Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бобову бибӣ бо се набераи маъюб. Шӯрбахтие дар деҳаи Шӯриён.ВИДЕО


Се навраси маъюбро бобову бибӣ нигоҳбин мекунанд

Меҳронаи 7-сола, Ҳадисаи 5-сола ва Ҳамдияи 2-сола пои равон надоранд, ҳарф намезананд. Ҳарсе маълуланд, вале нафақае намегиранд, чун барои гирифтани санад аввал мебоист, дар бемористон бистарӣ мешуданд.

Барои бистарӣ кардан ва муоинаи онҳо дар беморхона 4500 сомонӣ лозим буд, аммо хонавода ин пулро надорад. Падари кӯдакон маъюби модарзод ва модарашон ду моҳ ба ин су дар беморхонаи руҳӣ бистарист. Дар чунин шароит парастории кӯдакон бар дӯши бобову бибии пир мондааст.

Ҳар рӯзи Майдагул Шарипова, сокини 66-солаи ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ бо парастории се набераи маълул шом мешавад. Дар баробари парастории се набераи маъюб, анҷоми корҳои хона аз рӯбучин то пухтани нону хӯрок ва шӯстушӯи либос ҳама ба души ӯст. Аз серкорӣ гоҳе тановули хӯроки нисфирузӣ ва шомро ҳам фаромуш мекунад.

Ҳамсолони Майдагул Шарипова дар ин айём даврони пирӣ меронанд ва худ ба нигоҳбини наздикон ниёз доранд. Аммо Майдагул Шарипова аз субҳ то шом ба набераҳояш хӯрок медиҳад, сару танашонро мешӯяд, аз як кунҷи ҳавлӣ ба кунҷи дигар мебарад, то аз нишастан дар як ҷой хаста нашаванд. Гоҳе аз чунин сарнавишт ашк мерезад ва орзу мекунад, ки набераҳояш сиҳат шаванд.

"Инҳо мол нестанд, ки бурда партоед"

Бобову бибӣ бо се набераи маъюб. Шӯрбахтие дар деҳаи Шӯриён.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

"Инҳо тамоман гап намезананд, либосашонро тар мекунанд, тамоми ин корҳоро ман мекунам. Модарашон солҳо боз бемории равонист ва кӯдаконро дуруст нигоҳубин карда наметавонад. Баъзан наметавонам онҳоро бардорам, чун дигар қувватам намерасад,"- бо алам мегӯяд Майдагул Шарипова.

Парастории се набераи маълул Майдагул Шариповаи солмандро аз маросимҳои хурсандиву мотам дар деҳа дур кардааст. Барои танҳо намондани набераҳояш ҷое намеравад. Аз он метарсад, ки агар ӯ бемор шудаву аз пой афтад, ҳоли наберагони маъюбаш чӣ мешавад. Гоҳи дигар пинҳонӣ аз чашми аҳли хонавода ба сарнавишти ин се тифл ашк мерезад ва мегӯяд: "инҳо мол нестанд, ки партоед, ҳайвон нестанд, ки бозор бареду фурӯшед, инҳо ҳам инсонанд ва ман наметавонам онҳоро аз худам дур кунам".

Набуди модарро падар ҳам барои ин кӯдакон ҷуброн карда наметавонад. Абдурауф Маҳмадии 30-сола падари ин кӯдакон маъюби модарзод аст ва бо мушкил роҳ меравад. Мегӯяд ба ҷуз меҳрубонӣ кӯмаки дигаре барои фарзандон аз дасташ намеояд.

Падар 178 сомонӣ нафақаашро барои фарзандони маъюб харҷ мекунад. Бо ин вазъ падар ҳоло умедашро аз даст надодааст. Бовар дорад, ки рӯзе фарзандаш сиҳат шуда, ба ӯ кӯмак мерасонанд.

Наврасони маъюб дар ин хона зиндагӣ мекунанд
Наврасони маъюб дар ин хона зиндагӣ мекунанд

Даромади ин хонаводаи камбизоат дар деҳаи Шуриёни ҷамоати Эсанбой танҳо аз ҳисоби нафақаи се нафар аст, ки ҳамагӣ бештар аз 400 сомонист. Кӯдакон бо вуҷуди маълул буданашон нафақа намегиранд. Талошҳои ба такрори бобои онҳо ҳам бенатиҷа будааст.

Маҳмадӣ Шарипов бобои се тифли маълул ба Радиои Озодӣ гуфт, барои доштани санаде, ки бар пояи он нафақа диҳанд бояд кӯдаконро ба бемористон бистарӣ кунанд. Аммо барои ин маблағ надоранд.

"Як маротиба бемористони Истиқлол бурдам, гуфтанд, барои се кӯдак бояд 4500 сомонӣ супорем баъд хоб мекунанд. Ман аз куҷо ин қадар пул меёбам. Фақат як гов дорем, ки ба хотири шири онро се кӯдак мехӯранд, моли дигаре надорам. Ҳар бор мегӯям, ки дигар қувватамон намерасад ба ягон хона-интернат месупорем, аммо боз ҳам намедонам бе инҳо чӣ кор мекунем".

Маҳмадӣ Шарипов мегуяд, ба ғайр аз падари ин се тифл се писари дигар дорад, ки ба зиндагии худ машғуланд ва имкони кӯмак ба онҳоро надоранд. Мақомоти маҳаллӣ аз мушкилоти ин хонавода огоҳанд. Зиё Муродов, раиси маҳаллаи Шӯриён ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан ин оила камбизоат ҳастанд ва ба қадри имкон ба онҳо кӯмак мешавад.

Аммо Маҳмадӣ Шарипов бобои кӯдакон мегуяд: "агар маблағ мебуд ва мо онҳоро табобат мекардем, шояд сиҳат мешуданд. Чун пойҳои набераи дуюмам Ҳадиса кам-кам ҳаракат мекунад, аммо табобат, ки накардем дигар аз роҳ рафтан монд".

Бо вуҷуди ҳама сахтиҳо, бобову бибии ин се тифли маълул умедворанд, ки рӯзе забони лоли онҳо гӯё мешавад ва онҳо дигар соатҳо мунтазири кӯмаки дигарон нашуда, худашон аз ҷой мехезанд. Барои падари маъюбу модари гирифтори бемории руҳӣ такягоҳ мешаванд ва дар иваз аз бобову бибии пиронсоли худ муроқибат хоҳанд кард.

Шарҳҳоро бинед (25)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG