Дар чанд ҷумла
"Украина бояд як бахши музокироти сулҳ бошад"
Роҳбарони баъзе аз кишварҳои аврупоӣ бо нашри баёнияе пойбандии худро ба истиқлол ва тамомияти арзии Украина таъкид карданд.
Намояндагони Фаронса, Олмон, Бритониё, Лаҳистон, Испания, Итолиё ва Кумисюни Аврупо рӯзи 12-уми феврал гуфтанд, "дар ҳама гуна музокира бо Русия, Аврупо ва Украина низ бояд нақш дошта бошанд".
"Мо як ҳадаф дорем: идомаи пуштибонӣ аз Украина то расидан ба сулҳи одилона, ҳамаҷониба ва пойдор," – гуфта шудааст дар баёния.
Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон, дар мусоҳибае бо нашрияи Politico гуфт, ки наметавон сулҳро ба Украина таҳмил кард. Ин мусоҳиба рӯзи 13-уми феврал нашр шуд.
Изҳороти раҳбарони аврупоӣ дар ҳолест, ки президенти Амрико Доналд Трамп рӯзи 12-уми феврал бо раҳбарони Русия ва Украина дурнамои хатми ҷанг дар Украинаро баррасӣ кард.
Ӯ изҳори умед кард, ки ин фоҷеа ба зудтарин фурсат хотима меёбад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Дар Қазоқистон 81 муҳоҷири тоҷикро аз сардӣ наҷот доданд
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон 81 шаҳрванди Тоҷикистонро аз сармо наҷот додаанд.
Дар хабари расмӣ омадааст, аз сабаби сардии шадид ва бехатар набудани роҳҳо автобуси ин шаҳрвандони Тоҷикистонро дар яке аз роҳҳои вилояти Акмалинский манъ карда, худашонро ба меҳмонхона бурдаанд. Дар миёни ин афрод 17 кӯдак низ будааст.
"Ин нафарон барои кӯмак ва дастгирӣ ба наҷотдиҳандагон миннатдорӣ карданд", - гуфтанд мақомоти Қазоқистон.
Ҷузъиёти бештар дар бораи ин шаҳрвандони Тоҷикистон ва инки онҳо ба куҷо мерафтанд маълум нест. Одатан шаҳрвандони Тоҷикистон дар вақти сафар ба Русия аз тариқи Қазоқистон мегузаранд.
Бо сабаби гарон будани нархи билети ҳавопаймо солона ҳазорон тоҷикистон маҷбуранд аз тариқи Қазоқистон ба Русия раванд ё баргарданд. Дар ин роҳ шаҳрвандони Тоҷикистон гоҳо ба садама дучор шуда, ҷони худро аз даст медиҳанд.
Патент дар Русия гарон шуд. Дар кадом шаҳр чӣ қадар?
Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз боло рафтани нархи патент ё иҷозатномаи кор дар шаҳрҳои калони Русия хабар додааст.
Ба хабари расмӣ, соли 2026 арзонтарин патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Чеченистон — 3 410 рубл муқаррар шудааст.
Гаронтарин патент дар минтақаи Краснодар— 27 ҳазор рубл хоҳад буд. Баъди ин болотарин нархи патент дар вилоятҳои Тула — 25 ҳазор ва Липетск — қариб 22 ҳазор рубл таъйин шудааст.
Имсол дар пойтахти Русия шаҳри Маскав муҳоҷироне, ки бо патент кор мекунанд бояд ҳар моҳ 10 ҳазор рубл супоранд. Нархи иҷозатномаи кор дар Санкт-Петербург 8 ҳазор, Қазон 8600 ва дар Новосибирск 11 ҳазор рубл таъйин шудааст.
Аксар муҳоҷирони тоҷик дар Русия тариқи патент фаъолият доранд ва пайваста аз нархи баланди он шикоят мекунанд. Бидуни патент дар Русия кор кардан манъ аст ва ҳамасола садҳо муҳоҷир бо ҳамин далел ронда мешаванд.
