Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар амалиёт алайҳи қотилони полковники тоҷик се пулиси афғон кушта шуд


Мақомоти интизомӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки дар ҷараёни даргирӣ миёни нерӯҳои интизомӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир, се пулиси марзии он кишвар кушта ва шаш тани дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти маҳалли афғон, ин амалиёт алайҳи гурӯҳи қочоқчиёне роҳандозӣ шуд, ки ҳудуди ду мо қабл Хайриддин Аҳтамов, сардори қисми марзбонии ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлони Тоҷикистонро кушта, чор сарбозу афсари дигарро захмӣ карда буданд.

Дар пайи қатли сарҳанг Хайриддин Аҳтамов, Тоҷикистон панҷ пулу як гузаргоҳи марзиро якҷониба бо Афғонистон баст.

Саид Ҷаҳонгир Каромат, фармондеҳи пулиси вилояти Бадахшони Афғонистон рӯзи 4-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки даргирӣ миёни пулиси марзӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир шаби шанбе ба якшанбе дар вулусволӣ ё ноҳияи Шаҳри Бузурги вилояти Бадахшон рух дод. Вай афзуд, "дар натиҷаи даргирӣ се пулис кушта ва 6 тани дигар захм бардоштаанд ва як тан аз қочоқчиёни маводи мухаддир низ захмӣ шудааст".

Ба гуфтаи вай, ин афрод пас аз он, ки афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро куштанд, дар минтақаи Мандии ноҳияи Шаҳри Бузург паноҳ бурданд. Вай гуфт, ки нерӯҳои марзбонӣ шаби гузашта ҷои онҳоро ошкор намуда ва алайҳи онҳо амалиёт роҳандозӣ намуданд. Аммо қочоқчиён тавонистанд се пулиси марзиро ба қатл расонида ва шаш нафари дигари онҳоро захмӣ намоянд ва аз минтақа фирор кунанд.

Хайриддин Аҳтамов.
Хайриддин Аҳтамов.

Дар ҳамин ҳол, Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон рӯзи 5-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки то ба ҳол мақомоти афғон дар робита амалиёти ахир ба онҳо маълумоте ироа накардаанд. Аммо вай афзуд, ки онҳо ин амалиётро бо эҳтимоли зиёд бо мақомоти зидахли Тоҷикистон мувофиқат кардаанд. Вай афзуд, "мо дар пайи ин ҳодиса тақозо карда будем, ки чунин амалиёт сурат бигирад, аммо дар мавриди натиҷаи ин амалиёт барои мо то ҳанӯз маълумоте пешниҳод накардаанд."

Дар як шабехуни 2-юми декабр дар марзи Афғонистону Тоҷикистон Хайриддин Аҳтамов, сардори қисми марзбонии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин кушта чор сарбозу афсари дигар захмӣ шуданд. Задӯхурди шаби 2-уми декабр, тақрибан дар 16-километрии дур аз марзи Афғонистон дар мавзеи Навободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рух дод.

Дар пайи ин ҳодиса, вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо ирсоли ёддошти расмӣ ё нота аз мақомоти Афғонистон тақозо кард, ки ин ҳодисаро ҷиддан таҳқиқ кунанд. Мақомот гуфтанд, ки ин задухӯрд дар пайи вуруди 12 қочоқбари афғон ба хоки Тоҷикистон сар зада, дар натиҷаи он полковник Хайриддин Аҳтамов, сардори як қисми марзбонӣ кушта шуд. Дар ин ҳодиса чаҳор сарҳадбони дигари тоҷик захмӣ гардида, дар бемористон бистарӣ шуданд.

Нотаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 3-юми декабр ба ҷониби Афғонистон супурда шуд. Дар ин ёддошт изҳори умед шуда буд, ки мақомоти Афғонистон омилони ин задухӯрдро, ки ба он сӯи Ому фирор кардаанд, боздошт карда, аз такрори чунин ҳодисаҳо пешгирӣ мекунанд.

Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон.
Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон.

Мақомоти Афғонистон ба дунбол гуфтанд, ки аз кушта шудани Хайриддин Аҳтамов, як фармондеҳи нирӯҳоии марзбонии Тоҷикистон мутаассиф ҳастанд ва барои боздошти омилони ин ҳодиса чораҳои дахлдорро рӯи даст гирифтаанд. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, бархе гурӯҳи кочоқбаре, ки дар куштори Аҳтамов даст доштанд, сокинони вилояти Тахори Афғонистон ҳастанд.

Дар пайи ин ҳодиса, Тоҷикистон панҷ пулу як гузаргоҳи марзиро якҷониба бо Афғонистон баст ва дар гузаргоҳи марзии Панҷи Поён, ки як роҳи аслии воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон аст, ба вуруди шаҳрвандони кишвари ҳамсоя маҳдудият ҷорӣ кард.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад, ки яке аз қаламравҳои мавриди таваҷҷӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҳам гурӯҳҳои силоҳбадаст аст. Солона дар ин марз даҳҳо ҳодисаи кӯшиши убури ғайриқонунии марз ба қайд гирифта мешавад.

XS
SM
MD
LG