Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи 30-нафарии тоҷикон хоки Эронро тарк кардаанд


Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, то кунун тақрибан 30 шаҳрванди Тоҷикистон аз қаламрави Эрон берун шудаанд.
Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, то кунун тақрибан 30 шаҳрванди Тоҷикистон аз қаламрави Эрон берун шудаанд.

Бо оғози ҳамлаи Исроил ба Эрон дар рӯзи 13-уми июн, даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон қаламрави он кишварро тарк кардаанд.

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон рӯзи 16-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки гурӯҳи 30 нафарии шаҳрвандони кишвар аз роҳҳои заминӣ хоки Эронро тарк кардаанд.

Ӯ афзуд: "як гурӯҳ аз шаҳрвандони мо ба Тоҷикистон рафтанд. Вазифаи сафорат мусоидат ба баргаштани онҳо аст ва мо ин вазифаро иҷро кардем."

Ба қавли сафир, ин гурӯҳ ба Туркманистон рафтаанд, то аз онҷо сафарашонро ба Тоҷикистон идома бидиҳанд. Азбаски парвози ҳавопаймоҳо ҳоло дар фазои Эрон қатъ шудааст, ба гуфтаи сафир дигар шаҳрвандони Тоҷикистон аз тариқи қаламрави ҳамсоякишварҳои дигари Эрон ба мисли Озарбойҷону Арманистон ба ватан бармегарданд.

Низомиддин Зоҳидов гуфт, ки бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон ихтиёрист ва ба касе амр нашудааст, ки қаламрави Эронро тарк кунанд: "Касе маҷбур намекунад, касеро барои баромадан. Агар худашон хоҳанд, сафорат барои кӯмак ба онҳо омода аст."

Онҳое, ки бармегарданд, ба гуфтаи дипломати тоҷик, муқими Эрон нестанд ва умдатан шаҳрвандоне ҳастанд, ки баъди қатъи парвозҳо байни ду кишвар дар Теҳрону дигар шаҳрҳои Эрон дармондаанд.

"Мо дар як ҳафта панҷ парвоз дорем. Ду парвозамон, ки сурат нагирифт, инҳо асосан ҳамонҳое ҳастанд, ки бо ин парвозҳо бояд ба ватан бармегаштанд. Онҳое, ки барои табобат омада буданд, барои тиҷорат омада буданд, барои давраҳои омӯзишӣ омада буданд. Онҳо бояд бармегаштанд, аммо ду парвоз, ки сурат нагирифт, ҳаминҳоро мо ба ватан баргардондем."

Сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфт, феҳрасти тақрибан 100 нафари дигаре дар сафорат таҳия шудааст, ки бояд ба кишвар баргарданд ва дипломатҳои тоҷик ба онҳо барои бозгашт мусоидат мекунанд.

Бо вуҷуди идомаи ҳамлаҳои мутақобилаи Исроилу Эрон ба ҳамдигар, Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, тамоми кормандони сафорат ба таври маъмулӣ ба кори хеш идома медиҳанд. Дар посух ба ин суол, ки шумо вазъиятро дар Эрон чӣ гуна арзёбӣ мекунед, Низомиддин Зоҳидӣ мавқеи вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро такрор кард.

Вазорат рӯзи 14-уми июн бо нашри як баёнияи расмӣ ҳамлаи Исроил ба таъсисоти атомии Эрон ва қатли фармондеҳони артиши ин кишварро маҳкум ва ду тарафро ба хештандорӣ даъват кард. Дар баёния омадааст: “Тоҷикистон, бо изҳори нигаронии амиқ аз шиддат гирифтани вазъ дар Ховари Миёна, зарбаҳои низомии ҷониби Исроилро ба қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки боиси талафоти сершумори ҷонӣ гардид, ҳамчун нақзи муқаррароти меъёрҳои эътирофгардидаи муносибатҳои байналмилалӣ қатъиян маҳкум менамояд.”

Дар ин баёния ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин аз аз ҳамаи ҷонибҳо даъват кардааст, “то аз амалҳои низомии минбаъда, ки метавонад оқибатҳои фалокатбор дошта бошад, худдорӣ карда, ҷиҳати дарёфти роҳҳои сулҳомези ҳалли ин бӯҳрон чораҳои таъхирнопазир андешанд.”

Исроил рӯзи 13-уми июн бо ҳамлаҳои ғофилгирона ба таъсисоти низомиву атомии Эрон ҳамчунин чанде аз фармондеҳони олирутбаи ин кишваро кушт. Эрон ҳам баъди ин мушаканандозӣ ба Исроилро оғоз кард ва гуфт, интиқоми кушташудагон ва ҳамлаҳоро аз Исроил мегирад.

Дар ҳамлаҳои Исроил ба гуфтаи мақомоти Эрон, то ҳол ҳадди ақал 224 нафар кушта шудаанд ва бештар аз 1200 нафар захм бардоштаанд. Исроил гуфт, дар ин кишвар то ҳол 23 нафар кушта ва беш аз 500 нафар захмӣ шудаанд.

Исроил мегӯяд, ҳамла ба раҳбарони олии низомии Эрон, таъсисоти ғанисозии уран ва олимони ҳастаӣ зарур буд, то Эрон соҳиби бомби атомӣ нашавад. Эрон ҳамеша таъкид кардааст, ки пайи силоҳи ҳастаӣ нест, аммо солҳои охир ба қадре урани ғализ ҳосил кардааст, ки тахмин меравад, агар бихоҳад, метавонад, дар муддати чанд моҳ аз онҳо силоҳи атомӣ бисозад.

XS
SM
MD
LG