Толибон: афроди кушташуда дар марзи Тоҷикистон қочоқбар буданд
Ҳукумати Толибон хабар дод, ки ба таҳқиқи кушта шудани чор нафар дар марзи Тоҷикистону Афғонистон сар кардаанд.
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон ба сомонаи маҳаллии “Салом Ватандор” гуфтааст, “мо ин мавзуъро таҳқиқ дорем, вале маълумотҳои аввалия ин аст, ки чанд тан аз қочоқбарони одӣ ҳастанд, ки шояд маводи мухаддирро интиқол медоданд ё ягон чизи дигарро мамнуъро”.
Изҳороти сухангӯи Толибон дар ҳолест, ки Неруҳои марзбонии Тоҷикистон афроди кушташударо “чаҳор террористӣ мусаллаҳ” гуфта буданд. Ҳодиса 18-уми январ дар минтақаи марзии воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рух дод.
Бо ин ҳол Забеҳулло Муҷоҳид гуфтааст, ба Тоҷикистон итминон медиҳанд, ки ҳеч гуруҳ ё фарде иҷозаи анҷоми фаъолияти шубҳанокро аз хоки Афғонистон надорад. Ваъдае, ки пештар ҳам садо дода буд, аммо дар моҳҳои ахир чанд ҳамла аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон анҷом шуд.
Аз ҷумла дар як моҳи ахир бори дуввум аст, ки аз мавридҳои убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон гузориш мешавад. Кумитаи амниятӣ миллии Тоҷикистон моҳи гузашта гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаи се узви як гурӯҳи террористӣ дар марз ва дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ду марзбони тоҷик Исматулло Қурбонов ва Зиреҳбон Наврӯзбеков кушта шуданд.
Зилзила шаҳри Хоруғро такон дод
Рӯзи 19-уми январ заминларзае шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро такон дод.
Ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳо, заминларза соати 11:21 рух дода, марказаш дар ҳудуди Покистон буд.
Манбаъ мегӯяд, қувваи зилзила дар марказаш 6-7 балл ва дар ҳудуди шаҳри Хоруғ 3 баллро ташкил кард. Ин заминларза дар Тоҷикистон хисороте дар пай надоштааст.
Як ҳафта пеш ҳам дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон заминларзае бо қувваи 5,1 балл рух дода буд.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт мешавад.
Шикояти як меҳмон аз рафтори кормандони фурудгоҳи Душанбе
Як афғонтабори муқими Канада мегӯяд, аз сафар ба Душанбе, ки барои ҷалби сайёҳон саъю талош дорад, ба сабаби рафтори кормандони фурудгоҳи шаҳри Душанбе бо хотираи нохуш баргаштааст.
Хайрмуҳаммади Гулмуҳаммад аз Канада бо Радиои Озодӣ тамос гирифт ва гуфт, кормандони бахши амнияти фурудгоҳ аз ришва хостаанд, вале чун пул надошта ва надодааст, чанде аз ҳадяҳои ӯ, аз ҷумла атрҳои махсус барои дохили мошинҳоро гирифтанд.
Дар дафтари матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар се рӯзи гузашта, рафтори кормандони амният бо Хайрмуҳаммад Гулмуҳаммадро санҷидаанд ва 14 ҳадяи ӯро ба як дӯсташ дар Душанбе баргардонанд.
Хайрмуҳаммади Гулмуҳаммад рӯзи 16-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, аввали моҳи декабр ба аёдати аъзои хонаводааш аз Канада ба Душанбе омада буд. Рӯзи 13-уми январ ҳангоми бозгашт ва парвоз аз тариқи Туркия вақти вуруд ва санҷиши ҷомадонаш кормандони амнияти фурудгоҳ аз ӯ пул талаб кардаанд.
Ӯ афзуд: «Ман гуфтам, ки пули нақд надорам, дар корти бонкӣ дорам. Онҳо фишор оварданд, ки агар пул надиҳӣ, намегузарӣ. Вақте ҷомадонамро боз кардам, онҳо 14 дона атр барои хушбуй кардани дохили мошинҳоро гирифтанд. Ман аз бими онки ақиб барнагардонанд, хомӯш гузаштам.”
Радиои Озодӣ барои таҳқиқи иддаоҳои меҳмони Душанбе ба дафтари матбуоти Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе муроҷиат кард.
Аз дафтари матбуоти фурудгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд: "Аз меъёр зиёд баровардани атри моеъи хушбӯйкунанда барои дохили автомашина аст ва ин амал аз ҷониби кормандони Хадамоти амнияти авиатсионӣ дар санад сабт шудааст. Гумрук ҳам иҷозат намедод. Бастаи ин мусофирро рӯзи дигар дӯсти тоҷикаш омада бурд.”
Ба гуфтаи мақомоти фурудгоҳ, иддаои Хайрмуҳаммади Гулмуҳаммад дар бораи тамаъҷӯии кормандон аз ӯ асосе надорад, ӯ дурӯғ гуфтааст, зеро чунин амале сурат нагирифтааст.
Хайрмуҳаммади Гулмуҳаммад, 18 сол пеш ба Тоҷикистон омада ҳамроҳи хонаводааш дар Душанбе зистааст ва ба Канада рафта шаҳрванди онҷо шудааст. Дар гузашта ҳам гузоришҳо дар бораи тамаъҷӯии кормандони фурудгоҳи Душанбе нашр мешуд, вале мақомот мегӯянд, назорат сахт аст ин мавридҳо кам иттифоқ меафтанд.
Дар эътирозҳои Эрон 3300 кас кушта шудааст
Теъдоди кушташудаҳои эътирозҳои ахир дар Эрон ба 3308 нафар расидааст. Дар ин бора Оҷонсии хабарии фаъолони ҳуқуқи башар (HRANA), ки қароргоҳаш дар Амрикост хабар додааст.
Ба қавли манбаъ, 3097 кушташудаҳо эътирозгарон ва 166 каси дигар маъмурони низомӣ буданд.
Оҷонсии хабарии фаъолони ҳуқуқи башар ҳамчунин тасдиқ кардааст, ки 22 нафар аз кушташудаҳо ноболиғон буданд. Тибқи омори ин созмон, дар пайи эътирозҳо зиёда аз 24 ҳазор нафар дастгир шудаанд.
Созмони ҳуқуқи башари Iran Human Rights қароргоҳаш дар Норвегия кушта шудани ҳадди ақал 3428 эътирозгарро тасдиқ кардааст.
Гуруҳҳои дигари фаъолони ҳуқуқи башар шумораи кушташудаҳоро бештар аз ин мегӯянд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, қатъи интернет дар Эрон санҷидани далелҳоро мушкил кардааст.
Оятулло Алии Хоманаӣ, роҳбари Эрон кушта шудани ҳазорон нафарро тасдиқ кардааст.
ИМА ба маҳсулоти чанд кишвари аврупоӣ таърифа ҷорӣ мекунад
Президенти ИМА Доналд Трамп ба молу маҳсулоти кишварҳое, ки ба сиёсатҳои ӯ дар бораи ҷазираи Гренландия мувофиқ нестанд таърифа ё боҷи гумрукӣ ҷорӣ мекунад.
Ба ин тартиб, шуруъ аз 1-уми феврали имсол ИМА аз маҳсулоти воридшуда аз Дания, Норвегия, Шветсия, Фаронса, Олмон, Британияи Кабир ва Финландия 10 дарсад боҷ меситонад.
Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоиаш навишт, "ин боҷ то замоне ситонида мешавад, ки дар бораи хариди комили Гренландия тавофуқ ҳосил нашавад. ИМА беш аз 150 сол аст, ки талош дорад ин корро анҷом диҳад".
Раиси ҷумҳури Амрико дар як моҳи ахир борҳо гуфтааст, ки барои таъмини амнияти миллӣ, Амрико бояд ҷазираи Гренландияро зери назорат гирад. Трамп аз он норозигӣ кард, ки атрофи ҷазираро "киштиҳои Русия ва Чин иҳота кардаанд.
Рӯзи 17-уми январ дар Дания намоишҳо бо пуштибонӣ аз ҳифз шудани мақоми Гренландия баргузор шуд, ки он ҳазорон нафар ширкат карданд.
Гренландия калонтарин ҷазира дар ҷаҳон аст, ки 57 ҳазор аҳолӣ дорад ва он аз ҷониби Дания, як кишвари аврупоӣ идора мешавад.
Заҳролуд шудани аъзои як оила дар Суғд аз хӯриш
Аъзои як оила дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд баъди истеъмоли хӯриши хонагӣ ё "консерва" заҳролуд шудаанд. Ҳодиса 14-уми январ рух додааст.
Ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс", 5 узви ин оила баъди заҳролудшавӣ дар Бемористони марказии ноҳияи Спитамен бистарӣ шудаанд. Пизишкони аҳволи онҳоро вазнини миёна мегӯянд.
Манбаъ мегӯяд, 9 каси дигар, ки аз ин хӯриш хӯрда буданд аз ташхис гузаштанд.
Ҳамчунин аз хонаи ин оила 30 банка хӯришро барои ташхис бурдаанд.
Ин бори аввал нест, ки сокинон баъди хӯрдани "консерва" заҳролуд мешаванд. Соли гузашта танҳо дар вилояти Суғд 14 нафар аз консерва заҳролуд шудааст.
Сарнавишти партовгоҳҳои заҳрогини Тоҷикистон номаълум мемонад
Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ Барномаи нави стратегии идомаи ҳамкориҳо бо се кишвари Осиёи Марказӣ барои безарар кардани партовгоҳҳои уран дар ин кишварҳоро нашр кардааст.
Бар асоси барнома, ки рӯзи 14-уми январ худи оҷонсӣ аз он хабар дод, Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон дар заминаи муҳофизат ва безарар кардани партовгоҳҳои хатарноки моддаҳои атомӣ баҳра хоҳанд бурд. Барномаи ҳамкорӣ барои безиён кардани партовгоҳҳои уран то соли 2030 аст. Бар тибқи он Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ба се кишвар дар муҳофизати амни партовҳо, корхонаҳо ва конҳои собиқи истихроҷ ва коркарди уран мадад мерасонад, ки то солҳои 1990 дар аҳди Иттиҳоди Шӯравии собиқ фаъолият доштанд ва бидуни риояи меъёрҳои бехатарӣ ва безарарсозӣ гузошта шуда буданд.
Ҳилдегард Ванденҳов, намояндаи оҷонсӣ гуфтааст, барномаи нав, ки идомаи ҳамкориҳо аз соли 2017 аст, “ба тақвияти имконоти фаннӣ, молиӣ ва кадрӣ барои мудирияти дарозмуддати маконҳои безараршуда тамаркуз мекунад.” То кунун дар Осиёи Марказӣ аз ҷумла партовгоҳҳои Мингкуш ва Шекафтар дар Қирғизистон, Чоркесар ва Янгиобод дар Узбакистон безарар карда шудаанд, аммо ба гуфтаи оҷонсӣ вазъ дар Тоҷикистон вазъ печида боқӣ мемонад.
Дар партовгоҳи азими моддаҳои радиоактив дар мавзеи Истиқлол дар Суғд кор қисман иҷро шудаанд ва дар партовгоҳи азими дигар бо номи Деҳмой дар шаҳри Бӯстон ҳоло корҳо оғоз наёфтаанд. Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ гуфтааст, ки бидуни сармоягузории иловагӣ аз Бонки Аврупоии Тавсиа ва Рушд анҷоми ин ду тарҳ дар Тоҷикистон зери суол меравад.
