Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 видеои пуртамошобини Озодӣ дар соли 2015


Видеоҳои бахши тоҷикии Радиои Озодиро дар шабакаи интернетии YouTube дар соли 2015 беш аз 16 миллион маротиба тамошо кардаанд.

Видеоҳои гузоштаи бахши тоҷикиии Радиои Озодӣ дар саҳифаи Ozodivideo дар торнамои интернетии YouTube дар соли 2015 таваҷҷӯҳи беш аз 16 миллион тамошобинро ҷалб кардаанд. Ин назар ба як соли қабл 225 фоиз бештар аст. Барои муқоиса, шумори тамошобинони наворҳои видеоии Озодӣ дар ин торнамо дар соли 2014 ҳудуди 7 миллион ва дар соли 2013 2,7 миллион буд.

Радиои Озодӣ танҳо дар соли 2015 дар саҳифааш дар YouTube беш аз 3000 видео гузоштааст, яъне тақрибан 8 видео дар рӯз. Ҷамъи видеоҳои нашршуда дар саҳифаи Ozodivideo аз 5 000 мегузарад.

Мурури видеоӣ ба даҳгонаи пуртамошобинтарин видеоҳои соли Озодиро инҷо бубинед:

Фарзона ва Фаридун – дар ҷои аввал

Мусоҳибаи ихтисосии Радиои Озодӣ бо овозхонҳои шинохта Фарзонаи Хуршед ва Фаридун Хуршед бо номи “Фарзона ва Фаридун: Ба зудӣ дуэт хоҳем хонд”, ки моҳи сентябр дар шаҳри Ҳамбурги Олмон дар ҳошияи маросими эътои ҷоизаҳои “Big Apple Music Awards 2015” анҷом дода шуд, бо касби беш аз 140 000 бинанда дар байни видеоҳое, ки дар соли 2015 нашр шудаанд, ҷои аввалро гирифтааст. Зимнан Фарзонаи Хуршед дар ин маросим ҷоизаи “Беҳтарин овозхони попи Тоҷикистон” ва ҳамсараш Фаридуни Хуршед ҷоизаи “Беҳтарин овозхони марди Тоҷикистон”-ро ба даст оварданд. Мусоҳиба бо ин ду ситораи ҷавони эстрадаи тоҷик дар ин нишонӣ қобили тамошост:

Дар ҷои дуюм – сӯҳбати падари полковники фирорӣ

Дар поёни моҳи май Тоҷикистон ва нафақат ин кишварро хабари фирори фармондеҳи ОМОН – воҳиди вижаи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов ва пайвастанаш ба созмони тундрави “Давлати исломӣ” дар Ховари Миёна такон дод. Хабарнигорони Озодӣ билофосила баъди нашри навори Гулмурод Ҳалимов ба суроғи пайвандони ӯ ба зодгоҳаш – рустои Дараи Фонии ноҳияи Варзоб рафтанд. Мусоҳибаи Озодиро бо Абдусалим Ҳалимов, падари 88-солаи Гулмурод Ҳалимов, ки рӯзи 29 май нашр шуд, то имрӯз 139 ҳазор нафар тамошо кардаанд. Ин видеоро шумо метавонед аз ин нишонӣ пайдо ва тамошо кунед:

3. Кӯчарӯби зебои Душанбе

Моҳи августи имсол акси Мунира Мирзоева, корманди яке аз идораҳои кабудизоркунии пойтахт тавассути аксбардори руминӣ Миҳаила Норок ба “Харитаи зебоии ҷаҳон” роҳ ёфт. Мунираи 19-сола, ки ҳамчун “кӯчарӯби зебои Душанбе” шӯҳрати ҷаҳонӣ ба даст овард, дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, нонашро бо арақи ҷабин ҳалол мекунад, вале аз касбаш, яъне гулкорӣ ифтихор дорад.

Сӯҳбати Озодӣ бо “кӯчарӯби зебои Душанбе”-ро то имрӯз 125 000 нафар дидаанд ва агар шумо ҳам майли диданашро доред, онро инҷо тамошо кунед:

4. Зиндагӣ ва марги Умаралӣ Қувватов аз забони аммааш

Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24” – яке аз созмонҳои мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон шаби 5 март дар натиҷаи як ҳамлаи мусаллаҳона дар шаҳри Истамбули Туркия кушта шуд.

Мусоҳибаи яке аз пайвандони ӯ Оишамоҳ Абдуллоева бо номи “Аммаи Умаралӣ Қувватов:"Иҷозат диҳанд, ҳадди ақалл мурдаашро бинем!"-ро аз моҳи март ба ин тараф дар саҳифаи Ozodivideo дар Youtube 103 ҳазор нафар дидаанд. Ин мусоҳиба дар ин нишонӣ қобили тамошост:

5. Фирори полковник Ҳалимов

Барномаи “Ахбори Радиои Озодӣ” аз28 майро, ки як мавзӯи асосиаш фирори полковник Гулмурод Ҳалимов буд, дар Интернет то поёни сол 98 000 тамошо кардаанд. Зимнан, “Ахбори Радиои Озодӣ”, ки инак ду сол боз мунтазам 5 рӯз дар ҳафта ва маъмулан дар соатҳои шомгоҳӣ нашр мешавад, рӯзторӯз тамошобинони ҳарчӣ бештарро ба худ ҷалб мекунад.

​Дар 5 ҷои баъдӣ дар даҳгонаи пуртамошобинтарин видеоҳои Озодӣ дар соли 2015 ин матлабҳо ҷойгир шудаанд:

6. Қатли муаллим дар пеши талабаҳо - 86 ҳазор

https://youtu.be/4exXvWoLeHE

7. Ҳампаймони Умаралӣ Қувватов ҳабс шуд - 81 ҳазор

https://youtu.be/tyWb7Tf_0FA

8. Даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба мубориза бо фасод - 79 ҳазор

https://youtu.be/jbVJgmSuNow

9. Мусоҳиба бо Шабнами Сурайё - 79 ҳазор

https://youtu.be/cx79gdA9G8Y

10. Ахбори Тоҷикистон аз 2 январ - 65 ҳазор

https://youtu.be/7aWVjPgCJfo

Ҳамаи 5 000 видеои Озодиро метавонед дар ин нишонӣ дар саҳифаи Ozodivideo дар Youtube пайдо ва тамошо кунед:

https://www.youtube.com/channel/UCyTDJHSzuKZ2JZO41c5Do1A

XS
SM
MD
LG