфт, дар 10 соли гузашта ҳайати бозигарони асосии саҳнаи сиёсии кишвар ба таври қобили таваҷҷуҳ ба нафъи тақвияти ҳукумати кунунӣ тағйир кардааст. Агар дар соли 2009 дар порлумони Тоҷикистон мухолифон дар симои Ҳизби коммунист ва Наҳзати исломӣ (дувумӣ дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст) ҳузур доштанд, пас, дар 10 сол вазъ ба таври решаӣ тағйир ёфт.

Ҳизбҳои мухолиф аз соли 2015 дигар дар порлумон ҳузур надоранд ва яке аз ин ду ҳизб – наҳзати исломӣ мамнуъ ва террористӣ эълон шуд. Аммо раҳбарияти ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ борҳо гуфтаанд, ки иттиҳомоти мақомот, аз ҷумла дар масъалаи ташкил ва саромягузории ошӯби моҳи сентябри соли 2015 дар Душанбе, ҳеҷ асос надорад.

Эмомалӣ Раҳмон мақоми “Пешвои миллат”-ро дарёфт кард ва ҳаққи ҳамешагии пешбарии номзадиашро ба мақоми президент соҳиб шуд. Ба ҷуз ин, дар саҳнаи сиёсӣ ба сифати чеҳраҳои асаргузор, фарзандони раисҷумҳур, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси дастгоҳи иҷроияи президент Озода Раҳмон зуҳур карданд.

ИҚТИСОД

Коршиноси тоҷик Шералӣ Ризоён дар бахши иқтисод тағйироти муҳимеро мебинад. Ӯ мегӯяд, дар пайи иҷро шудани Стратегияи миллии рушд то соли 2015 сатҳи фақр дар кишвар ба таври назаррас пойин рафт ва таъкид мекунад, қабули стратегияи нав то соли 2030 рушди бештарро фароҳам мекунад.

“Ҳамзамон таваҷҷуҳи ҷиддӣ барои истифодаи васеи зарфияти дохилии инсонӣ ва канданиҳои фоиданок дар самти рушди истеҳсолот низ ба нақша гирифта шудааст, ки он барои рушди соҳаи саноат муҳим мебошад”, - афзуд коршинос.

Дар соли 2009 1 доллар 4,38 сомонӣ арзиш дошт. Дар соли 2019 арзиши он ба 9,44 сомонӣ баробар шуд.

Мувофиқи омори расмӣ, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар соли 2009 беш аз 46 дар садро дар бар гирифта буд, ки беш аз 13 дар сади зери хатти фақр қарор доштаанд. Мувофиқи маълумоти соли 2018 ин нишондод тақрибан 30 фоизро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин, тибқи раддабандии Кумитаи омори байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Тоҷикистон дар ин замина аз ҳама нишондоди поинтаринро дорад.

Иқтисоддони рус, Инна Андроновна, ки ба омӯзиши иқтисоди Тоҷикистон низ машғул аст, гуфт, барои муайян кардани ҳар гуна натиҷаи ислоҳоти иқтисодӣ ва баҳогузорӣ ба блоки иқтисодии кишвар, пеш аз ҳама бояд мушаххас кард, он воқеан то куҷо сатҳи зиндагии шаҳрвандонро хубтар кард.

“Маълум аст, ки дар ҳамаи кишварҳо бархе аз нишондодҳо бо гузашти замон дар пайи тағйир кардани қурби пул боло мераванд. Тоҷикистон аз рӯйи ММД (ВВП) дар ҷойи 147 қарор дорад ва асоси иқтисодро то кунун маблағҳои интиқолии муҳоҷирон ташкил медиҳад. Албатта, рушди мушаххаси содироти барқ вуҷуд дорад, вале дар маҷмуъ ислоҳоти сохторӣ дар иқтисод мисле ки вуҷуд надошт ва ҳоло ҳам вуҷуд надорад”, - мегӯяд коршинос.

Агар ба рақамҳо ва омор таваҷҷуҳ кунем, мешавад тағйироти қобили мулоҳизаеро, ки дар 10 соли ахир рух додаанд, мушоҳида кард:

  • Ҳаҷми буҷаи давлатӣ дар соли 2009 аз рӯйи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон беш аз 5 миллиард сомонӣ (наздик ба 1,2 млрд доллар) будааст. Дар соли 2019 ҳаҷми буҷа то ба беш аз 23 миллиард сомонӣ (2,3 млрд доллар) боло рафтааст.
  • Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2009 20 миллиард сомонӣ (4,8 млрд доллар) буд, ки дар соли 2018 то 68,8 миллиард сомонӣ (7,3 млрд доллар) афзоиш ёфтааст.
  • Ҳаҷми қарзи давлатии Тоҷикистон ҳам боло рафтааст. Агар дар соли 2009 қарзи давлатӣ 1 милиларду 691,3 миллион доллар буд, дар соли 2018 ҳаҷми он ба 2 миллиарду 873 миллион доллар расидааст. Аз ҷумла, қарз аз Чин дар соли 2009 630 миллион доллар буд, ки дар поёни соли 2018 он ба 1,2 миллиард доллар баробар шуд.
  • Дар соли 2009 1 доллар 4,38 сомонӣ арзиш дошт, ки дар соли 2019 арзиши он ба 9,44 сомонӣ баробар шуд.

