Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо донишҷӯи туркман дар Тоҷикистон бе пул монданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳудуди чаҳор ҳазор донишҷӯи туркман, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд, бинобар манъи интиқоли пул аз кишварашон ва қатъи кори кортҳои бонкӣ бо мушкили бепулӣ рӯбарӯ шудаанд. Ин масъала барои бархе дар пардохти ҳаққи таҳсил ва барои бисёриҳо барои хароҷоти ҳамарӯзаи зиндагӣ мушкили ҷиддӣ эҷод кардааст.

Донишҷӯёни туркман гуфтанд, ки волидонашон наметавонанд ба онҳо пул фиристонанд. Ба таври истисноӣ ба онҳо иҷозат додем, ки имтиҳонҳоро супоранд.

Кортҳои Visa-ро бастанд

Ин мушкил дар пайи он эҷод шуд, ки дар дохили Туркманистон камбуди шадиди асъори хориҷӣ боис шудааст, ҳукумат ҳама гуна роҳҳои интиқоли пулро ба хориҷа маҳдуд кунад. Аввалин зарбаи ин маҳдудият болои донишҷӯёне афтод, ки дар хориҷа таҳсил ва аз ҳисоби пули волидон зиндагии худро таъмин мекарданд. Садҳо донишҷӯи туркман дар Тоҷикистон ҳам як бахше аз онҳо мебошанд.

Чанде аз донишҷӯёни туркман, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд, дар суҳбат бо бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтаанд, як моҳ инҷониб аз волидонашон пул гирифта наметавонанд, чунки Туркманистон фаъолияти кортҳои бонкии онҳоро қатъ кардааст. Мушкили аслӣ сари кортҳои Visa мебошад, ки маҳз кортҳои ҳамин низоми бонкиро дар Туркманистон масдуд кардаанд.

Ректор: Суратҳисоби махсус боз шуд

Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон
Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон

Аз чаҳор ҳазор донишҷӯи туркмани муҳассили донишгоҳҳои Тоҷикистон, нисфашон дар Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил мекунанд.

Носирҷон Салимӣ, ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, рӯзи 16-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, донишҷӯёни туркман ба дарёфти пул аз кишварашон мувоҷеҳ шудаанд ва наметавонанд маблағи таҳсилро пардохт кунанд. Ӯ гуфт, мавсими навбатии имтиҳонҳо фаро расидааст, аммо ҳанӯз донишҷӯёни туркман маблағи таҳсилашонро пардохт накардаанд.

“Донишҷӯёни туркман гуфтанд, ки волидонашон наметавонанд ба онҳо пул фиристонанд. Ба таври истисноӣ ба онҳо иҷозат додем, ки имтиҳонҳоро супоранд. Волидони онҳо хоҳиш карданд, ки агар донишгоҳи мо суратҳисоби вижаи асъори хориҷӣ боз кунад, онҳо метавонанд мустақим маблағи таҳсили фарзандонашонро гузаронанд”, - афзуд ӯ.

Носирҷон Салимӣ
Носирҷон Салимӣ

Бо дархости донишҷӯён, ба гуфтаи ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ, як суратҳисоби махсус боз шудааст ва ҳамакнун волидони онҳо метавонанд ба ин суратҳисоб мустақим пули таҳсили фарзандонашонро пардохт кунанд. Бархе волидон тавассути фарзандонашон ба маъмурияти донишгоҳ дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар сурати вуҷуди чунин як суратҳисоби воҳид барои муҳассилон, интиқоли пул аз Туркманистон ҳам барояшон иҷозат дода мешавад.

Туркманҳо чаро Тоҷикистонро интихоб мекунанд?

Дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон наздик ба ду ҳазор донишҷӯи туркман таҳсил мекунанд ва аксари онҳо дар шӯъбаи шартномавӣ мехонанд. Бинобар арзон будани нархи таҳсил дар Тоҷикистон, донишҷӯёни туркман донишгоҳҳои Тоҷикистонро интихоб мекунанд.

Носирҷон Салимӣ гуфт, бештари донишҷӯёни туркман дар факултаҳои забони англисӣ, забони русӣ ва кимиё таҳсил мекунанд. Ба ҳисоби миёна нархи таҳсил дар ин донишгоҳ ба 500 доллари амрикоӣ баробар аст, дар ҳоле ки дар Туркманистон нархи таҳсил ба маротиб бештар будааст.

Буҳрони асъори хориҷӣ дар Туркманистон

Фаррух Юсуфий, раиси бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, даромадҳои давлати Туркманистон бинобар коҳиш ёфтани нархи газ ва ҳаҷми фурӯши он кам шудааст, аммо хароҷоти давлат мисли пешин боқӣ мондааст. “Ин ҳолат боис ба буҳрони асъори хориҷӣ дар кишвар сабаб шудааст”, - гуфт ӯ.

Ҳоло навбати пулфиристӣ то моҳи октябр банд шудааст

Ин масъала баъди Бозиҳои осиёӣ дар Туркманистон дар соли 2017 доғ шуд, ки бино ба гузоришҳо танҳо барои як шаҳрчаи олимпӣ 5 миллиард доллар сарф шудааст. Фаррух Юсуфий гуфт, “Туркманистон бисёре аз захираҳои молиявиашро барои сохтмони иншооти Бозиҳои осиёӣ харҷ кард. Даҳҳо меҳмонхонаи пурҳашамат сохта шуд, вале меҳмонхонаҳо холӣ буда, даромаде намеоранд”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло Туркманистон бо камбуди шадиди асъори хориҷӣ рӯ ба рӯ аст ва ҳоло ночор шудааст, кори кортҳои бонкии донишҷӯёнро дар хориҷ қатъ кунад, то як доллар ҳам ба хориҷа наравад. Интиқоли пул аз Туркманистон ба хориҷа тариқи системаҳои интиқоли пул ҳам тақрибан ғайриимкон аст.

Бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, дар ҳудуди Туркманистон танҳо системаи Western Union фаъол аст. Барои интиқоли пул, ки дар доираи 50-100 доллар маҳдуд мешавад, мардум моҳҳои дароз навбат мепоянд. “Масалан ҳоло навбати пулфиристӣ то моҳи октябр банд шудааст”, - гуфт Юсуфий.

XS
SM
MD
LG