Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду корманди милисаи тоҷик ба шиканҷа айбдор мешавад


Додситонии минтақаи Кӯлоб алайҳи ду корманди пулиси вилояти Хатлон бо иттиҳоми шиканҷаи як муттаҳам парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Додситонӣ Файзов ва Зардов, собиқ ваколатдорони оперативии шӯъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлонро ба он муттаҳам мекунад, ки як ҷавони гумонбар дар роҳзаниро ҳангоми боздошт дар ноҳияи Балҷувон лату куб кардаанд, то ба ҷиноят иқрор шавад.

Моҳи декабри соли 2017 ин ду ходими полис боздошт шуда, баррасии ин қазияро додситонии минтақаи Кӯлоб аз рӯи моддаи 143, эзоҳи 1, яъне “шиканҷа” идома медиҳад. Пас аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ ин ду кормандашро аз сафи пулис ихроҷ кардааст.

Вакилони дифоъ мегӯянд, ки тасдиқи ҳолати шиканҷа ба сахтӣ даст медиҳад, чун аксаран он дар боздоштгоҳҳо сурат мегирад.

Додситонии минтақаи Кӯлоб рӯзи 6-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ду корманди пулис ҳангоми боздошти марди гумонбар дар роҳзанӣ дар ҳузури пайвандон ва пас аз боздошт то беҳуш шудан ин ҷавонро лату куб кардаанд. Пайвандони ин ҷавон ва наздикони корманди милиса то анҷоми тафтиш аз додани назар дар ин маврид худдорӣ карданд.

Маъмулан, дар Тоҷикистон ҳамасола даҳҳо шикояти шиканҷа шудани боздоштшудаҳо расонаӣ мешавад, вале эътирофи шиканҷа кам иттифоқ меафтад. Эътирофи шиканҷаи як боздоштшуда дар ноҳияи Балҷувон яке аз ду ҳолатест, ки дар як соли ахир тасдиқ шудааст. Дар як соли ахир Додситонии кули Тоҷикистон 20 парвандаи мавриди шиканҷа қарор гирифтани боздоштшудаҳо дар боздоштгоҳҳои кишварро тафтиш кардааст, вале дар аксари онҳо ба гуфтаи мақомот, изи шиканҷа ошкор нашудааст.

"Маро назаданд, худам афтидам"

“Маро назаданд, худам афтидам” - эътирофи маъмулии аксар боздоштшудаҳоест, ки хешу таборашон аз шиканҷа шуданашон ба мақомот шикоят мекунанд. “Изи шиканҷа дида намешавад” ва ё “ҳолати шиканҷа тасдиқ нашуд” аз посухҳои маъмулии мақомоти тафтишотӣ ба вакилони мудофеъ ё пайвандони онҳо аз хулосаи тафтиши парвандаҳост.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо омӯзиши ин парвандаҳо ба мақомоти тафтишотӣ пешниҳод кардааст, ки барои ошкор кардани шиканҷа аз тавсияҳои “протоколи истанбулӣ” кор бигиранд. Бар асоси ин ҳуҷҷат, ки Тоҷикистон соле пеш бо тавсияи Созмони Милали Муттаҳид зери он имзо гузошт, шикоятҳо дар мавриди шиканҷа бо ҳузури коршиносони мустақил ва вакилони мудофеъ бояд тафтиш шаванд.

"Ошкор кардани ҳодисаи шиканҷа бисёр кори сахт аст"

Абдураҳмон Шарипов, узви Эътилофи зидди шиканҷа
Абдураҳмон Шарипов, узви Эътилофи зидди шиканҷа

Абдураҳмон Шарипов, узви Эътилофи зидди шиканҷа рӯзи 5-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ошкор кардани ҳодисаи шиканҷа бисёр кори сахт аст. Ӯ гуфт, дар бархе маворид бинобар дастрасӣ надоштан ба адвокат аз ҷониби боздоштшудаҳо шиканҷаҳо пинҳон мемонанд. Аз сӯи дигар, бархе монеаҳо барои адвокат ҳолатҳои ошкор кардани шиканҷаро мушкил мекунад.

Ӯ гуфт, дар бисёр ҳолат вақте адвокат бо ҳадафи муайян кардани шиканҷа барои гузаронидани ташхиси тиббӣ муроҷиат мекунад, худи зерҳимоя то вақти ташхис нишондодашро дигар мекунад. Ба гуфтаи Абдураҳмон Шарифов чун одаме, ки дар боздошт аст, таҳти фишор аст ва дар бархе ҳолатҳо вақте дар бадан осори шиканҷа ҳаст, худи ҷабрдида инкор мекунад, ки шиканҷа шудааст. Дар баъзе ҳолат, ба гуфтаи вай, бо вуҷуди нишондод додани ҷабрдида, тафтиш нишондодҳои ӯро беасос медонад.

"Аксаран ҷавоб ин аст, ки “тасдиқ нашуд”. Шояд аз ҷониби табибон изҳои шиканҷа сабт намешавад. Дар хулосаҳо низ хонда мешавад, ки “изи шиканҷа нест”. Аз ин рӯ, бар асоси протоколи стамбулӣ танҳо ба нишондоди қурбонии шиканҷа такя накунанд, балки ҳолатҳои шиканҷаро мустақилона тафтиш кунанд, ки дар кадом маврид қонуншинканӣ шудааст ва осори зарб аз куҷо пайдо шудааст”,-афзуд Абдураҳмон Шарифов.

Дар кадом ҳолат шикоятҳо ҷиддӣ баррасӣ мешавад?

Вакилони дифое, ки дар баррасии чунин парвандаҳо таҷриба доранд, мегӯянд, ошкор шудани ҳолатҳои шиканҷа ба шахсияти шиканҷашуда бастагӣ дорад. Агар пайвандонаш шахсони бонуфуз бошанд, шикоят ҷиддӣ баррасӣ мешавад.

Бархе шиканҷашудаҳо аз шикоят андеша мекунанд, чун фикр мекунанд, ки ҳолат ва парвандаи худро дар ҷараёни баррасии парванда сангинтар хоҳанд кард. Вале шикояти баъдии онҳо дар додгоҳ дар бораи шиканҷа шудан ё зери шиканҷа эътироф кардани гуноҳашон дар ҳолатҳои хеле кам ба эътибор гирифта мешавад, чунки барои собит кардани ин ҳолат далел лозим аст.

Як вакили дифоъ, ки аз парвандаи шиканҷа шудани як боздоштшуда дар Балҷувон хабар дорад, бо шарти ифшо нашудани номаш рӯзи 6-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, пайвандони ҷавони шиканҷашуда мансабдорони баландпоя ҳастанд ва маҳз бо талоши онҳо ҳолати шиканҷа сабт шуд.

Солеҳзода: "Масъалаҳоро набояд сатҳӣ таҳлил кунем"

Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон.
Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон.

Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 1-уми феврал дар нишасти матбуотии ин ниҳод низ бо ради ҷой доштани шиканҷа гуфт, ки воқеан дар боз шудани парванда “далелҳои хешутаборбозӣ ва таъсиррасонӣ” ба назар мерасад. Ӯ гуфт, ин ҳодисаро шахсан тафтиш кардааст, “лекин ба дараҷае, ки шиканҷа эътироф шудааст, шиканҷа ҷой надошт”. Солеҳзода гуфт, дар асл гумонбар нисбат ба кормандони милиса “беҳурматӣ кардааст ва то ҳаде, ки либосҳои онҳоро даррондааст”.

Ӯ гуфт: “Ин масъалаҳоро воқеъбинона дидан даркор. Корманди милиса ҳам инсон аст. Корманди милиса ҳам шири одам хӯрдааст. Ягон ҳайвон нест, ки мо гӯем, ба ин дараҷа мерасонад. Вақте медонед, ки ҳамон одам рафта як касро бо корд кушта аст, ҳиссиётатон чӣ хел мешавад? Ҳамон одамро чӣ гуна қабул мекунед? Мегӯед, ки “акаҷон, биё рафтем”, “пеш даро”, “мебахшед, пеши шумо омадам”? Дар дунё аз ҳама қиммат ҳаёт аст. Вақте инсонро аз ҳаёт маҳрум мекунад, бо ӯ чи хел муносибат кунем.”

Ин масъули Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон гуфт, ба наздикӣ падари ҷавоне, ки дар куштор айбдор дониста мешавад, назди ӯ аз кормандони милиса барои бадрафторӣ шикоят кард. “Далелҳо собит шуда буд, ки ҳамон бача кушторро анҷом додааст. Шикояти падараш ин аст, ки фарзанди маро дасташро тоб дода, дар пеши ҳамсояҳо ба дасташ занҷир заданд. Духтари он одам мурд, магар он дард надошт? Аз ҳаёт ӯро маҳрум кард, ин тарафашро кӣ фикр мекунад? Он ҳам фарзанд аст, ки аз тарафи фарзанди ин мард кушта шудааст. Мо масъалаҳоро воқебинона бояд таҳлил кунем,” - гуфт Солеҳзода ба рӯзноманигорон.

Аз ҳарфи Омбудсмен ҳуқуқшиносон барошуфтанд

Зариф Ализода.
Зариф Ализода.

Дар як изҳороти матбуотии моҳи январаш низ Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар заминаи шиканҷа шарҳи худро дод ва гуфт: На ҳамаи латту куб ва муносибати бераҳмона шиканҷа ҳисобида мешавад. Танҳо ҳамонаш аст, ки агар мақсад гирифтани нишондод бошад, мақсад гирифтани маълумот бошад». Ин изҳороти Ализодаро бархе ҳуқуқшиносон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди интиқод қарор доданд.

Соли 2012 банде бо номи “шиканҷа” дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ворид шуд. Бар асоси ин банд, шиканҷа танҳо ҳолате эътироф мешавад, ки мақомоти тафтишотӣ бо роҳи лату куб аз боздоштшуда дар бораи содир кардани ҷинояте маълумот мегиранд. Дар сурати тасдиқи чунин ҳолат, ин банди Кодекси ҷиноӣ аз 2 то 5 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Ба иттилои идораи ваколатдори ҳуқуқи инсон, соли 2017 алайҳи се корманди вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои истифодаи шиканҷа парванда ҷиноятӣ боз шуд ва дар маҷмӯъ дар як соли гузашта ба ин ниҳод 8 шикоят дар бораи бадрафториву азияти шаҳрвандон ворид шудааст.

Вакилони дифоъ мегӯянд, тасдиқи ҳолати шиканҷа ба сахтӣ даст медиҳад, чун аксаран он дар боздоштгоҳҳо сурат мегирад. Муфаттишоне, ки дар шиканҷа даст доранд, имкон доранд, то гум шудани осори лату куб вакилони дифоъ ва хешу табори боздоштшударо ба дидорбинии ӯ роҳ надиҳанд.

XS
SM
MD
LG