Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешбиниҳо собит шуд. Зеленский раиси ҷумҳури Украина. ВИДЕО


Шумориши раъйи мардум дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Украина, хулосаи назарсанҷиҳоро собит кард. Володимир Зеленский дар интихобот пирӯз шуд ва ба ҳукуматдории Петро Порошенко, раиси ҷумҳури феълӣ хотима дод.

Бар асоси шумориши 99 дар сади раъйи мардум дар даври дуввуми интихобот дар рӯзи 21-уми апрел Зеленский бештар аз 73 дар сади овозҳоро ба даст овард. Петро Порошенкои 53-сола ва миллиардери украинӣ дар муқоиса ба ӯ бисёр кам ва фақат 24 дар сади раъйи мардумро соҳиб шудааст. Дар интихобот 62 дар сади афроди бархурдор аз ҳаққи раъй ширкат кардаанд.

Георгий Тсеретели, раҳбари гуруҳи нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, рӯзи 22-уми апрел гуфт, “интихобот рақобатӣ буд ва бо риояти озодиҳои бунёдӣ сурат гирифт.” Ӯ зимни муаррифии гузориши муқаддамотии нозирон дар бораи интихобот гуфт, “айни замон корзори манфии номзадҳо тасмимгирии огоҳонаи мардум дар интихоботро мушкил кард.

Ӯ ҳамчунин шаффоф будани ҷараёни интихоботро тавсиф кард ва Петро Порошенкоро барои эътирофи шикаст ва пазируфтани пирӯзии рақибат сутуд. Вай гуфт: Интиқоли демократӣ ва боназми қудтар як дастовари азим барои мардуми Украина аст”.

Дар ҷараёни корзори тарғиботӣ Володимир Зеленский бо ишора ба пиндори умумӣ дар Украина, ки сиёсат ва ҷомеа олуда ба фасоду хешутаборбозӣ аст, мегуфт, “як марди оддиест, ки омадааст, то ин низомро вайрон кунад.”

Петро Порошенко гуфт, дар сиёсат мемонад
Петро Порошенко гуфт, дар сиёсат мемонад

Петро Порошенко, ки баъди нашри натиҷаҳои назарсанҷии пас аз интихобот шикасташро эътироф кард, худро номзаде нишон медод, ки метавонад дар муқобили Русия биистад. Ин кишвар аз соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро ба қаламраваш ҳамроҳ кард ва аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина ҳимоят мекунад.

Володомир Зеленский баъди хатми раъйдиҳӣ дар рӯзи 21-уми апрел гуфт: “Мехоҳам ба раиси ҷумҳур Петро Порошенко ташаккур гӯям, ки ҳамин ҳоло маро бо пирӯзиам табрик гуфт.” Ӯ афзуд: “Ман аз ӯ сипосгузорам. Ӯ гуфт, ки ҳамеша омодаи кӯмак ба ман аст. Ӯ пирӯзии ман ва гуруҳи маро эътироф кард.”

Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо ва Жан Клод Янкер, раиси Кумиссиёни Аврупо рӯзи 22-уми апрел бо ирсоли як номаи муштарак Зеленскийро табрик гуфтанд ва Украинаро “барои пойбандии қавӣ ба демократия ва волоияти қонун” ситоиш карданд.

Дар нома омадааст: “Ин як дастоварди бузурге дар муҳити печидаи сиёсӣ, иқтисод ва амниятӣ ва дар муқобили чолишҳои мудавом дар баробари тамомияти арзии Украина аст.” Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо гуфтаанд, ки Украина метавонад, барои идомаи ислоҳот ба ҳимояти қавии иттиҳодия такя кунад.

Назарҳо аз Тоҷикистон ба пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, Эманнуэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, Ҷеремӣ Ҳант, вазири умури хориҷии Бритониё, Зеленскийро бо пирӯзиаш дар интихобот табрик гуфтаанд. Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО низ уро дар Твиттер табрик гуфта ва Украинаро “шарики арзишманди НАТО” номидааст.

Дар Амрико, Кохи Сафед бо нашри як баёния гуфт, раиси ҷумҳур Доналд Трамп, бо Зеленский телефонӣ суҳбат карда ва табрик гуфтааст. Дар байния омадааст, “раиси ҷумҳур ба аҳди собити Амрико барои ҳимоят аз истиқлол ва тамомияти арзӣ бар асоси марзҳои эътирофшудаи байналмилалии Украина таъкид кардааст. “

Дмитрий Медведе гуфтааст, имкони беҳтар шудани робитаҳоро мебинад.
Дмитрий Медведе гуфтааст, имкони беҳтар шудани робитаҳоро мебинад.

Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, дар Фейсбук навишт, интихобот нишон дод, ки “барои ҳалли мушкилоти Украина роҳҳои нав зарур аст” ва афзуд, ки “имконот барои беҳтар шудани робитаҳо байни Русия ва Украинаро” мебинад.

Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳур Владимир Путин, рӯзи 22-уми апрел гуфт, ҳанӯз зуд аст, гуфтан, ки Маскав тавонад бо Зеленский ҳамкории босамар дошта бошад. Баъди анҷоми раъйдиҳӣ, Володимир Зеленский гуфт, ӯ ният дорад, ба сиёсати Украина “афроди нав” биёрад ва афзуд, дар сурати зарурат ба маслиҳат ба Порошенко муроҷиат мекунад.

Зеленский ҳамчунин гуфт, ки раҳо кардани тамоми асирони украинӣ ва аз сар гирифтани ҷараёни “Минск” барои ҳалли муноқиша дар шарқи Украина аз афзалияти кораш ҳамчун раиси ҷумҳур хоҳад буд.

Бо вуҷуди онки Петро Порошенко аз мардуми Украина хост, як имкони дигаре ба ӯ барои ҳукуматдорӣ бидиҳанд, вале муроҷиаташ шунида нашуд. Ӯ зимни суханронӣ ва ҳангоми эътирофи шикасташ гуфт, дар сиёсат мемонад. Ӯ гуфт, “ҳамаи талошро мекунад, ки Украина хати маши худро нигаҳ дорад”.

Владимир Зеленский, ки асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарғибот мебурд ва аз мубоҳисаҳои сиёсӣ парҳез мекард, ба сабаби иқтисоди заиф, фасоди густурда ва ҷанги 5-сола дар шарқи Украина ҳаводорони зиёде ба даст овард.

Шарҳҳоро бинед (11)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG