Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп: Таҳримҳои зидди Эрон пойдор хоҳанд монд


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар посух ба сарусадоҳо атрофи бекор карда шудани таҳримҳои зидди Эрон ва оғози гуфтугӯи дуҷониба гуфт, таҳримҳо алайҳи Теҳрон "лағв намешаванд".

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Эрон борҳо гуфтаанд, ки пеш аз ҳама гуна гуфтушунид бо Амрико нахуст бояд таҳримҳо аз байн бардошта шаванд.

Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбе 4-уми сентябр дидор бо Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эронро дар ҳамоиши Маҷмааи умумии Созмони миллал имконпазир донист, вале таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида таҳримҳои зидди Эронро бекор нахоҳад кард.

Доналд Трамп дар посух ба суоли хабарнигорон дар хусуси эҳтимоли дидор бо Ҳасан Руҳонӣ дар охири моҳи сентябри соли равон дар Ню-Йорк гуфт, “мутмаинан ҳар чизе мумкин аст.”

Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса дар моҳҳои ахир барои коҳиши танишҳо байни Эрон ва Амрико талошҳои дипломатии зиёде дошт ва чандин бор бо Ҳасан Руҳонӣ, ҳамтои эрониаш телефонӣ гуфтугӯ кард. Дар ҳамин замина гумони дидори раисҷумҳури Амрико ва Эрон низ матраҳ шуда буд.

Раисиҷумҳури Амрико бо ишора ба вазъи феълӣ гуфт, мақомҳои эронӣ ба як мушкили бузурге рубарӯ ҳастанд ва мехоҳанд онро зуд ҳал кунанд.

“Теъдоди каме шоҳиди чунин таварруми бесобиқа дар панҷоҳ сол ҳастанд, мавқеияти ғамангезе аст. Мо дар 24 соат метавонем мушкилашонро ҳал кунем. Бояд бубинем чӣ пеш хоҳад омад,”- гуфт раисҷумҳури Амрико.

Доналд Тромп инчунин гуфт, аз талошҳои раисҷумҳури Фаронса сипосгузор аст, вале афзуд, ки "масоили марбут ба Эронро аз тариқи Эммануел Макрон пайгирӣ" намекунад.

Раисҷумури Амрико дар идома изҳор дошт, афрод мустақиман бо онҳо тамос мегиранд ва маҷбур нестанд масоилро аз тариқи кишварҳои дигар дунбол кунанд. “Мо чунончи моил мебудем, метавонистем кумакҳои зиёде масалан аз Ҷопон бигирем. Ҷопон яке харидорони аслии нафти Эрон аст. Онҳо равобити густардае доранд. Ниёзе ба дигар кишвар надорем, агар бихоҳем, мустақиман вориди музокирот хоҳем гашт,"-гуфт Доналд Трамп.

Бино ба бархе аз гузоришҳо, мақомҳои Эрон дар музокирот бо мақомҳои фаронсавӣ хостори он шудаанд, ки Амрико имкони фурӯши равзанаии 700 ҳазор бушка нафтро ба Эрон бидиҳад, аммо Доналд Трамп ҳозир ба пазириши тамдиди имтиёзҳои нафтӣ барои муштариёни Эрон нашудааст.

Дар ҳамин замина Брайан Ҳук, масъули умури Эрон дар Вазорати корҳои хориҷии Амрико ҳам рӯзи чаҳоршанбе эълон кард, ки аз ин пас дигар имтиёз барои хариди нафти Эрон идома намекунад.

Аз сӯи дигар Ҳасан Руҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, ки гоми саввум аз коҳиши тааҳҳудоти ҳастаии Эрон аз рӯзи ҷумъаи 6-уми сентябр иҷро мешаванд.

Ин саввумин марҳила аз коҳиши ваъда ва уҳдадориҳои Эрон дар чаҳорчуби БАРҶОМ, созишномаи ҳастаии он бо қудратҳои ҷаҳонист.

XS
SM
MD
LG