Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдгор Файзов: "Аз амалиёти якмоҳа дар Бадахшон фардо натиҷагирӣ мешавад"


Шаҳри Хоруғ

Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон мегӯяд, ки қарор шуд рӯзи 16-уми октябр дар Хоруғ ҷаласаи натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумати вилоят баргузор шавад. Дар як сӯҳбати мухтасари телефонӣ бо Радиои Озодӣ, Ёдгор Файзов гуфт, ки ин ҷаласа ба манзури натиҷагирӣ аз кори мақомоти маҳаллии вилоят дар як моҳи охир баргузор мешавад.

Мақомот: "Баъди ба охир расидани мӯҳлати муайянгардида, пушаймонӣ фоида надорад."

Раиси тозатаъйин дар посух ба ин савол, ки оё бар зидди "гурӯҳҳои ҷиноятӣ" ё "ашхоси алоҳида" амалиёти махсусе анҷом мешавад ё не, гуфт, ки "агар оромӣ намешуд, фардо ҷаласаи фаъолони вилоятро баргузор намекардем. Оромӣ аст".

Ёдгор Файзов, ки дар таърихи 1-уми октябр бо як фармони президент ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Бадахшон таъйин шуд, аз ин зиёд сӯҳбат накард. Таъиноти ӯ ба ин вазифа баъди он сурат гирифт, ки дар пайи интиқоди шадиди президент аз вазъи тартибот ва амният дар вилоят, ҳадди аққал 12 мақомдори маҳаллӣ, аз ҷумла раису муовинонаш ва ҳам мақомоти ҳифзи қонун ва адлияи Бадахшон иваз шуданд.

Интиқоди шадиди президент, ки дар мулоқот бо мақомот, фаъолон ва сокинони Бадахшон рӯзи 15-уми сентябр садо дод, ба оғози рейдҳову амалиёти интизомии якмоҳа сабаб шуд. Дар ин амалиёт мардум ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша ба халъи силоҳ водор шуда, мошинҳои сиёҳшишаву берақам боздошт шуданд. Президент ба мақомоти вилоят як моҳ фурсат дод, ки тартиботи ҷамъиятӣ пурра барқарор шавад.

"Алайҳи сокинони осоишта ҳеҷ амалиёте роҳандозӣ намешавад​"

Ёдгор Файзов.
Ёдгор Файзов.

Рӯзи 15-уми октябр бо пахши изҳороти видеоие тавассути вебсайти ВКД Тоҷикистон мегӯянд, ки алайҳи сокинони осоишта ҳеҷ амалиёте роҳандозӣ намешавад. Айни замон, дар изҳорот гуфта мешавад, ки афроди ҷинояткор, ки аз итоат кардан ба қонун ва талаби супурдани силоҳ худдорӣ мекунанд, "тибқи талаботи қонунгузорӣ иқдомҳое роҳандозӣ мешаванд".

Ниҳодҳои интизомӣ ба дигар ашхоси таҳти ҷустуҷӯ расман ҳушдор додаанд, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шаванд, вагарна "баъди ба охир расидани мӯҳлати муайянгардида пушаймонӣ фоида надорад."

Президент Раҳмон моҳи сентябр бо як сафари корӣ дар навоҳии Бадахшон буд
Президент Раҳмон моҳи сентябр бо як сафари корӣ дар навоҳии Бадахшон буд

Дар баёнияи Ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилояти Бадахшон ҳамчунин гуфта мешуд, ки аз моҳи гузашта то кунун мақомоти интизомӣ миқдори зиёди силоҳу муҳимоти ҷангиро дар Бадахшон мусодира кардаанд ва дар ин муддат аз миёни 21 нафар муттаҳам ба ҷиноят, 11 нафарашон ихтиёрӣ ба мақомот таслим шудаанд.

Дар изҳороти мақомоти қудратӣ аз амалиёти кӯшиши интиқоли силоҳ ва маводи мухаддир дар ноҳияи Шуғнон ёд шуда, зикр мешавад, ки "гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ" дар ноҳияи Шуғнон ва шаҳри Хоруғ айни замон кӯшиши аз Афғонистон ва дигар минтақаҳо ворид намудани силоҳ, муҳимот ва маводи мухадирро доранд.

Мақомоти қудратӣ дар изҳороти худ ҳамчунин гуфтаанд, аз саркардагони гурӯҳҳо ва сокинони алоҳидаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ, 136 силоҳ мусодира шудааст. Аз ҷумла, 57 автомати "Калашников", 2 "Пулемёт", 2 гулӯлаандоз (гранатомёт), 1 комплекси зенитӣ, 27 "Таппонча", 8 Карабин, 29 силоҳи суфтамили "ТОЗ", 1 силоҳи истеҳсоли хориҷӣ ва беш аз 2600 лавозимоти ҷангӣ, инчунин 500 грамм маводи тарканда мусодира шудааст.

Дар изҳороти мазкур инчунин гуфта мешавад, ки сокинони вилояти Бадахшони Тоҷикистон то ҳол 71 миллион сомонӣ қарзҳои худро ба бонкҳои кишвар бозпас надодаанд.

Толиб Аёмбеков: Аз мо ҳарчи хостанд, кардем

Толиб Аёмбеков, ки яке аз шахсони бонуфуз ва таъсиргузор дар миёни ҷавонони Хоруғ дониста мешавад, рӯзи 15 октябр ба Радиои Озодӣ дар бораи нияти мақомот барои анҷоми амалиёти низомӣ гуфт, барои онҳо низ дар ин бора дақиқ чизе нагуфтанд. Ӯ гуфт, ки қарор аст фардо дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумати маҳаллӣ, ки аз соати 9 то 10 субҳ қарор аст дар Хоруғ баргузор шавад, маълум мешавад, ки тасмими мақомот чӣ аст.

Ба савол дар бораи ин ки аз ӯ ҳам дархости таслим шудан карданд ё на, ӯ гуфт: "Ба ман шахсан эроде набуд. Аз ман 15 нафарро хостанд, ки аз ҷавонони Хоруғ буданд, 11 нафарро додем, як нафари дигар мондааст". Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ин ки ин афрод кӣ ҳастанду дар чӣ муттаҳам мешаванд, Аёмбеков гуфт: "Инҳо ҷавононеанд, ки аз шаш сол ба ин сӯ қонунро вайрон кардаанд".

Толиб Аёмбеков
Толиб Аёмбеков

Аёмбеков аз ин зиёд сӯҳбат накард ва гуфт, ки "фардо ҳамааш маълум мешавад".

Манзури Аёмбеков эҳтимолан ҳамон 11 нафарест, ки дар бораи боздошти онҳо 12 октябр ситоди байниидоравӣ ҳам тавассути телевизион хабар дод.

Сахтгирӣ баъди танқиди раиси ҷумҳур

Ситоди мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ва аслиҳаи ғайриқонунӣ дар Бадахшон дар Вилояти Худмухтори Бадахшони Куҳӣ баъди он ташкил шуд, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо як лаҳни тунд мақомоти вилоятро танқид кард, ки наметавонанд, монеи ҷинояткорӣ дар минтақа шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст мақомотро сахт танқид кард.

Ӯ рӯзи 15-уми сентябр дар мулоқот бо фаъолони Бадахшон гуфт, "чаро чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонед? Чаро волоияти қонунро таъмин намекунед? Ин чӣ хел корманди милитсия будааст, ки ман ҳисоб кардам, фақат дар шаҳри Хоруғ қариб 1000 нафар. Чӣ, чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонед?".

Масъалаи амалиёт дар Бадахшон масъалаи ҳассос аст. Соли 2012 баъди кушта шудани Абдулло Назаров, сардори Идораи амнияти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ барои боздошти гумонбарон амалиёти низомӣ анҷом ёфт.

Моҳи майи соли 2014, дар пайи як тирандозӣ дар шаҳр, сокинони Хоруғ эътироз карданд. Дар ҷараёни як амалиёт, ки ба гуфтаи пулис, алайҳи қочоқбарони маводи мухаддир сурат гирифт, се нафар, аз ҷумла як афсари нерӯҳои махсус кушта шуда ва чаҳор тани дигар захм бардоштанд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG