Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакони овардашуда аз Ироқро ба хешонашон медиҳанд, вале на ҳамаро


Мақомоти тоҷик шароити зисти пайвандони кӯдакони ҷангҷӯёнеро меомӯзанд, ки ду моҳ пеш аз Ироқ ба ватан оварда буданд. Бархе аз наздикони кӯдакон мегӯянд, ҳамоно аз дидори овардашудагон маҳруманд ва мумкин аст, онҳоро барояшон надиҳанд.

Ин ҳафта барои 84 кӯдак, ки волидайнашон дар ҷангҳои Ироқ кушта ва ё дар маҳбасанд, сарнавиштсоз хоҳад буд. Комиссия дақиқ хоҳад кард, ки кадоме аз онҳо ба дасти бибиву бобо ва кадоме ба мактабҳои вижа супурда хоҳад шуд.

Ҳамза Турабеков, сокини ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ҳафтаи гузашта хабар ёфт, ки ду наберааш аз Ироқ ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Ба ӯ духтараш Нодирабегим аз маҳбаси Ироқ занг зад ва ин хабарро расонд.

Ҳамсар, духтар ва ду писари Ҳамза Турабеков соли 2015 ба Сурия ва Ироқ рафтанд. Аз писаронаш хабаре нест, вале духтару ҳамсараш дар Ироқ барои “пайвастани огоҳона” ба ДИИШ ҳукми абад гирифтаанд. То тамоси духтараш аз зиндони Бағдод, ӯ аз ҳамсараш, ки қабл аз сафар ба Сурия аз ӯ талоқ гирифта буд, хабар надошт.

“Занг зад, ки кӯдаконамро равон кардам, гирифтед ё не. Баъдан фаҳмидам, ки онҳоро овардаанд. Ба Харангон рафтам, вале ду набераамро, ки ҳарду писар ҳастанд, нишон надоданд”-гуфт ӯ.

Яке аз ин ду набераи сеюми Турабеков аз хонаводаи гумшудааш дар Сурияву Ироқ аст, ки ҳукумат ба Тоҷикистон овард. Соли гузашта мақомот духтари 17-солаеро ҳамроҳ бо тифли навзодаш ба Тоҷикистон оварданд. Баъдан, маълум шуд, ки ин духтар бо Асилбек, писари 21-солаи ӯ, дар Мосул издивоҷ кардааст ва кӯдак набераи Турабеков аст.

“Аз чор узви хонаводаам, ҳоло се набераамро ба Тоҷикистон оварданд. Зану духтарам дар маҳбас, лекин хабари писаронамро наёфтам,”-гуфт ӯ.

Ҳамза Турабековро рӯзи чоршанбе ба Душанбе даъват кардаанд, то дар масъалаи ба тарбияааш гузоштан ё нагузоштани ду набераашро машварат кунанд. Ӯ мегӯяд, бо як духтараш ва ҳамсари наваш тамоми шароитро барои қабули кӯдакон омода кардаанд, вале маълум нест, ки комиссия чӣ тасмим мегирад.

Шодихони Ҷамшед, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар ду рӯзи баъдӣ сарнавишти ояндаи кӯдаконро маълум хоҳанд кард.

Ӯ гуфт, рӯзи аввали ба Тоҷикистон расидан кӯдакон рӯҳияи нохуб доштанд, вале бо кӯмаки равоншиносон пурра аз он ҳолат берун шуданд.

“Хешони наздике, ки кӯдаконро гирифтан мехоҳанд, худашон, шароити хонаашон омӯхта мешавад. Аз як оила то панҷ кӯдак ҳам ҳаст. Оё ин оила панҷ кӯдакро гирифта метавонад ё не ва аз ӯҳдаашон мебароянд ё не. Ҳадаф ин аст, ки кӯдакон дар оилаи солим тарбия ёбанд, муҳтоҷӣ накашанд. Аз фазои бад омадаанд, бояд дар муҳити хубтар тарбия ёбанд. Носанҷида онҳоро давлат ба касе намедиҳад. Ҳуҷҷат омода кардан барои онҳо ҳам осон набуд. Чун баъзеи онҳо се чор ном доштанд,”- гуфт ӯ.

Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар сурати шароити хуб надоштан кӯдаконро давлат ба тарбияи худ хоҳад гирифт. Дар ин бора, ба гуфтаи ӯ, тасмими сабук гирифтан мушкил аст. Аммо ӯ дар бораи он ки мумкин аст, кӯдакон бо сабабҳои амниятӣ ба наздиконашон дода нашаванд, чизе нагуфт.

Дар зимн Департаменти давлатии ИМА ҳам дар гузориши нави худ, ки рӯзи 20-уми июн нашр шуд, бозгардонии кӯдакони тоҷик ба ватанро ситоиш кард ва гуфт, агар онҳо ба ватан баргардонида намешуданд, дар зери назари ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба "сарбози ҷанг" табдил меёфтанд. Ҳоло ба таъкиди ин ниҳод, кӯдакони баргашта аз Ироқу Сурия бояд аз нишонаҳои "сарбози ҷанг" пок карда шуда, аз ҷараёни эҳёи равонӣ гузаранд.

Таҷрибаи кор бо кӯдакони аз минтақаҳои ҷанг баргардонидашуда дар ҳар кишвар мухталиф будааст. Дар Фаронса барои мисол, ин гурӯҳи кӯдаконро баъди баргардонидан ба ватан ба оилаҳо ба фарзандхонӣ додаанд. Таҷрибаи нахустини Тоҷикистон ҳам дар баргардонидани кӯдакон дигар буд. Чор кӯдаке, ки аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон аз Ироқ ба ватан оварда шуданд, якбора ба оилаҳо супурда шуданд ва ҳоло бархе дар мактабҳои миёна таҳсили илм доранд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз соли 2014 тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар, аз ҷумла занону кӯдакон ба қаламравҳои Сурияву Ироқ рафтаанд. То ҳол хабари марги беш аз 300 нафари онҳо расидааст. Баъди кушта шудани аксар ҷанҷгӯён, оилаҳои онҳо бесарпаноҳ монда, бо тасмими мақомоти Сурияву Ироқ дар урдугоҳҳои махсус ҷой дода шуданд.

Додгоҳи вижаи Бағдод ҳамсарону наздикони ҷангиёни узви ДИИШ-ро ба хотири "убури ғайриқонунии марз" ва "ҳамзистӣ ва кӯмак ба террорист" ба ҳукмҳои сангин маҳкум кардаанд. Аз ҷумла, 43 зани тоҷик, ки дар зиндонҳои Ироқ мебошанд, ба мӯҳлатҳои аз 15 соли зиндон то ҳабси абад маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG