Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансурҷон Умаров дар бораи афв ва мусоҳибаи Шуҳрат Қудратов


Мансурҷон Умаров, муовини вазири адлия ва сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон.
Мансурҷон Умаров, муовини вазири адлия ва сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон.

Суҳбати Радиои Озодӣ бо Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи тоҷик, дар бораи вазъи зиндонҳо вокунишҳои мухталифро ба бор овард. Дар баробари бисёре аз корбарон, сардори раёсати зиндонҳо низ дар ин бора изҳори назар кард.

Мансурҷон Умаров, муовини вазири адлия ва сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон, рӯзи 29-уми август дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, эҳтимолан аксари масъалаҳое, ки дар мусоҳиба зикр шудаанд ва ҳам аз забони маҳбусони собиқ садо медиҳанд, "то соли 2018 ҷой доштанд".

Вай афзуд, "суҳбати Шӯҳрат Қудратовро хондам. Вай вазъияти солҳои 2016, 2017 ва 2018-ро дар назар дорад. Ба масъулони зиндон супориш додам, ки агар ин ҳарфҳо ҷой доранд, чораҷуӣ кунанд. Дар он солҳо ман сари кор набудам".

Радиои Озодӣ: Бо ин вуҷуд, ба шикоятҳое, ки Шуҳрат Қудратов иброз доштааст, розӣ ҳастед?

Мансурҷон Умаров: "Ман гуфтам, ки ин ҳарфҳо ба солҳои пеш аз омадани ман тааллуқ дорад. Мумкин аст, ҷой дошта бошанд ё надошта бошанд. Метавонед, аз маҳбусҳо пурсед. Ман чӣ эроде дар интернет ва ё васоити ахбори умум вобаста ба вазъи маҳбасҳо ва зиндониён гуфта мешавад, ҳатман вокуниш мекунам. Кӯшиш мекунем, ки проблемаҳо дар муассисаҳои мо ҳалли худро ёбанд. Бигзор маҳбусон ба кори мо баҳо диҳанд. Шумо имкони сӯҳбат доред, марҳамат пурсед”.

(Шуҳрат Қудратов дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ гуфт, ду солу ҳафт моҳи охир дар маҳбаси "Якум советский" қарор дошт. Вай мегӯяд, дар он ҷо маҳбус ба ном маҳбус буд. Он ҷо фермаи хоҷагидории назди муассиса буд. Чорпою парранда нигаҳдорӣ мешуд. Гӯиё аз муассисаи ислоҳотӣ буд ва он ҷо нигаҳдорӣ мекарданд. Ҳуқуқи чорпоҳо болотар аз маҳбус буд. Агар гов бемор мешуд, масъули нигоҳубини он ҷазо мегирифт, вале дар баробари бемории маҳбус касеро парво набуд. Муносибате, ки бо маҳбусон мешуд, чандон хуб набуд. Аз 18-уми январи соли 2016 то 24-уми августи соли 2018 дар ҳамин ҷо будам.)

Радои Озодӣ: Бархе аз волидони маҳбусҳо аз эҳтимоли афв ҳарф мезананд ва бо бовар мегӯянд, ки ба муносибати Рӯзи истиқлоли кишвар ва ё Рӯзи Конститутсия афви маҳбусҳо сурат мегирад...

Мансурҷон Умаров: "Мавзӯи афв дар маҳбасҳо ҳамеша вуҷуд дорад ва ҳаст. Волидони маҳбусҳо ба мо ҳам муроҷиат мекунанд. Вақте Рӯзи истиқлол наздик мешавад, мегӯянд, афв мешавад. Рӯзи Конститутсия наздик мешавад ва боз овоза мекунанд, афв мешавад. Ман ба волидони онҳо мегӯям, ки телевизионро тамошо кунед. Ҳамин ки афв шуд, мо эълон мекунем. Ҳоло хабар дар бораи афв нест".

Дар пайи ошӯби зиндони рақами 3-и Хуҷанд дар моҳи ноябри соли 2018 раиси Идораи зиндонҳои Тоҷикистон Иззатулло Шарифзода аз мақом барканор шуд. Вай дар вазифаи муовини вазири адлия ва ҳамзамон сардори Идораи зиндонҳо беш аз 12 сол кор кард.

Ба ҷойи ӯ ба курсии муовини вазири адлия ва сардори Идораи зиндонҳо Мансурҷон Умаров омад. То ин таъйинот Умаров ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фаъолият дошт. Вай бар пояи барномаи давлатии ислоҳоти низоми маҳбас даст ба чанд навоварӣ зад, аммо дар моҳи майи соли 2019 ошӯбе дар маҳбаси "Ваҳдат" ба вуқуъ пайваста, дертар ҳангоми интиқоли маҳбусон аз Хуҷанд ба Душанбе 14 зиндонӣ бино бар хабарҳо аз нони заҳролудшуда фавтиданд.

Ҳуқуқшиноси тоҷик Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд: "Сабаби асосии ин ошӯбҳо дар анҷом нашудани ислоҳотест, ки ҳукумат онро ваъда дода буд. Дар ин сохтор ҳамон кадрҳои пештара боқӣ монданд. Ба ин далел, то замоне ки дар ин бахш ислоҳоти ҷиддӣ сурат нагирад, беҳбудӣ дар фаъолияти зиндонҳо сурат нахоҳад гирифт."

Азамат Шамбилов, намояндаи созмони "Penal Reform", ки ба иҷрои барномаҳои ислоҳот дар маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ машғул аст, мегӯяд, "баъди ошӯби Хуҷанд, Тоҷикистон ба баъзе тағйирот дар зиндонҳо шуруъ кард", аммо он "ба зудӣ ва осон муяссар намешавад ва аз Гурҷистону Молдова ва Лаҳистон ёдовар шуд, ки ба қавли ӯ ислоҳот дар маҳбасҳояшон дар давоми даҳ сол натиҷа дод."

XS
SM
MD
LG