Сайёҳон ва боздидкунандагони “Дарвозаи дӯзах” дар Туркманистон аз талошҳои Ишқобод барои пурра фурӯ нишонидани оташ дар ин чоҳи газӣ дилсард шудаанд.
Дайла Ҳаррис, мудири ширкати Lupine Travel дар Бритониё, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "соли гузашта шӯълаҳои оташ дар сатҳи бисёр поинтаре буданд." Аксҳои гирифташуда дар соли 2025 тасдиқ мекунанд, ки акнун ба ҷойи шӯълаҳои бешуморе дар “Дарвозаи дӯзах” танҳо чанд забонаи оташро дидан мумкин асту бас.
"Туркмангаз", ширкати миллии гази Туркманистон, рӯзи 28-уми декабр бо нашри баёнияе гуфт, газро аз даҳонаи “Дарвоза” дур мекунанд, то беназорат паҳн шудани онро ба ҳаво ба таври пурра аз байн баранд.
Шукри Мерей аз Донишгоҳи Батмани Туркия ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди коҳиши ҷараёни газ ба дохили даҳона, комилан хомӯш кардани оташ ҳамчунон як муаммои муҳандисии душвор хоҳад буд.
Ӯ афзуд, "ҳатто пас аз пармакунии як чоҳи нав, мумкин нест ихроҷи газ ба дохили даҳонаро ба таври комил аз байн бурд". Ин донишманд тахмин мезанад, ки барои бунёди чунин чоҳи дувум миллионҳо доллар зарур аст.
Даъватҳо барои хомӯш кардани оташи "Дарвозаи дӯзах" бори нахуст дар соли 2010 аз сӯйи раисиҷумҳури вақти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов садо дод.
Баъдан ба назар расид, ки ин кишвари худкома байни пазируфтани "Дурахши Қароқум" ҳамчун як ҷозибаи сайёҳӣ ва талош барои аз байн бурдани он ҳамчун боқимондаи нохушоянди замони Шӯравӣ дар дуроҳа мондааст.
Ин чоҳ 70 метр дарозӣ ва 20 метр чуқурӣ дорад ва дар ҷараёни истихроҷи газ дар соли 1971 ба вуҷуд омад ва дар он замон заминшиносон барои пешгирӣ аз паҳншавии доираи сӯхтори газ онро ба оташ кашиданд. Онҳо интизор доштанд, ки сӯхтор тайи чанд ҳафта хомӯш мешавад, аммо беш аз ним қарн мешавад, ки шуълаҳои он аз чоҳ забона мекашанд. Ин чоҳ дар 260-километрии Ишқобод, пойтахти Туркманистон, ҷойгир аст.
Талошҳо барои хомӯш кардани оташ мумкин аст бо гузоришҳои охир оғоз шуда бошад, ки Туркманистон аз ду кони гази худ назар ба партовҳои солонаи Бритониё бештар газҳои гулхонаӣ паҳн мекунад.
Таҳлилгарон тахмин задаанд, ки ҳаҷми умумии газҳои гулхонаӣ аз ин макон тақрибан ба партовҳои солонаи 7 миллион мошин баробар аст. Арзиши ин газ, ки даҳсолаҳо боз ихроҷ мешавад, ҳудуди 300 миллион долларро ташкил медиҳад.
Гардишгарӣ дар Туркманистон ба таври қобили таваҷҷуҳе таҳти таъсири иқдомот барои хомӯш кардани ин оташ қарор хоҳад гирифт ва осеби ҷиддӣ хоҳад дид. Дайла Ҳаррис мегӯяд, "Дарвозаи дӯзах" макони дӯстдоштаи сайёҳон дар Туркманистон аст ва меафзояд, "сабаби асосии боздиди мардум аз ин кишвар ҳамин аст".
Як ҳамоҳангсози ботаҷрибаи гардишгарӣ, ки дар Туркманистон фаъолият мекунад ва аз баёни номаш худдор кард, гуфт, "мо 15 сол аст, ки шоҳиди хомӯш шудани шӯълаҳои оташ ҳастем. Бояд муддате дар майдонҳои канори он кор шуда бошад, аммо ҳеч гузориши расмӣ вуҷуд надорад. Ин гуна чизҳо ҳамеша махфӣ ҳастанд".