Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳа"-и вакилон ба ширкатҳои сайёҳӣ ду "аммо" ҳам дорад


Тоҷикистон барои як гурӯҳи тозатаъсиси ширкатҳои сайёҳӣ ба мӯҳлати панҷ соли наздик дар пардохти андоз сабукӣ ҷорӣ кард. Вакилони Маҷлиси намояндагон дар як овоздиҳии рӯзи 21 апрел бо нияти “рушди туризм” дар Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз ин қонун ҳамагӣ тугмаи “ҳа”-ро пахш карданд. Имтиёз ширкатҳои сайёҳиро натанҳо аз супоридани андоз аз фоида, балки аз пардохти боҷи гумрукӣ ба ҳангоми ворид кардани молу таҷҳизот барои бунёди иншоотҳои сайёҳӣ низ озод мекунад.

Вале зоҳиран масъулони ширкатҳои сайёҳӣ аз ин имтиёз чандон хушнуд нестанд. Чунки ба таъкиди онҳо, имтиёз дар пай ду “аммо”-и дигар дорад, ки ба қавли онҳо метавонад ҷиҳатҳои манфиаш хубиҳояшро аз байн бубарад. “Аммо”-и аввали ин имтиёз дар он аст, ки аз он на ҳама ширкатҳои сайёҳӣ баҳравар хоҳанд шуд.

Имтиёз ширкатҳои сайёҳиро натанҳо аз супоридани андоз аз фоида, балки аз пардохти боҷи гумрукӣ ба ҳангоми ворид кардани молу таҷҳизот барои бунёди иншоотҳои сайёҳӣ низ озод мекунад.

Ҷамшед Нурмуҳаммадиён, муовини вазири молияи Тоҷикистон ҳини муаррифии ин тарҳ дар назди вакилон дар порлумон гуфт: “Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 89 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ин имтиёзҳо ба ширкатҳое, ки пас аз соли 2014 ба қайд гирифта шудаанд, татбиқ мешаванд. Бо назардошти ин нукта, ҳоло 24 ширкати сайёҳии ҷумҳурӣ аз ин имтиёз бархӯрдор хоҳанд шуд.”

То ҳанӯз исми 24 ширкати сайёҳии хушиқбол, ки аз имтиёз бархӯрдор шудаанд, эълон нашудааст. Масъулони Вазорати молия мегӯянд, исми ин ширкатҳо бо нашри қарори алоҳидаи Ҳукумат дар ин робита маълум хоҳад шуд. Аммо ширкатҳои сайёҳӣ, ки ба ҷалби сайёҳон ба дохили кишвар машғуланд, ин иқдоми давлатро имконе барои рушди ин соҳа медонанд.

Умедҷон Исмоилов, мудири бахши сайёҳати дохилии ширкати “Скайтур” дар суҳбат бо “Озодӣ” дар ин робита гуфт: “Озод шудан аз пардохти андоз барои мо як имконияти нав фароҳам месозад, ки соҳаи сайёҳиро боз рушд диҳем ва Тоҷикистонро беҳтару хубтар ба хориҷиён муаррифӣ кунем. Агар ба муштариёни ширкати мо назар кунем, 70 дарсад онҳо хориҷиён ва 30 дарсад шаҳрвандони худамон мебошанд. Дар миёни хориҷиён масири сафар ба Помир ва кулҳои Фон ва соҳилҳои Искандаркул ва Кулҳои Алоуддин хеле машҳур ва хушхарид ҳастанд”.

Аммо ҳамсӯҳбатони дигари мо дар чунин ширкатҳо гуфтанд, ироаи имтиёз аз сӯи давлат паҳлӯҳои дигар низ дорад, ки баръакс кори онҳоро дар оянда метавонад сахттар кунад. Ба гуфтаи онҳо, бар ивази озод кардан аз пардохти андоз аз фоида, барои ҷалби сайёҳон ба дохил қонуни нав ширкатҳои сайёҳиро, ки ба хориҷа туристонро мефиристонанд муваззаф кард андоз аз арзиши иловашударо (НДС), ки 18 дарсад аст, пардохт кунанд. То кунун танҳо ширкатҳое ин намуд андозро мепардохтанд, ки гардиши даромади пулиашон солона аз 600 ҳазор сомонӣ бештар шуда бошад. Аммо акнун ҳамаи ширкатҳои сайёҳӣ, ки ба хориҷа сайёҳ мефиристанд, муваззафанд ин андозро пардохт кунанд.

Тоҷикистон солҳост талош дорад соҳаи туризму ҷаҳонгардиро ба як бахши муҳими иқтисод ва даромади буҷа табдил диҳад. Аммо дар баробари як андоза афзоиш ёфтани шумори туристҳои хориҷӣ ваё навъи хизматрасониҳои туристии мисли меҳмонхонаҳои замонавиву хадамоти инсонӣ, яке аз мушкилтарин бахши ин соҳаинфрасохтори он боқӣ мемонад.

Мутахассисони соҳа солҳои зиёд аст, ки аз набуди роҳу нақлиёти муносиби туристӣ, меҳмонхонаҳои дастрасу таъмин, картография ва ё ишораҳои дурусти макону ҷойҳои саёҳати инфиродии хориҷиҳо, мушкили донистани забони хориҷӣ дар миёни ходимони соҳа ва мушкилоти дигар шикоят мекунанд. Ҳатто набуди ҳоҷатхонаву дастшӯиҳои дасрас дар тамоми кунҷу канори кишвар боиси гузоришҳои интиқодии ҷудогона шудааст.

Барои сайёҳони хориҷӣ инчунин мушкили сабтином дар Тоҷикистон як дардисаре шудааст, ки ба қавле ба рӯҳияи кулли сайру саёҳат таъсиргузор мешавад. Аз ҷумла як сайёҳ бо номи Дмитрий Лиситсин дар торнамои марбут ба сайёҳон Махнем.ру менависад, ки сабти номи хориҷиён дар Тоҷикистон дардисарҳои зиёде дорад ва ҳатто барои сафар ба куҳсор бояд иҷозатномаи махсусе дарёфт кард.

Сайёҳони дигар аз тамаъҷӯии кормандони пулис ва саҳлангории масъулони меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон гила мекунанд, ки тибқи қоидаи маъмул меҳмонони худро бидуни пули идовагӣ дар идораи пулис сабти ном намекунанд.

Соли гузаштаи 2016 беш аз 312 ҳазор сайёҳ аз Тоҷикистон боздид карданд, ки бинббар ҳисобҳои Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ба иқтисоди кишвар 156 миллион доллар суд овардаанд. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки дар кишварҳои ҳамсояи аз назари табиту маконҳои диданӣ монанди мисли Қирғизистон ин нишондодҳо ду баробар бештар будааст.

Бо назардошти ин ҳама, аксар дастандаркорони соҳа ва ҳам коршиносон ба бозбинии куллии сиёсати туризм дар Тоҷикистон даъват мекунанд ва мегӯянд, танҳо дар ҳолати ҳал шудани бастаи мушкилот, мешавад барои пешрафти соҳа саҳмгузор шуд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG