Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - "экспортёр"-и мошин?


Кам шудани харидор дар бозори дохилӣ тоҷирони мошин аз Тоҷикистонро ҳарчӣ бештар маҷбур мекунад, то бо талаби харидорӣ дари бозорҳои кишварҳои ҳамсояро бикӯбанд.

Дар ҳоле ки оморҳо дар чанд соли ахир аксаран аз афзоиши воридоти мошинҳо ба Тоҷикистон хабар медоданду бозори мошин ҳам дар ин кишвар хеле гарм буд, дар ин авохир мизони воридоти мошин ба ин кишвари Осиёи Миёна коҳиш ёфтааст ва васоили нақлиёт ҳам дигар харидори зиёд надорад.

Тибқи иттилои хадамоти гумруки Тоҷикистон, аз оғози соли равон 1551 мошин ба кишвар ворид шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ба Тоҷикистон 2777 мошин ворид шуда буд.

Аммо Нурулло Шарипов, сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 21-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, кам шудани воридоти мошинҳо ҷанбаи мавсимӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, “аксаран воридот ва харидуфурӯши мошин дар охири сол дар мавсими бозгашти сокинони кишвар аз муҳоҷирати корӣ меафзояд. Ҳамасола ҳамин хел аст, дар оғози сол як муддат воридот кам мешавад,чун аксарият ба муҳоҷирати корӣ сафар мекунанд.»

Ҳарчанд мақомоти гумрук коҳиш ёфтани воридоти мошин ба кишварро мавсимӣ медонанд, бархе аз тоҷирони мошин ва ширкатҳои миёнарав бар ин боваранд, ки омили аслии кам шудани воридоти мошин ба Тоҷикистон маҳз ба болоравии қиммати боҷи гумрукӣ ва ситонидани андоз аз мошинҳо аст. Зеро аз 1-уми феврали соли 2013 бо қарори ҳукумат ба хотири аз байн бурдани раванди соддаи воридсозии мошинҳо ва ҷилавгирӣ воридшавии мошинҳои кӯҳнаву фарсуда боҷ ва андоз барои воридоти мошинҳои то 4-сола афзоиш ёфт. Ва нархи воридоти мошин то 30 дар сад боло рафт. Ҳоло барои ҳар мошине, ки ба кишвар ворид мешавад, 18 дарсад андоз аз арзиши изофа, 5 дарсад боҷи гумрукӣ ва 10 дарсад андози аксиз талаб мешавад.

Аммо бархе соҳибкорон мегӯянд, агар қаблан ҳудуди 4000 сомонӣ боҷи гумрукӣ пардохт мешуд ҳоло барои овардани як мошин ба кишвар ҳудуди 6 000 сомонӣ сарф мешавад.

Сафарбек, як тоҷири мошин дар вилояти Суғд мегӯяд, пас аз ин тағйирот ва мушкилу гарон шудани воридсозии мошинҳо бархе аз соҳибкорон тарки ин тиҷорат кардаанд. Худи Сафарбек ҳам ки қаблан аз хориҷ ба Тоҷикистон мошин ворид мекардааст, мегӯяд, ҳоло ба тиҷорати мошинҳо дар дохили кишвар машғул аст: «Боҷи гумрук қиммат шуд, дигар чандон фоида намемонд. Ҳоло ин тиҷоратро онҳое мекунанд, ки маблағи зиёд доранд, соҳибкорони сарватманд масалан. Мо ҳоло аз вагон гирифта дар ҳамин ҷо савдо мекунем.»

Аммо воридоти ками мошин ва низ тавре пешбинӣ мешуд болоравии нархи боҷи гумрукӣ, ба қиммат шудани арзиши мошин дар бозорҳои мошинфурӯшии Тоҷикистон сабаб нашуд. Баръакс гуфта мешавад дар ин муддат хариди мошинҳо ҳам мисли воридоташ кам шудааст. Тоҷирони мошин ё афроде, ки мехоҳанд мошини худро ба фурӯш гузоранд наметавонанд ба зудӣ харидор пайдо кунанд ва ба ин тартиб як мошини фурӯшӣ метавонад моҳҳо дар интизори харидор дар «мошинбозор» бимонад. Ҳоло дар шаҳр ҳам мошинҳои зиёдеро дидан мумкин аст, ки бо навиштаҷоти "мошини фурӯшӣ" мегарданд.

Умед Саъдуллоев, таҳлилгари тоҷик ва нафари огоҳ аз бозори мошин мегӯяд, ҳоло дар бозори мошин савдои нақдӣ қариб нест, аксаран ин тиҷорат тавассути иваз кардану бақияпулӣ додан сурат мегирад ва ба гуфтаи ӯ, нархи мошин ҳам рӯ ба коҳиш овардааст. Умед Саъдуллоев афзуд: «Ҳоло мардум дар даст пули нақди зиёд надоранд. Нафаре ки мошин меорад, фарз кардем, барои рӯйпӯш кардани хароҷоти худ бояд то 6 ҳазор доллар фурӯшад, аммо ин фоидаи худро ӯ то 5- 6 моҳ интизор мешавад. Сабаб мушкили молии аҳолӣ аст. Ва бубинед, ҳарчанд Тоҷикистон мошин истеҳсол намекунад, тоҷиронаш, агар имкон дошта бошанд, кӯшиш мекунанд мошинҳои фурӯшии худро ба Қирғизистон ё Афғонистон бубаранд, ки харидор ёбанд. Дар кишвар сол то сол марказҳои фурӯши автомобилҳо ҳам зиёд шуда истодааст ва нархҳояшон дандоншикан аст. Онҳо ҳам чандон савдои хуб надоранд.»

Вале як омили дигари камхарид шудани мошинро дар Тоҷикистон таҳлилгарон ба қавле, дар «сер» шудани мардум аз мошин медонанд. Тавре ба назар мерасад, ҳоло қариб дар ҳар хонае ками кам як мошин ҳаст. Аз сӯи дигар, гарон будани нархи ҳуҷҷатҳое, ки барои як сол ба ронанда зарур аст, аз ҷумла ташхиси техникиву андоз, суғурта ва монанди инҳо ба камхарид шудани мошин сабаб шудааст.
Аммо дар ҳамин ҳол, Ҷавоҳир Ҷобиров, як масъули сомонаи Фара.тҷ, сомонае, ки дар харидуфурӯши мошин ба соҳибони онҳо кӯмак мекунад, мегӯяд, шумори мошинҳои фурӯшӣ, ки дар ин сомона эълон мегузоранд, баракс афзудааст. Ба гуфтаи Ҷавоҳир, агар соле қабл дар як моҳ ба сомонаи онҳо 120 мошини фурӯшӣ ворид мешуд, ҳоло ин теъдод ба 700 адад баробар шудааст. Аммо бо ин ҳол, ба қавли ӯ, мошинҳои хубу замонавӣ харидори худро доранд. Ҷавоҳир меафзояд: «Ҳоло мардум бештар барои харидуфурӯши мошинҳо аз тариқи Интернет ва сомонаи мо истифода мекунанд. Ҳоло мошинҳои тамғаи «Опел» «Мерседес» «Тойота» ва «Нексия» харидори бештар доранд.»

Бо вуҷуди он ки имсол воридоти мошин ба кишвар кам ба назар мерасад, аммо содироти мошин аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 10 дарсад афзудааст. Гуфта мешавад, аксаран мошинҳо аз Тоҷикистон ба далели осон ва камхарҷ будан назар ба дигар кившарҳо, ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Қазоқистону Қирғизистон ва Афғонистон, содир мешавад.
XS
SM
MD
LG