Дар мавриди суръати рушд ва омори расмии Тоҷикистон Андроновна мегӯяд, маъмулан ҳар қадаре, ки кишвар фақир бошад, ба ҳамон андоза суръати рушд ва нишондодҳои он боло мебошанд, зеро мавриди истифода қарор додани ҳатто як иншооти камарзиш ба омори он таъсир мерасонад. “60 дар сади ҳамаи сармоягузориҳои ворида дар соли 2018 ба саҳми Чин рост меояд. Чиниҳо барои ин ё он тарҳ пул медиҳанд ва ин тарҳҳо дар навбати худ рушди мушаххасе ба омор медиҳанд”, - муътақид аст Андроновна.

БАХШҲОИ ИҶТИМОӢ

Ба гуфтаи коршиносон, соҳаҳои иҷтимоӣ низ шомили тағйироти зиёде шудаанд. Рӯзноманигори тоҷик Абдуазими Абдуваҳҳоб тағйироти асосӣ дар соҳаи иҷтимоиро дар ворид шудани теъдоди зиёди “манъ шуданҳо” ва дахолатҳо дар ҳаёти шахсии шаҳрвандон аз тарафи мақомоти давлатӣ мебинад.

Абдуазими Абдуваҳҳоб
Абдуазими Абдуваҳҳоб

“Дар ин даҳ сол ҳамеша хабарҳо аз “манъ карданҳо” буд. Онҳо тақрибан ба ҳамаи самтҳои соҳаҳои иҷтимоӣ марбут буданд. Ин дар ҳолест, ки фоидаи ин манъ карданҳо бештар ба омори мақомоти марбута таъсир кард, на ба зиндагии шаҳрвандони одӣ”, - мегӯяд Абдуазими Абдуваҳҳоб.

Рӯзноманигор бар ин назар аст, ки манъ карданҳо ва навовариҳоро то кунун ҷомае довталабона напазируфтааст, аз ҷумла қонуни “танзими ҷашну маросим” ва манъи пӯшидани ҳиҷоб ва доштани риш.

Рустам Азизӣ, муовини мудири Маркази исломшиносии Тоҷикистон мегӯяд, ба унвони як мушоҳидагар ду раванди барҷастаро метавонад зикр кунад. Якум, аз диди ӯ, ба вуҷуд омадани Маркази миллии тестӣ, ки низоми ворид шудан ба макотиби олиро “беҳтар кард”.

“Ман дар миёни донишҷӯёнам нафаронеро мебинам, ки ба гуруҳҳои буҷавӣ дар риштаҳои пурнуфуз ворид шудаанд. Онҳо 10 сол пеш наметавонистанд дар ин ҷойҳо комёб шаванд. Ин як тағйироти боарзиш ва раванди мусбат мебошад”, - гуфт Азизӣ.

Раванди дувум ба назари ӯ, талошҳои давлат дар бахши танзими анъана ва маросим аст. Вай афзуд, “ба назар мерасад, ки давлат дахолат мекунад ва мехоҳад ин ҳавзаро ба тартиб биоварад, аммо натиҷаҳо духӯраанд. Бахши фасод рушд мекунад, бештари анъанаҳо, ки фарҳанги моро ташкил медиҳанд, аз байн мераванд. Вале ба ҷойи онҳо ягонасозии анъанаҳои умумӣ ва маросим сурат мегирад, ки барои сохтани ҳувияти нав омили мусбате мебошад”.

Рустам Азизӣ
Рустам Азизӣ

Ба сифати омили доимии соҳаи иҷтимоӣ Рустам Азизӣ муҳоҷират ва вуруди ифротагроӣ дар солҳои ахир ба онро ном мебарад.

Аз соли 2016 ба ин сӯ дар қонунгузории кишвар меъёре ворид карда шуд, ки гузоштани ному насаб назорат мешавад ва ҳамчунин феҳрасти ягонаи номҳои тоҷикӣ тартиб шуд, ки шаҳрвандон бояд аз онҳо кор бигиранд.

Ҳамчунин барои ворид кардани китобҳо бидуни иҷозаи махсус, пӯшидани либосҳои ғайримиллӣ ва таҷлили занги охирин дар хатми мактаб ва ғайра низ мамнӯъият ҷорӣ карда шуд.

  • Ба ҳамин тартиб, коршиносон тағйироти қобили таваҷҷуҳ дар се соҳаи Тоҷикистонро баҳогузорӣ мекунанд. Ба хулосаи онҳо, дар сиёсати дохилӣ қудрат ва салоҳиятҳои раиси ҷумҳур бештар шуданд. Дар сиёсати хориҷии кишвар ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсоя дар минтақа беҳтар шуд. Дар соҳаи иқтисод, навобаста аз суръати рушде, ки дар омор нишон дода мешавад, дастовардҳо камтар қобили таваҷҷуҳанд ва кишвар мақоми фақиртарин ҷумҳурии минтақаро ҳифз кард. Дар соҳаи иҷтимоъ зиндагии шаҳрвандон бештар вориди маҳдудиятҳо шуд ва дахолати сохторҳои давлатӣ дар зиндагии хусусии онҳо афзуд.
XS
SM
MD
LG