Вилояти Суғд аз замони Шӯравӣ ва баҳрабардории Русия аз конҳои урани инҷо, 10 партовгоҳ мерос гирифтааст, ки бар пояи омори расмӣ, дар онҳо 55 миллион тонна моддаҳои радиоактив нуҳуфтаанд. Бе нигоҳубини дуруст ва ё зери хок накардани партовгоҳҳо хатари олуда шудани муҳити зист ва гирифтории мардуми атроф ба бемориҳои хатарнок зиёд боқӣ мемонад.
Писари захмии Рамазон Қодировро барои муолиҷа ба Маскав бурдаанд
Баъд аз нашри хабарҳо дар бораи садамаи сахти мошини писараш раҳбари Ҷумҳурии Чеченистони Русия, Рамазон Қодиров видеоеро бо ҳузури ӯ ва супурдани нишон ба Одам Қодиров дар нашр кард.
Аммо бино ба гузориши вебсайти қафқозии Радиои Озодӣ, таҳқиқи замону дигар иттилооти хоси видео дар канали Қодиров дар Телеграм нишон додааст, ки онро рӯзи 15-уми январ ва як рӯз пештар аз вуқӯи садама бардоштаанд. Созмони мухолифи NIYSO низ гуфтааст, ки аксҳо аз ҷаласаро наздикони Қодиров ҳамон рӯзи 15-уми январ нашр карда буданд.
"Кавказ.Реалии", вебсайти қафқозии Радиои Озодӣ мегӯяд, расонаҳои таҳти назорати мақомоти Чеченистон хабари садамаи сахт ва бистарӣ шудани Адам Қодировро тасдиқ ва рад накардаанд. Бар тибқи иттилои Flightradar24, шабона ҳавопаймои раҳбари Чеченистон ва ҳавопаймои муҷаҳҳаз бо васоили муолиҷаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар Маскав нишастаанд. Гузоришҳое ҳаст, ки Одам Қодиров дар шӯъбаи ҷарроҳии шифохонаи Боткини Маскав бистарӣ шудааст.
Рӯзи 16-уми январ гузориш расид, ки писари раҳбари Чеченистон ба садамаи нақлиётӣ дучор шудааст. Як манбаи "Кавказ.Реалии" гуфтааст, мошине, ки писари 18-солаи Қодиров худаш ронандаи он буд ва бо суръати бисёр баланд ҳаракат мекард, “ҳангоми ҳаракат аз роҳ баромада, ба як девор бархӯрд.” Дар натиҷаи як нафар ба ҳалокат расидааст ва чаҳор каси дигар, бо шумули худи Одам Қодиров захм бардоштаанд.
Пас аз садама Одам Қодировро ба шифохонаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Грозний бурдаанд. Агарчӣ ба "Кавказ.Реалии" хабар додаанд, ки писари раҳбари Чеченистон ба ҳуш омадааст ва "вазъи ӯ боиси нигаронии табибон нест", вале бо вуҷуди ин ӯро ба Маскав мебаранд. Одам Қодирови 18-сола, писари Рамазон Қодиров, дабири Шӯрои амнияти миллии Чеченистон аст ва ҳамчунин раҳбарии Хадамоти амнияти падарашро бар ӯҳда дорад.
Таърифи раиси Дума аз рондани ҳазорон муҳоҷир аз Русия
Раиси Думаи давлатии Русия таъриф кардааст, ки мақомоти интизомӣ фақат дар се моҳи соли гузашта 19 ҳазор хориҷӣ ва бахусус муҳоҷиронро аз қаламрави кишвараш хориҷ кардаанд.
Дафтари матбуоти Думаи давлатӣ рӯзи 16-уми январ аз қавли Вячеслав Володин навиштаст: "Танҳо дар семоҳаи сеюми соли 2025 .. 19 ҳазор шаҳрванди хориҷиро аз Русия ихроҷ ва беш аз 1300 нафарро аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум карданд.” Дар миёни ин мардуми рондашуда бидуни шак, муҳоҷирони кории тоҷик ва шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, зеро Русия мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст, ки баъд аз муддате шаҳрвандии онро ҳам мегиранд. Гузоришҳо дар бораи бозпас фиристодани онҳо ба Тоҷикистон ҳам пайваста садо медиҳанд.
Вячеслав Володин гуфтааст, ки қарор аст, ба зудӣ тарҳи се санаде дар Думаи давлатӣ баррасӣ шавад, ки сахт кардани меъёрҳои муҳоҷирату кор ба Русияро дар назар дорад. Аз ҷумла, кам кардани мӯҳлати муоинаи тиббӣ, ки бояд дар 30 рӯзи аввали омадан ба Русия сурат бигирад, на 90 рӯз, ки ҳоло ҳаст.
Бар асоси ин санад, дар сурати маълум шудани бемории сироятӣ, муассисаҳои тиббӣ бояд фавран ба "Роспотребнадзор" хабар диҳанд, то раванди фавран берун кардани ӯ оғоз шавад. Барои саркашӣ аз муоинаи тиббӣ ҷаримаҳои бузург ва ихроҷ аз Русия пешбинӣ шудааст. Вячеслав Володин ҳамчунин аз кори вакилони мардумии Русия ситоиш кардааст, ки аз соли 2024 то кунун 21 қонун дар бораи муҳоҷиратро баррасӣ ва қабул кардаанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки вакилони мардумии Русия тақрибан ҳар моҳе масъалаи муҳоҷиронро дониста ба миён кашида ва доман мезананд, то таваҷҷуҳи мардуми Русияро аз мушкилоти фаровони иқтисодии дохилӣ, зиндагии сахти мардуми таҳҷоӣ ва ҷанги вайронгари Русия дар Украина ба дигар тараф бикашанд.
Дар Узбекистон ба мансабдорони китобхон мукофотпулӣ медиҳанд
Ба кормандони давлатӣ дар Узбекистон барои мутолиаи китоб мукофотпулӣ дода мешавад. Дар ин бора Вазорати адлияи ин кишвар хабар додааст.
Ин иқдом бо қарори раиси ҷумҳур, Шавқат Мирзиёев гирифта шудааст. Бино ба қарор “дар бораи тадбирҳои рушди фарҳанги китобхонӣ ва ҷалби таваҷҷӯҳи мардум ба китоб", мақомоти Узбекистон ният доранд, ки дар солҳои 2026-2030 шумораи миёнаи китобҳои хондашударо барои ҳар як нафар ба даҳ адад расонанд.
Дар доираи ин барнома дар вазорату идораҳо сабқати китобхонӣ баргузор ва ба ғолиби озмун, ба андозаи як маоши моҳонааш ҷоизапулӣ дода мешавад.
Ҳамчунин бо дастури раиси ҷумҳур то 1 -уми апрел бояд тамоми корхонаҳои давлатӣ соҳиби гӯшаи китоб шаванд ва барои кормандон “соати китобхонӣ” ташкил кунанд.
Дар назар аст барои мактаббачаҳо ва донишҷӯёне ҳам, ки ба рӯйхати 100 китобхони беҳтарин шомил мешаванд, мукофоти пулӣ пешниҳод шавад. Ба донишомӯзон 856 доллар ҷоизапулӣ дода хоҳад шуд.
Президенти Узбекистон ба қонуне имзо гузоштааст, бар асоси он ба маҳбусон ҳам имкон дода мешавад бо хондани китоб аз рӯйхати таҳияшуда, муҳлати ҷазоро кам кунанд. Шахсоне, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд аз ин имтиёз маҳрум хоҳанд буд.
Ба иттилои хабаргузории Kun.uz, бар асоси дастури нав барои мутолиаи ҳар як китобе, ки муҳтавояш ба рушди "арзишҳои дурусти маънавию ахлоқӣ" нигаронида шудааст, мӯҳлати ҷазои зиндониён се рӯз кам карда мешавад.
Марги асроромези Оиша.Заҳролуд шуд ё ӯро куштанд?
