Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоскулоҳи бузурги Душанбе" бори дуюм доир мешавад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Рӯзҳои 2-4-уми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо "Dushanbe Grand Slam 2025” (“Тоскулоҳи бузурги Душанбе-2025”) баргузор мегардад.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam 2025” (“Тоскулоҳи бузурги Душанбе-2025”) то ҳоло 240 варзишгар (132 мард ва 108 зан) аз 28 кишвари чаҳор қораи олам номнавис шудаанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа 36 варзишгар (28 мард ва 8 зан) дохиланд:

Мардон:

Вазни -60 кг: Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Лоиқ Қутбиддинов, Меҳрзод Суфиев, Ҳақдод Гулов;

Вазни -66 кг: Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов, Ёсин Бобокалонов, Шаҳбоз Саидаброров;

Вазни -73 кг: Абубакр Шеров, Муҳиддин Асадуллоев, Беҳрӯзи Хоҷазода, Маҳмадшариф Наҷмиддинов;

Вазни -81 кг: Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммад Юсуфзода, Ғанӣ Ғанизода, Сайфиддин Сайфиддинзода;

Вазни -90 кг: Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Умедҷон Раҷабов, Шодмон Ризоев, Музамир Каримзода;

Вазни -100 кг: Ҷаҳогир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов, Парвиз Абдураҳмонов, Муҳсин Малаев;

Вазни +100 кг: Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Некрӯзшоҳ Некбахтзода, Раҳматулло Мирзоев.

Занон:

Вазни -48 кг: Аҳлия Муъминова, Райҳонаи Розиқзода;

Вазни -52 кг: Мадина Қурбонзода, Зуҳал Ҷумъаева, Насиба Карликова;

Вазни -57 кг: Александра Кан, Раҳмия Ҳанҷарбекова;

Вазни +78 кг: Виктория Киселёва.

Барномаи мусобиқа:

2-юми май (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.

3-юми май (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.

4-уми май (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо мешаванд: ҷойи якум – 1000 имтиёз, ҷойи дуюм – 700, ҷойи сеюм – 500, ҷойи панҷум – 360, ҷойи ҳафтум – 260 имтиёз.

Ёдовар мешавем, дар “Dushanbe Grand Slam 2024” ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 37 варзишгар (28 мард ва 9 зан) дохил буданд, ки 7 медал (як тило, се нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ягона медали тилоро дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кило соҳиб шуд. Обид Ҷебов (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд.

Се паҳлавони дигари тоҷик - Муллораҷаб Халифаев (-66 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam 2024” 390 варзишгар (204 мард ва 186 зан) аз 65 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок доштанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Швейтсария бо касби 2 медали тило ва 2 нишони нуқра ғолиб шуд. Австрия бо касби 2 медали тило ва як нуқра ҷойи дуюм ва Италия бо касби 2 медали тило ва як биринҷӣ зинаи сеюмро ишғол карданд. Тоҷикистон бо касби як медали тило, се нуқра ва се биринҷӣ дар зинаи сеюм қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG