Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими миллии футболи Тоҷикистон бо Молдив бозӣ мекунад


 Бозигарони тими миллии футболи Тоҷикистон
Бозигарони тими миллии футболи Тоҷикистон

Тими миллии футболи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Горан Стеванович, мутахассиси 51-солаи сербиягӣ, дар даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо мунтахаби Молдив рақобат мекунад. Ин бозии гурӯҳи «А» 9-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 18:00 оғоз меёбад.

Бозӣ миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Молдивро доварон аз Қирғизистон ҳакамӣ мекунанд. Сардовари бозӣ довари FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) Зайниддин Алимов мебошад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббӣ Горан Стеванович ҳоло 24 бозигарро дар ихтиёр дорад. Дарвозабони асосии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили тими миллии Молдив, ки рӯзҳои 9-ум ва 14-уми октябр баргузор мешаванд, иштирок намекунад.

Ба гуфтаи Фаррух Авезов, духтури тими миллии Тоҷикистон, пас аз муоина дар шаҳри Душанбе муайян шуд, ки китфи рости Ятимов дар бозӣ дар ҳайати бошгоҳи “Ростов”-и Русия лат хӯрдааст. Бинобар ин, ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Горан Стеванович тасмим гирифт, ки саломатии дарвозабонро зери хатар нагузорад ва барои барқароршавиаш муҳлат дод.

Ба ҷойи Ятимов дарвозабони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Муҳриддин Ҳасанов ба тими миллии кишвар даъват шуд.

Ҳамчунин ҳимоятгар Ваҳдат Ҳаннонов, нимҳимоятгарон Алишер Ҷалилов ва Ҳамадонӣ Камолов, ки осеб дидаанд, дар моҳи октябр наметавонанд дар ҳайати тими миллии кишвар ҳунарнамоӣ кунанд.

Нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев ба далели корти зарди зиёд доштанаш дар бозии аввал муқобили тими Молдив ширкат намеварзад ва рӯзи 8-уми октябр ба ҳайати дастаи миллии кишвар мепайвандад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили тими миллии Молдив:

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов (“Истиқлол”, Тоҷикистон), Олег Баклов («Туран Товус», Озарбойҷон), Далер Азизов («Ҳосилот», Тоҷикистон);

Ҳимоятгарон: Зоир Ҷӯрабоев («Суғдиён», Узбекистон), Раҳматшо Раҳматзода («ПСИМ Йогикарта», Индонезия), Меҳрубон Каримов («Локомотив», Гурҷистон), Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол», Тоҷикистон), Алиҷон Кароматуллозода («Равшан», Тоҷикистон), Мусо Қаҳҳоров («Барқчӣ», Тоҷикистон);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол», Тоҷикистон), Алишер Шукуров («Хуҷанд», Тоҷикистон), Далер Имомназаров («Регар-ТадАЗ», Тоҷикистон), Эҳсон Бобоев («Вахш», Тоҷикистон), Азизбек Далиев («Барқчӣ», Тоҷикистон), Салоҳиддин Эргашев («Равшан», Тоҷикистон);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Хоразм», Узбекистон), Шервонӣ Мабатшоев («Регар-ТадАЗ», Тоҷикистон), Рустам Соиров («Истиқлол», Тоҷикистон), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш», Тоҷикистон).

Сармураббӣ – Горан Стеванович (Сербия).

Сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон Горан Стеванович гуфт, ки шартномааш бо Федератсияи футболи Тоҷикистон то 31-уми марти соли 2026 баста шудааст. “Бовар дорам, ки ба натиҷаи мусбат даст меёбем ва тими мунтахаби Тоҷикистон ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ меёбад”, - иброз дошт Горан Стеванович.

Ёдовар мешавем, рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” тимҳои миллии Филиппин, Молдив ва Тимори Шарқӣ мебошанд.

Футболбозони тоҷик дар даври аввали мусобиқот, ки 25-уми марти имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бар тими миллии Тимори Шарқӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, дар даври дуюм 10-уми июн бозиро дар меҳмонӣ бо дастаи мунтахаби Филиппин бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом доданд.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври дуюми мусобиқот дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон бо чаҳоримтиёзӣ пешсафанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Филиппин дар ҷойи аввал, Тоҷикистон дар зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳ қарор доранд.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад. Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А”:

Даври якум

Тоҷикистон – Тимори Шарқӣ – 1:0

Гол: Ваҳдат Ҳаннонов, 3

25-уми март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 8520 тамошобин.

Филиппин – Молдив - 4:1

Голҳо: Ҷефферсон Табинас, 6 (1:0), Бҷом Кристенсен, 19 (2:0), Алӣ Фасир, 62 (2:1), Ренди Шнейдер, 62 (3:1), Сандро Рейис, 90+2 (4:1)

Даври дуюм

Филиппин – Тоҷикистон – 2:2

Голҳо: Бйорн Кристенсен, 28 (1:0). Шервонӣ Мабатшоев, 30 (1:1). Парвизҷон Умарбоев, 42 – аз пеналти (1:2). Бйорн Кристенсен, 79 (2:2).

10-уми июн. Филиппин. Варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити». 10 854 тамошобин.

Тимори Шарқӣ – Молдив – 1:0

Гол: Ҷоао Педро, 45

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Филиппин21106-34
2Тоҷикистон21103-24
3Тимори Шарқӣ21011-13
4Молдив20021-50

Даври сеюм

9-уми октябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон Молдив

Тимори Шарқӣ – Филиппин

Даври чорум

14-уми октябр (сешанбе)

Молдив - Тоҷикистон

Филиппин Тимори Шарқӣ

Даври панҷум

16-уми ноябр (сешанбе)

Тимори Шарқӣ - Тоҷикистон

Молдив - Филиппин

Даври шашум

31-уми марти 2026 (сешанбе)

Тоҷикистон Филиппин

Молдив - Тимори Шарқӣ

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG