Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон чӣ нақше дар шикасти фашизм доштанд?


Лавҳаи ёдгорӣ ба ифтихори сарбозони тоҷикистонии ҳомии Ленинград
Лавҳаи ёдгорӣ ба ифтихори сарбозони тоҷикистонии ҳомии Ленинград

Таҷлил аз 80-солагии пирӯзии Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ дар ҷанги ҷаҳонии дуввум дар ҳоле сурат мегирад, ки баҳсҳо бар сари мероси ин пирӯзӣ меафзояд.

Хусусан кишварҳое, ки замоне дар як сангар меҷангиданд, имрӯз ба ин ҷанг ва мероси он нигоҳи дигар доранд. Ҳатто кишварҳое мисли Тоҷикистон, ки гӯё ақибгоҳи ин ҷанг буданд, на камтар аз кишварҳои дигари узви шӯравӣ қурбонӣ доданд.

Устоди донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қироншоҳ Шарифзода мегӯяд: “Тоҷикистон дар байни дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ дар ин зафар на камтар аз Русияву Украинаву Белорус саҳм дорад.Чаро? Аввалаш, Тоҷикистон он вақт як миллиону 400 ҳазор аҳолӣ дошт. 300 ҳазор фарзанди Тоҷикистон ба ҷабҳа рафт. Қариб 150 ҳазори дигар дар ҷабҳаи заҳмат, яъне ақибгоҳҳо шабу рӯз кор карданд”.

Рӯзи 8 май раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар маросими таҷлил аз 80-умин солгарди ин пирӯзӣ дар Душанбе ба ин нукта ишора кард. Ӯ, аз ҷумла, гуфт:

“На танҳо дар шаҳрҳо, балки ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳои кишвари мо оилае набуд, ки падар, бародар, фарзанд ё хешу ақрабояшро ба хотири мубориза бар зидди фашистони истилогар ба майдони ҷанг гусел накарда бошад. Ин ҷанги даҳшатнокро мо низ сиёҳтарин саҳифаи таърих ва фоҷиаи бузург барои миллати худ меҳисобем”.

Солҳои ахир тағйир дар сиёсатҳои Русия, ки худро меросбари асосии шӯравӣ ва пирӯзӣ дар ҷанг медонад, сабаб шудааст, ки мавзуи саҳми кишварҳои дигар дар пирӯзӣ аз сӯйи донишмандон доғ шавад.

Тоҷикон магар дар шикасти фашизм саҳм надоранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

Абдулло Ғафуров, доктори илмҳои таърих мегӯяд: “Тақрибан чанд соли охир дар Русия ҳамин чизро нодида мегирифтанд. 1-2 соли охир мо дида истодаем, ки Федератсияи Русия ҳамчун меросбари давлати шӯравӣ ин чизро эътироф доранд. Президенти Русия Владимир Путин пеш аз ҳама кишварҳои ИДМ-ро табрик кард.

Ман фикр намекунам, ки имрӯз дар Русия саҳми дигар ҷумҳуриҳоро паст кунанд. Сиёсатмодорони алоҳидае ҳастанд, мисли Сергей Миронов, Никита Михалков саҳми дигар миллатҳоро паст заданӣ мешаванд. Лекин ба фикрам сиёсати имрӯзаи Русия бо сиёсати Тоҷикистон дар як фикр аст».

Бархе аз рӯшанфикрон ба вуҷуд омадани чунин муносибат ба мероси пирӯзии мардуми шӯравӣ дар ин ҷангро ба тағйир ёфтани арзишҳо ва иваз шудани наслҳо марбут медонанд. Абдулҳамид Самадов, нависандаи халқии Тоҷикистон гуфт: “Насл бинед, таваллуде, ки соли 1945 буд, 80 сола шуд, дуруст? Имрӯз набераву абераи ӯ мондааст, аз «гандамастӣ» дигар дар ин бора фикр ҳам намекунад”.

Аммо шумори дигар аз таҳлилгарон далели ин навъи муносибатро ба ҳадафҳои геополитикии нави Русия ва манофеи миллиаш дар баробари кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон медонанд.

Муҳаммад Шамсиддинов, коршиноси равобити байналмилал мегӯяд: «Бале, Русия имрӯз дар бораи ҳофизаи таърихӣ ва чизҳои дигар бисёр мегӯяд. Бо вуҷуди ин, талош дорад, ба ин ё он роҳ ҳокимияти фарҳангиву иттилотии худро дар кишвари мо ҳифз кунад. Вале дар масоили дигар, ҷойе, ки манфиатҳои милии он бо мо фарқ мекунад, аллакай аз рӯйи манфиатҳои миллиаш бархурд мекунад”.

Бино ба маълумоти расмии таърихнигорон, 50 дарсади аҳолии қобили меҳнати Тоҷикистон дар ин ҷанг ширкат карданд. Тоҷикистон мизбони зиёда аз 100 ҳазор занону кӯдакони аз минтақаҳои ҷангзада кӯчонидашуда буд.

Аз шумораи фиристодаҳои Тоҷикистон ба ҷанг беш аз 100 ҳазор қурбон шуда, 40 ҳазор бе ному нишон ва 60 ҳазори дигар маъюб шуданд. Талафоте, ки имрӯз аз сӯйи меросбарони асосии шӯравӣ чандон эътироф намешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG