Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп Кубаро "таҳдид ба амнияти миллӣ" номид ва "вазъи изтирорӣ" ҷорӣ кард

Доналд Трамп, президенти ИМА
Доналд Трамп, президенти ИМА

Доналд Трамп, Президенти ИМА, бо далели "таҳдид ба амнияти миллӣ" аз ҷониби Куба, фармони вазъияти изтирорӣ имзо кардааст.

Ин санад имкон медиҳад, ки нисбат ба молу маҳсулоти кишварҳое, ки ба Куба нафт мефурӯшанд ва ё бо роҳҳои дигар интиқол медиҳанд, боҷи изофӣ ҷорӣ карда шавад.

Дар гузориши Кохи Сафед гуфта мешавад, ки мақомоти Куба дар хоки кишварашон пойгоҳи низоми ва ҷосусии “кишварҳои зиёди харобкор”-ро ҷой дода, бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд.

Мақомоти Амрико гуфтаанд, ки "дар Куба бузургтарин маркази иктишофии радиоэлектронии Русия ҷойгир аст, ки ба рабудани иттилооти махфӣ дар мавриди амнияти миллии ИМА машғул аст."

Инчунин, дар хабар гуфта мешавад, ки Куба ба гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ҲАМОС ва "Ҳизбуллоҳ" паноҳгоҳ медиҳад.

"Режим мухолифони сиёсиро таъқиб ва шиканҷа мекунад, озодии баён ва матбуотро нақз менамояд, бо фасодкорӣ аз ҳисоби ранҷи мардуми Куба сарват ҷамъ меорад ва бо паҳн кардани идеологияи коммунистӣ дар тамоми минтақа нооромӣ эҷод менамояд", — омадааст дар изҳороти Кохи Сафед.

Бруно Родригес Парриля, вазири корҳои хориҷии Куба гуфт, ки кишвараш талошҳои ИМА-ро барои ҷорӣ кардани муҳосираи комили интиқоли маводи сӯхт ба ҷазира шадидан маҳкум мекунад. Ба гуфтаи ӯ, маъмурияти Трамп барои сафед кардани амалҳои худ кӯшиш дорад Кубаро ҳамчун таҳдиде муаррифӣ кунад, ки "дар асл чунин таҳдид вуҷуд надорад".

Бруно инро “иғво” номида, маҳкум кард.

Нашрияи The Wall Street Journal иддао дорад, ки маъмурияти Трамп дар байни аъзои ҳукумати Куба шахсони бонуфузеро меҷӯяд, ки тавонанд барои бастани созишнома ҷиҳати сарнагун кардани режими кунунӣ то охири соли 2026 кумак кунанд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки як нафари наздик ба мақомоти Венесуэла дар аввали январи соли ҷорӣ ба ИМА кумак кард, то дар Каракас амалиёт гузаронида, Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флоресро дастгир кунанд.

XS
SM
MD
LG