Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гапи Озод": Интихобот гузашт, Тоҷикистон бо чӣ чолишҳо рӯ ба рӯ хоҳад шуд? ВИДЕО


Лаҳзае аз барномаи "Гапи Озод"

Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи 11-уми октябр дар Тоҷикистон эълон шуд. Бино ба қарори Кумисюни марказии интихобот, Эмомалӣ Раҳмон дар муқоиса ба чаҳор номзади дигар раъйи бештар ба даст овардааст ва ҳафт соли дигар дар мансаби худ хоҳад монд.

Аммо дар бораи онки интихобот то куҷо воқеӣ ва мувофиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ гузашт, шубҳаҳо боқист. Барои баҳси ин мавзуъ ин дафъа ба барномаи “Гапи Озод” сиёсатшинос Сайфулло Сафаров ва рӯзноманигору таҳлилгар Раҷаби Мирзоро даъват кардем.

  • Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафт соли оянда бо чӣ чолишҳое рӯ ба рӯ хоҳад шуд?
  • Номзадҳои, ба истилоҳ, “рақиб” пас аз эълони натиҷаҳо гуфтанд, ки бо ончи гузашт, розиянд ва аз барномаҳои раиси ҷумҳури феълӣ пуштибонӣ мекунанд. Ин чӣ маъно дорад?
  • Чаҳор ҳизб барои пешбарии номзади худ (ҳар кадом) беш аз 250-ҳазорӣ имзо ҷамъ оварданд. Вале натиҷаҳои интихобот нишон дод, ки аз 40 ҳазор то беш аз 90 ҳазор овоз гирифтаанд. Ин фарқ баёнгари чист?
  • Муносибати нозирони миллӣ ва байнулмилалӣ ба интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон то куҷо ҷиддӣ буд?
  • Тоҷикистон барои баргузории як интихоботи беҳтар чӣ кор кунад?

Барномаи “Гапи Озод”-ро дар инҷо бинед:

Гапи Озод: Интихобот гузашт, Тоҷикистон бо чӣ чолишҳо рӯ ба рӯ хоҳад шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:21:31 0:00

Шарҳҳоро бинед (14)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG