Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Русия мехоҳад Тоҷикистонро дар тангно қарор диҳад"


Бархе аз таҳлилгарони тоҷик мавҷи даъватҳои намояндагони Русия барои ҷорӣ кардани низоми виза бо Тоҷикистонро "фурсате барои дар тангно қарор додани мақомоти кишвар" медонанд.

Бархе аз таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, ки мавҷи даъватҳо барои ҷорӣ кардани виза аз сӯи намояндагони порлумони Русия зоҳиран барои дар тангно қарор додани мақомоти Тоҷикистон асту бас. Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик, рӯзи 17 май дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳарчанд ин мавҷи даъватҳо бе ишораи Кремл берун нахоҳанд омад, "аммо дар ҳоли ҳозир таҳдиди ҷорӣ кардани виза барои шаҳрвандони Тоҷикистон сиёсати давлати Русия нест."

Ӯ гуфт, ки мақомоти Русия аз тариқи ин фишорҳо мехоҳанд, мақомоти сиёсии Тоҷикистонро дар тангно қарор дода ва дар тасмимгириҳояш водор ба ақибнишинӣ кунанд.

"Агар дақиқ назар кунем, ҷорӣ шудани виза бо Тоҷикистон ба манфиати худи Русия нест. Аввал ин ки Русия шариконашро дар Осиёи Марказӣ аз даст хоҳад дод. Дувум, дар ин сурат роҳи вуруди

Қосими Бекмуҳаммад
Қосими Бекмуҳаммад

Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёи баста хоҳад шуд, ки таҳти нуфузи Русия қарор дорад. Феълан Тоҷикистон аз номзадҳо ба шомил шудан ба ин иттиҳод буда, Русия дар остонаи ин амр ба ҳеч ваҷҳ ба иқдоме чун ҷорӣ кардани виза даст намезанад," – шарҳ дод Қосими Бекмуҳаммад.

Ин изҳори назари таҳлилгари тоҷик дар ҳолест, ки тайи се рӯзи охир ба дунболи занозании хунин дар қабристони Хованскоеи Маскав дар Думаи давлатӣ – порлумони Русия мавҷи даъватҳо барои ҷорӣ кардани виза бо Тоҷикистон баланд шудааст. Сергей Миронов - раҳбари ҳизби "Справедливая Россия" ("Русияи боадолат") рӯзи 16 май дар ҷаласаи Думаи давлатӣ бо ибрози назар дар мавриди задухӯрдҳо дар қабристони Хованское ба ҷорӣ кардани виза бо Тоҷикистон ва Узбакистон пофишорӣ кардааст. Зеро, ба гуфтаи ӯ, маҳз аз ин ду кишвар бештари муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Русия ворид шуда, мояи беназмиҳо мешаванд.

Сергей Миронов
Сергей Миронов

Раиси ҳизби "Справедливая Россия", инчунин, аз задухӯрди се соли пеш миёни муҳоҷирон дар анбори сабзавот дар Бирюлёво ёдоварӣ кардааст. Миронов гуфтааст: “Дар ин минтақа воқеан муҳоҷирон дар ҳолати таҳқиромез қарор дошта, ҳозир ҳастанд ба пули ночиз кор кунанд. Дар ин ҷо бояд назму тартибот ҷорӣ шавад.”

Аз ин пеш Игор Лебедев, муовини раиси Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии порлумони Русия дар вокуниш ба занозании хунин дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав гуфт, бояд то замони анҷоми тафтиши ин қазия марзҳои Русия ба рӯи муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ баста шавад. Игор Лебедев, ки дар Думаи давлатӣ аз ҳизби қавмгарои либерал-демократ намояндагӣ мекунад ва писари раиси ин ҳизб Владимир Жириновский мебошад, дар сӯҳбат бо хабаргузории “Интерфакс” гуфт, вакилони Дума баъди ин занозанӣ, ки се кушта ба ҷо гузошт, дар фикри бастани марзҳои Русия ба рӯи муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ шудаанд.

Дар моҳи ҷорӣ ин севумин даъвати вакилони порлумони Русия барои ҷорӣ кардани муқаррароти виза бо Тоҷикистону Узбакистон аст. Рӯзи 2 май Франтс Клинтскевич, муовини раиси кумитаи дифоъ ва амнияти Шӯрои Федеросиюн, ки дар маҷлиси болоии парлумони Русия аз ҳизби

ҳокими “Единая Россия”-и президент Владимир Путин намояндагӣ мекунад, низ гуфт, ӯ мехоҳад пешниҳоди ҷорӣ кардани виза бо бархе кишварҳои Осиёи Марказиро матраҳ ва ташвиқ кунад.

Ӯ аз бурдани исми кишварҳои мушаххасе, ки Маскав, ба ақидаи ин сенатор, бояд бо онҳо виза ҷорӣ кунад, худдорӣ кард, вале гуфт, “сухан дар бораи Қазоқистон ва Қирғизистон намеравад.”

Дар занозании гурӯҳҳои рӯзи 14 май дар оромгоҳи Хованское дар канори Маскав 3 муҳоҷири тоҷик кушта шуданд. Гуфта мешавад, дар Хованское аз 100 то 200 нафар аз коргарони тоҷики ин оромгоҳ бо гурӯҳҳои ҷиноии иборат аз зодагони Қафқози Русия дастбагиребон шудаанд. Манобеи Озодӣ мегӯянд, ки қафқозиҳоро ба сари муҳоҷирони тоҷик худи зодагони Тоҷикистон барои «разбор» овардаанд.

Кумитаи тафтишоти шаҳри Маскав гуфт, ки дар қиболи ин ҳодиса бар асоси моддаи 105-уми Кодекси ҷиноии Русия (куштор) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, чанде аз гумонбарон боздошт шудаанд, ки дар миёнашон кормандони собиқи пулис ва ҳуқуқдонҳо низ ҳастанд.

Қабристони Хованское, воқеъ дар минтақаи Новая Москва, соли 1972 таъсис ёфта, дар ҳоли ҳозир, бузургтарин оромгоҳ дар пойтахти Русия ба шумор меравад. Ин оромгоҳ дар километри 21-уми шоҳроҳи Киевское дар майдони 197,2 гектар доман густурдааст. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, дар ин оромгоҳ дар мавсими корӣ муҳоҷирон аз Тоҷикистон низ фаъолият мекунанд. Ба қавли масъулони сафорат, шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин гӯристон асосан бо корҳои санги болои қабр, гӯрканӣ ва ободонии қабрҳо машғул ҳастанд.

XS
SM
MD
LG