Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки омода аст дар Будапешт, пойтахти Маҷористон бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мулоқот ва дар бораи қатъи ҷанг дар кишвараш гуфтугӯ кунад. Ӯ дар як мусоҳибае бо телевизиони амрикоии Эн Би Си гуфт, бовар надорад Путин омодаи поён додан ба ин ҷанг бошад. Баёнияи ӯ дар ин бора баъди он садо дод, ки Доналд Трамп аз Русия ва аз Украина хост, ҷангро бас кунанд.
Рӯзи ҷумъа, 18-уми октябр, баъди бештар аз ду соат гуфтугӯ бо Зеленский дар Кохи Сафед, Трамп ҳам аз Украина ва ҳам аз Русия хоҳиш кард, ки ҷанг ва қатли мардуми якдигарро бас кунанд.
Доналд Трам, раиси ҷумҳури Амрико гуфт: "Ман имрӯз бо раиси ҷумҳур Зеленский вохӯрдам ва гуфтугӯи хубе доштем, бисёр самимона. Ба назари ман, ҷанг бояд фавран бас шавад. Дар ҳамон хатҳое, ки ҳастанд, бас кунанд. Дар акси ҳол бисёр печида мешавад, роҳи ҳалли онро ҳеч гоҳ намеёбед. Дар ҳамон хати набарде, ки ҳастанд, бас кунанд, ба хона баргарданд. Пеши хонаводаҳояшонро раванд, куштанро бас кунанд. Тамом. Дар ҳамон хати ҷанг алъон бас кунанд. Ман инро ба раиси ҷумҳур Зеленский ва раиси ҷумҳур Путин гуфтам".
Владимир Зеленский дар сафари Вашингтон ҳамчунин талош кард барои идомаи муқобила бо Русия аслиҳаи бештар аз ҷумла мушакҳои Томаҳавк ба даст орад. Аммо Доналд Трамп зоҳиран майли бештаре ба миёнҷигарӣ барои сулҳ дорад ва на интиқоли аслиҳаи бештар ба Украина.
Доналд Трамп, ки гуфт, дар ҷанги Русия дар Украина ба қадри кофӣ хун рехта шудааст, афзуд, ки қасд дорад дар ҳафтаҳои оянда бо Владимир Путин дар шаҳри Будапешт, пойтахти Маҷористон мулоқот кунад. Ҳеч санаи дақиқе ҳанӯз эълон нашудааст.
Рӯзномаи “Вашингтон Пост” рӯзи 18-уми октябр навишт, ки гӯё ҳангоми суҳбати телефонӣ бо Доналд Трамп дар рӯзи 16-уми октябр Владимир Путин хостааст, ки Украина тамоми қаламрави Донетск, як минтақаи ҳаётан муҳим дар шарқи Украинаро ба Русия таслим кунад. Қисми зиёди ин минтақа ҳоло дар дасти Русия аст. Трамп ин хабарро рад кард.
Доналд Трамп, пас аз бозгашт ба қудрат ваъда дода буд, ки ҷанги Русия дар Украинаро дар муддати кутоҳе ба поён мерасонад, вале баъдан гуфт, ки ин кор вақти бештаре мегирад. Дар ин ҷанг, ки бештар аз севвуним сол аст, идома дорад, бино ба гузоришҳои садҳо ҳазор нафар аз ҳарду тараф куштаву захмӣ шудаанд.
Гуфтугӯ