Волидони як ҷавонзани фавтида дар ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ иддао доранд, ки духтарашон бар асари шиканҷа дар хонаи шавҳар фавтидааст. Онҳо дар марги Оиша Каримоваи 23-сола шавҳари ӯро гунаҳкор медонанд, ба қавли онҳо, дар гузашта низ чанд дафъа ба ҳамсараш бадрафторӣ кардааст.
Мадина Салимова, модари Оиша Каримова дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: "Се бор ҳамин хел духтари маро қуртуқҷаф кардагӣ буд. Арӯсаки якмоҳа буд ҳамин хел кард, беморхона бурданд. Як бори дигар дар Федератсияи Русия ҳамин хел кард. Сеюмбора духтарамро кушт."
Волидони Оишаи марҳум мегӯянд, қабл аз дафни духтарашон дар ҷисми ӯ нишонаҳои латукӯб ва шиканҷаро дидаанд. Чанд акс ҳам аз осори шиканҷа дар бадани духтарашон дар даст доранд. Амирҷон Каримов, падари Оиша гуфт: "Дар гарданаш пайи буғӣ кардан ҳаст, аз гулуяш қапида, буғӣ кардааст. Баданаш ҳама сип-сиёҳ, кабуд, кандагӣ. Нишонаҳои қатлаш бисёр аст".
Ба нақли волидон ҷасади Оишаро муоинаи тиббӣ-судӣ кардаанд, аммо бо гузашти даҳ рӯз ҳанӯз хулосаро ба онҳо нишон надодаанд. Танҳо табибон ба онҳо гуфтаанд, ки духтаратон аз дуди движок ё генератор дар ҳаммом фавтидааст: "Вақте ки ба беморхона меоранд, аллакай вайро барвақт ҷонаш баромадагӣ. Табибон гуфтанд, аз дуди движок заҳролуд шуда, мурдааст",- нақл кард, Амирҷон Каримов, падари Оиша.
Вале то ҳол ҳеҷ санади расмие ба хонаводаи марҳум пешниҳод накардаанд, ки марги ӯро аз дуди генератор собит кунад.
Тамосҳои батакрори мо бо бемористон ва мақомоти додситонӣ бепосух монд. Падари ҷавон бо шунидани пурсиш атрофи ин қазия гӯширо хомӯш кард.
Сартабиби Бемористони марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ гуфт, баъдан тамос гиред, вале дигар ба зангҳои мо посух надод. Танҳо яке аз наздикони хонаводаи шавҳари Оиша иддаои аз шиканҷа фавтидани ӯро беасос хонда, гуфт, ҳангоми шустушӯ дар ҳаммом, ки он ҷо генератор кор мекардааст, заҳролуд шуда, фавтидааст.
Бо ин ҳол наздикони Оиша мунтазири хулосаи тиббии додгоҳӣ ҳастанд. Амирҷон Каримов, падари Оиша мегӯяд, ҳоло фақат як хоҳиш дорад: " Ҳамин қотил дар назди қонун бо адолат ҷавоби худашро диҳад. Ҷазо дода шавад."
Оиша ва шавҳараш Давлатёр дар 5 соли зиндагии муштарак соҳиби як писар шудаанд. Шавҳараш ба муҳоҷиратӣ меҳнатӣ рафта, ба қавли модари Оиша чанде пеш аз Русия баргашт ва зиндагияшон миёна доштанд.
Ин бори аввал нест, ки волидон аз марги духтаронашон бар асари шиканҷа дар хонаи домод шикоят мекунанд. Чунин нигарониҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки шиканҷа нисбати занҳо бештар шудааст.
Ба иттилои расмӣ, дар нимаи аввали соли сипаришуда 763 зан аз хушунат шикоят кардаанд, ки аз ҳамин давраи соли 2024 дида, 256 ҳолат бештар аст.
Як пажӯҳиши Барномаи Рушди Созмони Милал дар гузашта нишон додааст, ки 67 дарсад дар Тоҷикистон ба ин боваранд, ки зӯроварӣ ба зан дар оила як кори маъмулист ва мақомот ба таҳқиқи чунин парвандаҳо талоши зиёд надоранд.
Додгоҳ Тимошенкоро бар ивази гаравпулӣ озод кард
Додгоҳе дар Киев қарор кард, ки Юлия Тимошенко, сарвазири собиқи Украина бар ивази пардохти 33 миллион гривен ё тақрибан 760,000 доллар гаравпулӣ дар озодӣ бимонад. Додситон як миллион доллар талаб карда буд.
Тимошенко дар додани ришва ё имтиёз ба вакилони порлумони Украина бар ивази овоздиҳӣ ба тарҳҳои муайяни қонун гумонбар дониста мешавад.
Ҳукми додгоҳ, рӯзи 16-уми январи соли 2026 эълон шуд. Ба иттилои "Маркази мубориза бо ришваситонӣ”, сиёсатмадор бояд баробари иваз кардани суроғаи зист, мақомотро огоҳ кунад ва аз тамос бо аксар вакилони порлумон худдорӣ намояд. Вай ҳамчунин ҳақ надорад Киевро тарк кунад.
Тимошенко гуфта буд, ки суратҳисобҳояшро пеш аз содир шудани қарори додгоҳ бастанд ва имкони пардохти гаравпулиро надорад.
Қабл аз мурофиа Тимошенко, парвандаро фармоишӣ ва “сирф сиёсӣ” хонд. Дар посух ба суоли хабарнигорон, ки оё ба вакилон пул пешниҳод карда буд ё на, вай гуфт, “Ҳаргиз дар ҳаётам чунин гуфтугӯе сурат нагирифтааст.”
Юлия Тимошенко, раҳбари ҳизби мухолифи “Баткившина” ва се карат номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ, ҳама гуна иттиҳоми қонуншиканиро рад карда, ваъда дод, ки бегуноҳии худро исбот хоҳад кард.
Тимошенко соли 2011 дар давраи президентии Виктор Янукович дар берун рафтан аз салоҳиятҳои худ ҳангоми имзои созишномаи газ бо Русия айбдор ва 7 сол зиндонӣ шуд. Ӯ соли 2014, баъди фирори Янукович аз Украина озод шуд. ИМА ва Иттиҳоди Аврупо он замон парвандаи Тимошенкоро "сиёсӣ" номида буданд.
Кавказ.Реалии: Корвони мошинҳои Адам Қодиров дучори садама шуд
Писари Рамазон Қодиров, раҳбари ҷумҳурии Чеченистон дар пайи як садама ба беморхонаи шаҳри Грозний интиқол ёфтаст. Дар ин бора тарҳи Кавказ.Реалии бо истинод ба ду манбаи худ ва саҳфаи мухолифони чечен хабар додааст. Яке аз мусоҳибони ин расона гуфт, роҳ то беморхонае, ки Адам (Одам) Қодировро мебурданд, баста буд.
Бино ба гузориши телеграм- канали мухолифин — NIYSO, корвони мошинҳои Одам Қодиров “бо суръати баланд ҳаракат мекард” ва ба монеае дучор шуд. “Дар натиҷа мошинҳо ба ҳам бархурда, хабарҳо мерасанд, ки осебдидагон кам нестанд”
Аз ин пеш гуфта мешуд, ки Қодиров дар ҳолати вазнин қарор дорад.
Адам (Одам) Қодирови 18-сола, писари Рамзан Қодиров, дабири Шӯрои амнияти Чеченистон аст. Ӯ ҳамчунин раёсати Хадамоти амнияти падарашро бар ӯҳда дорад. Соҳиби унвони Қаҳрамони Ҷумҳурии Чеченистон, ҷоизаи олии ҷумҳурӣ - ордени Қодиров ва ҳадди аққал шаш ордени дигар аст.
Аксари ин ҷоизаҳоро Одам Қодиров баъди он соҳиб шуд, ки дар боздоштгоҳ Никита Журавел, ҷавонеро, ки китоби Қуръонро сӯзонда буд, латтукуб намуд.
Гуфтугӯ