Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 3 афсари милисаи Душанбе


Яке аз афсарони боздоштшуда. Акс аз сомонаи anti-corruption.tj
Яке аз афсарони боздоштшуда. Акс аз сомонаи anti-corruption.tj

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, се афсари милисаи шаҳри Душанберо ҳангоми гирифтани пора дастгир кардааст.

Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, се афсари Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанберо вақте боздошт карданд,ки аз ду сокини пойтахт 400 доллар мегирифтанд.

Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод рӯзи 28 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки се афсари раёсати корҳои дохилии пойтахт - майор Маҳмадулло Ҳикматов, лейтенанти калон Нозим Рӯзиев ва лейтенант Азизхоҷа Халилов - дар вақти гирифтани ришва боздошт шуданд. Оҷонсии зидди коррупсия мегӯяд, ин се афсари милисаро рӯзи 21 октябр дар назди тарабхонаи “Вохӯрӣ”-и пойтахт дар лаҳзаи ситонидани 400 доллар аз ду сокини пойтахт, ки номи яке аз онҳо Муродалӣ Сафаров мебошад, боздошт карданд.

Тавре ин манбаъ мегӯяд, афсарони раёсати корҳои дохилӣ ду сокини пойтахтро дар яке аз бозорҳои пойтахт боздошт карда, аз ҷайби онҳо 9 000 рубли русӣ ва 110 сомонӣ пайдо кардаанд ва ба ин далел ҳардуро ба дуздӣ мутаҳам мекунанд.

Боздошти 3 афсари милиса дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00
Линки мустақим

Афсарони милиса, ба гуфтаи маъмурони Оҷонсӣ, боздоштшудаҳоро аз кушодани парвандаи ҷиноӣ ва боздошт тарс дода, сипас пешниҳод мекунанд, ки агар 500 доллар биоранд, аз масъулият озод хоҳанд шуд.

Афсарони боздоштшуда. Акс аз сомонаи anti-corruption.tj
Афсарони боздоштшуда. Акс аз сомонаи anti-corruption.tj

Дар ин миён ин ду сокини пойтахт нисбат ба рафтори кормандони милиса ба Оҷонсии зидди коррупсияи пойтахт муроҷиат мекунанд. Кормандони бахши душанбегии Оҷонсии зидди фасод рӯзи 21 октябр дар назди тарабхонаи “Вохӯрӣ” афсарони милисаро замоне дастгир кардаанд, ки онҳо аз он ду гумонбар 400 доллар мегирифтанд.

Оҷонсии зидди коррупсия алайҳи ҳар се афсарони раёсати корҳои дохилии пойтахт бар асоси қисми 4-уми моддаи 247-уми Кодекси ҷиноӣ, яъне қаллобӣ парванда боз кардааст.

Саид Ҷӯрахонзода
Саид Ҷӯрахонзода

Генерал Саид Ҷӯрахонзода, сардори раёсати корҳои дохилии пойтахт рӯзи 28 октябр дар сӯҳбат бо Озодӣ дар робита ба боздошти се афсари милисаи ин раёсат гуфт, ки онҳо барои амали номатлубе, ки содир кардаанд, бояд худ дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Ҷаноби Ҷӯрахонзода афзуд, ки ин афсарон масъулияти амали худашонро ба дӯш доранд ва вобаста ба рафтори худ посух хоҳанд дод. Сардори пулиси Душанбе афзуд, ки агар дар мавриди чунин муносибати афсаронаш хабар меёфт, пеш аз дигарон васоити ахбори умумро дар ҷараён мегузошт.

Тоҷикистон дар гузоришҳои байналмилалӣ дар радифи 20 кишвари фасодзадатарини дунё ҷой гирифтааст. Ниҳодҳои вазорати умури дохила ҳамеша дар ҷумлаи идороти давлатии фасодзадаи ин кишвар ном бурда мешаванд ва ҳар сари чанд вақт дар бораи боздошти афсарони милисаи тоҷик бо гумони даст доштан дар фасод хабарҳо ба гӯш мерасанд.

Дар моҳи апрел Оҷонсии зидди фасод подполковники милиса Бегмурод Зиёевро бо гумони ришваситонӣ дастгир кард. Гуфта мешуд, ки ин сардори шӯъбаи назоратӣ- таҳлилии раёсати таҳқиқии вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) ҳангоми бозпурсӣ аз донишҷӯи факултаи иқтисоди ҷаҳон ва маркетинги Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Акмал Маҷнунов, ки ба фурӯши маводи тарфгарӣ (пиротехника) гумонбар мешуд, барои раҳоияш аз ҷавобгарии ҷиноятӣ 2000 доллар талаб кардааст, вале 9 апрел ҳангоми аз Раҳмонов гирифтани 800 доллар, ки ба истилоҳ «транш»-и якум аз 2000 доллар пораи ваъдагӣ буд, дастгир шудааст.

Қазияи боздошти якбора се афсари милисаи Душанбе дар ҳолест, ки даст доштани маъмурони худи милиса дар қонуншиканиҳо як мавзӯъи доғ ва обрӯрез барои вазорати корҳои дохилӣ боқӣ мемонад. Вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода дар моҳи феврали соли 2012 дар як суханрониаш ваъда дода буд, ки сафҳои милисаи тоҷикро аз ҳузури афроди тасодуфӣ ва дастонашон нопок пок хоҳад кард. Аммо бо гузашти ду сол ягон оморе нашр нашудааст, ки оё чанд маъмури милиса бо ҷурми поймол кардани қонун ба масъулият кашонда шудаву чанди дигар ба далели иснод овардан ба номи милиса аз кор ронда шудаанд.

Танҳо дар моҳи августи соли 2013 Рамазон Раҳимзода бо изҳори нигаронӣ аз даст доштан дар ҷиноятҳо ва муносибати бади кормандони милиса гуфта буд, ки фақат дар нимаи аввали соли 2013 23 нафар аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷиноят кардаанд, аз ҷумла дар ин муддат дар байни афсарони милиса 8 мавриди ришваситонӣ, 7 далели қаллобӣ, 4 далели сӯъиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва 2 мавриди шиканҷаи боздоштшудаҳо, ки сарусадо дар борааш дар матбуот хеле зиёд аст, сабт шудааст. Дигар ин ки ба эътирофи худи мақомоти вазорати умури дохилӣ, “муоширати нодуруст, дағалгуфторӣ ва бадмуомилагӣ бо шаҳрвандонро аз ҷониби бисёре аз кормандон, бахусус кормандони хидмати беруна пайваста мушоҳида кардан мумкин аст.”

XS
SM
MD
LG