Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ширкати "Умед 88" то ду моҳ дар ҳабс мемонад


Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати “Умед 88”, яке аз ширкатҳои таъминкунандаи маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми барнагардондани 170 миллион сомонӣ пули нирӯгоҳи Роғун боздошт шуда буд, то ду моҳ дар ҳабс хоҳад монд. Қарори ҳабси пешакии Одинаевро Додгоҳи шаҳри Душанбе содир кардааст.

  • Набиҷон Мирзоев, сармуҳосиби ширкати “Умед 88” ва се масъули нуқтаҳои сӯзишвории ин ширкат низ боздошт шудаанд.
Ширкати “Умед-88”-ро соли 1996 соҳибкор Раҷабалӣ Одинаев таъсис додааст. Ин ширкат маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъро аз Қазоқистону Русия ва Туркманистон ворид мекунад.

Вакили дифои раиси ширкати “Умед 88” Хусрав Аюбӣ рӯзи 4-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин муддат тафтиши парвандаи нафари таҳти ҳимояташ бояд ба анҷом бирасад. “Ин ду моҳ бар асоси қонун ҳаст. Ин муддатест, ки бояд парванда таҳқиқ ва ниҳоӣ шавад. Дар сурати дар ин давра ба анҷом нарасидани тафтишот, муҳлати ҳабси зерҳимояам дароз карда хоҳад шуд”, - афзуд ӯ.

Раҳбари ширкати “Умед 88” дар тасарруфи пулу мол, ғайриқонунӣ гирифтани қарз ва сӯистифода аз ваколат муттаҳам дониста мешавад. Яке аз наздикони “Умед 88” гуфт, ки Раҷабалӣ Одинаев таҳти бозпурсии мақомот аст ва дар муддати беш аз бист рӯзи боздошт натавонистаанд бо ӯ дидор кунанд.

Танҳо ҳафтаи гузашта Раҷабалӣ Одинаев дар як нома аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат ӯро раҳо кунанд. Одинаев ваъда додааст, дар мӯҳлати кӯтоҳ қарзи нерӯгоҳи Роғунро, ки сабаби боздошти ӯ шуд, бармегардонад.

Оҷонсии зиддифасод: Вазорати молия ва "Умед-88" аз ҶДМ "Роғун" қарз гирифтаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

Боздошти раҳбарони ширкати "Умед 88" яке аз ширкатҳои бузурги таъминкунандаи маводи сӯхт дар Тоҷикистон баъди он сурат гирифт, ки рӯзи 14-уми октябр раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молияро танқид кард, ба “Умед 88” 170 миллион сомонӣ қарз дода, ин маблағҳоро баргардонида натавонист.

Баъд аз ин, мақомоти Оҷонсии зиддифасод гуфтанд, ки алайҳи раҳбарони ширкат бо иттиҳоми тасарруфи пулу мол, ғайриқонунӣ гирифтани қарз ва сӯистифода аз ваколат парванда боз кардаанд.

Коршиносон мегӯянд, ки ширкати “Умед 88” қурбони бозиҳои носолими рақибонаш шуд ва бо эҳтимоли зиёд роҳбаронашро тақдири дигар соҳибкорони зиндонӣ интизор аст. Боздошти раҳбарони ширкати “Умед 88”-ро гурӯҳе кори дасти рақибони онҳо дар бозори нафти Тоҷикистон медонанд.

Tajikistan -- Anticorruption Agency of Tajikistan, 26Apr2017
Tajikistan -- Anticorruption Agency of Tajikistan, 26Apr2017

Ширкати “Умед-88”-ро дар соли 1996 соҳибкор Раҷабалӣ Одинаев таъсис додааст. Ин ширкат маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъро аз Қазоқистону Русия ва Туркманистон ворид мекунад. Ҳамчунин, беш аз 70 нуқтаи фурӯши маҳсулоти нафтиву газии ширкати “Умед-88” дар саросари Тоҷикистон фаъол аст. “Умед-88” яке аз сертаблиғтарин ширкатҳои нафтрасони Тоҷикистон унвон мешавад. Ин ширкат барномаҳои бузурги фарҳангиву варзишӣ ва бахусус ҳунармандони маъруфи кишварро сармоягузорӣ мекард.

XS
SM
MD
LG